Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Р. Зоиров мегӯяд, ба додгоҳ кашидани ӯ тарҳи махсус аст


Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) мегӯяд, ки аризаи шикоятии наздикони маҳбуси зиндони пойтахт Маҳмадраҳим Саидов бо талаби 11 500 сомонӣ товон як тарҳи махсуси бадномсозии шахси ӯ мебошад. Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ рӯзи 27-уми феврал ба радиои Озодӣ гуфт, ки тасмими наздикони маҳбус Маҳмадраҳим Саидов дар мавриди ба додгоҳ кашидани ӯ як амали тарҳрезишудаи мақомот барои бадномсозии шахси вай мебошад.

Ин дар ҳолест, ки Мавлудхон Салихов, вакили мудофеъи наздикони маҳбус Маҳмадраҳим Саидов гуфт, ки аризаи шикоятии алайҳи Раҳматулло Зоиров дар мавриди хабари бардурӯғи марги Маҳмадраҳим дар зиндонро имрӯз ба додгоҳи ноҳияи Сино ирсол хоҳанд кард ва талаб доранд, ки барои расонидани зарари маънавӣ аз Зоиров 11 500 сомонӣ рӯёнанд.

Зоиров аммо мегӯяд, пас аз пахши хабари марги Маҳмадраҳим раёсати ислоҳии маҳбасҳои вазорати адлия зуд хабарнигоронро даъват намуда, аз беасос будани марги маҳбус хабар дод ва бо наздикони ӯ суолу ҷавоб баргузор кард. Ба қавли Зоиров, дар бораи марги маҳбус панҷ манбаъ, аз ҷумла яке аз кормандони собити раёсати ислоҳии маҳбасҳо занг зада гуфт, ки Маҳмадраҳим Саидов дар ШИЗО мурдааст. Вале ин манбаи ахир гуфтааст, хабарро аз номи вай фош накунанд, зеро ӯро аз кор меронанд.

Зоиров меафзояд, «ман далелҳои қатъӣ дар даст дорам ва агар ба додгоҳ даъват шавам, ҳамаро тибқи қонунгузориҳои Тоҷикистон шарҳ хоҳам дод.»

Ба назари Зоиров, сенарияи бадномсозии вай аз дохили раёсати ислоҳии маҳбасҳо дар ҳамон рӯзи пахши хабари маҳбус тарҳрезӣ шудааст.

Аммо намояндаи раёсати ислоҳии маҳбасҳо ин идаои Раҳматулло Зоировро бесос мешуморад ва мегӯяд, ки воқеан пахши хабари марги Маҳмадраҳим Саидов бардурӯғ буд ва модари ӯ бо шунидани ин хабар аз расонаҳо бемор шудааст.

Раёсати маҳбасҳои вазорати адлия мегӯяд, барои исбот кардани дурӯғ будани ин хабар наздикони ӯро бо худи Маҳмадраҳим Саидов рӯбарӯ кардаанд. Аммо тарафдорони Зоиров мегӯянд, чӣ мушкил дошт, агар худи Саидовро бо хабарнигорон рӯбарӯ мекарданд.
XS
SM
MD
LG