Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се ҳамла дар се моҳ. Ҳамлаи навбатӣ ба дафтари ҲСДТ


Як гурӯҳи иборат аз 10-12 нафар қабл аз зӯҳри шанбеи 1-уми талош карданд, ки монеи баргузории як нишаст ба муносибати 120-солагии ҳунарманди овозадор Акашариф Ҷӯраев дар қароргоҳи Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон шаванд.
Хабарнигори "Озодӣ" мегӯяд, ки гурӯҳе аз мардон ба дафтари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ҳуҷум оварда ва талош карданд, ки ин нишастро барҳам зананд. Манбаъ мегӯяд, онҳо шиор сар медоданд, ки воқеаҳои Украина ва такрори ҳодисаҳои солҳои 92-93 дар Тоҷикистонро намехоҳанд ва набояд Ҳизби сотсиал-демократ нишастҳо доир кунад. Чанд нафар аз ин афрод шиор сар медоданд ва бархе онҳоро аксбардорӣ менамуданд. Хабарнигори "Озодӣ" мегӯяд, ки ба дунболи тарки дафтари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон кардани он афрод, маъмурони пулис ҳозир шуданд ва аз Раҳматилло Зоиров, раиси ҳизб роҷеъ ба афроди ҳамлакунанда ва сабаби омадани онҳо маълумот хостанд. Манбаъ мегӯяд, ки ин маҳфил сирф як маҳфили фарҳангӣ ба муносибати 120--солагии ҳунарманди тоҷик Акашариф Ҷӯраев буд ва дар он Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, Мирҳусайн Назриев, раиси ҷиноҳи сабтиномнашудаи ҲСТ, фарзанди Акашариф Ҷӯраев ва дигарон ширкат доштанд.

Ин барои бори аввал нест, ки дафтари ҲСДТ мавриди ҳамлаи ин афрод қарор мегирад. Дақиқан як моҳ қабл, як гурӯҳ занон субҳи рӯзи шанбеи 1-уми феврал ба дафтари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ҳамла бурда буданд. Аммо дари толори ҷаласаро баста дарёфтанд. Аз ин қабл, дар таърихи 10-уми декабри соли гузашта қарор буд, нишасти матбуотии Раҳматулло Зоиров, раҳбари ҲСДТ бо занони фаъол дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук доир шавад, аммо ин мулоқот оғоз нашуда, як гурӯҳи занон вориди толор шуданд ва бо нидоҳои "мо дигар ҷанг намехоҳем, чун дар ҷанг шавҳару фарзандони худро аз даст додаем!" шиор сар доданд. Ин гурӯҳ Раҳматулло Зоировро ба бадгӯйиҳои зидди ҳукумати Тоҷикистон айбдор мекарданд.
XS
SM
MD
LG