Пайвандҳои дастрасӣ

Р.Зоиров: «Пулис баъди ҳамлаи дубораи занон комилан хомӯш шуд»


Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси ҲСДТ мегӯяд, ки бо гузашти як ҳафта аз ҳамлаи дувуми занон ба дафтари ҳизби ӯ, пулис дар нисбати ҳамлаварон чорае наандешидааст.

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал демократии Тоҷикистон бо нигаронӣ ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки инак аз ҳамлаи дубораи занон ба қароргоҳи ҳизб як ҳафта мегузарад, вале сарфи назар аз муроҷиати онҳо, Раёсати ҷустуҷӯи ҷиноӣ хомӯширо пеша кардааст.

Ҷаноби Зоиров афзуд, «барои мо маълум шуд, ки рӯзе занон дубора ба қароргоҳи мо ҳамла карданд, мӯҳтарам Назаров, муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноии пойтахт занонро ба идораи корхонаи коммуналии манзилии рақами 13 шаҳр даъват карда, сӯҳбат намуда, баъдан ҷавобашон додааст.»

Ба гуфтаи раҳбари сотсиал-демократҳои тоҷик, ҳамон лаҳзае, ки занон ба қароргоҳи ҲСДТ омаданд, кадоме ба сардори Раёсати ҷустуҷӯи ҷиноии шаҳр Шарифхонов занг зада хабар медиҳад, сипас вай муовини худро ба ноҳияи Сино мефиристонад, ки вазъият бубинад.

Дар робита ба ин масъала ҳам Раёсати ҷустуҷӯи ҷиноӣ ва ҳам Раёсати корҳои дохилии пойтахт аз изҳори назар худдорӣ намуданд ва баён доштанд, ки таҳқиқи ҳодисаи мазкур ҳанӯз анҷом наёфтааст.

Аммо Раҳматулло Зоиров меафзод: «Инак бори дуввум аст, ки «занони исёнгар» ба қароргоҳи мо меоянд, вале ҳам шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино ва ҳам Сарраёсати корҳои дохилии пойтахт аҳамият намедиҳанд. Дар ҳоле, ки ман супориши вазир Рамазон Раҳимовро хондам, ки ба РКД шаҳр расман дастур додааст.»

Як гурӯҳ занон субҳи рӯзи шанбеи 1-уми феврал ба дафтари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ҳамла бурдаанд. Аммо дари толори ҷаласаро баста дарёфтанд. Ин ҳамлаи дувуми ин гурӯҳи занон ба дафтари ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) дар ду моҳи ахир мебошад.

Аз ин қабл, дар таърихи 10-уми декабри соли гузашта қарор буд, нишасти матбуотии Раҳматулло Зоиров, раҳбари ҲСДТ бо занони фаъол дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук доир шавад, аммо ин мулоқот оғоз нашуда, як гурӯҳи занон вориди толор шуданд ва бо нидоҳои "мо дигар ҷанг намехоҳем, чун дар ҷанг шавҳару фарзандони худро аз даст додаем!" шиор сар доданд. Ин гурӯҳ Раҳматулло Зоировро ба бадгӯйиҳои зидди ҳукумати Тоҷикистон айбдор карданд.

Ба дунболи ин ҳодиса Раҳматулло Зоиров бо ирсола як нома ба унвони вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов, хоҳиш карда буд, ки нишонаи занони «исёнгар»-ро пайдо кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG