Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия дар ин ҳафта се мардикорони тоҷикро аз ғуломӣ дар вилояти Маскав озод кардааст. Яке аз ин мардикорон дар видео мегӯяд, ки корфармо ба пои ӯ аз туфанги травматикӣ тир зада, таҳдиди куштанашро кардааст.

Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия видеои се нафареро нашр кард, ки бо талошҳои ин ҷунбиш ахиран аз ғуломӣ дар вилояти Маскав озод карда шудаанд. Дар сомонаи ин ҷунбиш - http://tajmigrant.com/vosstavshij-rab-esli-i-umiraet-to-umiraet-svobodnym.html - исми ин се нафар ҳам нашр шудааст:

Маҳмудҷон Маҳмадалиевич Сангов, соли таваллудаш 1988, зодаи рустои Булбулчашмаи ноҳияи Ҳисор, соҳиби 3 фарзанд

Зикрилло Қудратович Собиров, соли таваллудаш 1984, низ аз ноҳияи Ҳисор, соҳиби 1 фарзанд

Хуршед Турсунмуродович Саидов, соли таваллудаш 1984, соҳиби 3 фарзанд.

Каромат Шарифов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия рӯзи 20 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, як корфармо се зодаи ноҳияи Ҳисорро дар рустои Болшое Бунковҳои ноҳияи Ногинои вилояти Маскав барои сохтани қасраш киро карда, 22 рӯз дар ғуломӣ нигоҳ доштааст. Ба гуфтаи оқои Шарифов, ин корфармо бо номи Володя ё Вова шиносномаҳои ин се мардикори тоҷикро гирифта, онҳоро иҷозат намедод, ки ҳаттоаз ҳавлии ӯ берун раванд. Болои ин, вақте ин Володя ё Вова аз додани ҳаққи кори мардикорон сар мепечаду онҳо фирор мекунанд, ҳарсеро тавассути нафари миёнарав бо номи Рӯҳуллоҳ, ки низ аз Тоҷикистон будааст, пайдо карда, бармегардонанд ва соҳиби хона баъди латукӯби зиёд аз туфанги травматикӣ ба зонуи Маҳмудҷон Сангов тир зада, таҳдид мекунад, ки то поёни сохтмон бепул кор кунанд, вагарна ҳамаашро хоҳад кушт.

Намояндагони Ҷунбиши муҳоҷирон барои озод кардани ин муҳоҷирони тоҷик як ҳайати эҷодии шабакаи телевизионии “ТВ-Сентр”-ро низ бо худ бурдаанд. Ин шабака, ба гуфтаи Каромат Шарифов, дар садади таҳияи филми мустанаде дар бораи ғуломдорҳои муосир дар Русия аст.

Худи Маҳмудҷон, вақте намояндагони Ҷунбиши Каромат Шарифов ҳамроҳ бо видеокамера ба суроғи онҳо омаданд, гирён-гирён асир уфтоданаш ба дасти Вова ё Володяро, ки гуфтаи ӯ, аз бандитҳои маҳаллист, дар камера қисса кард. Ӯ мегӯяд, вақте соҳиби хона пулашонро надод, онҳо шиносномаҳои худро дуздида, фирор карданд, вале онҳоро бо кӯмаки Рӯҳуллоҳи миёнарав, ки ҳамшаҳрии худи онҳост, баргардонда, қариб куштанд: “Ман гуфтам ба Рӯҳуллоҳ, ки наравем, ки моро мекушанд. Не, гуфту бурду супорид моро. Володя гуфт, 250 соли дигар бепул барои ман кор мекунед. Нафақат пуламон надод, балки қарздорамон ҳам кард.”

Худи Володя, ки баъди омадани ин гурӯҳ бо даъвати прораби сохтмонаш омад, ҳар навъ латукӯб тир андохтанаш ба сӯи мардикорон ва дар ғуломӣ қарор доштани онҳоро рад мекунад, вале вақте аз ӯ шиносномаҳои ин мардикорон мехоҳанд, то онҳоро бубаранд, бо қатъият мегӯяд ки: “Ман паспортҳояшонро намедиҳам.”

Каромат Шарифов бо 3 мардикори аз ғуломӣ озодшуда

Каромат Шарифов бо 3 мардикори аз ғуломӣ озодшуда

Каромат Шарифов мегӯяд, ҳоло ин мардикорон дар бораи дар ғуломӣ қарор доштанашон расман ба пулис ва додситонии Русия шикоят навиштаанд. Ӯ мегӯяд, бархе корҳои аснодиаш боқӣ мондааст, ки дар қиболи ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шавад: “Маҳмудҷон Сангов, ки тир хӯрду сахт лату кӯб ҳам шуда буд, имшаб ба Ватан бармегардад. Вале мо ин корро то охир хоҳем бурд ва ин Вова ё Володяро ҳатман ба зиндон хоҳем шинонд.”

Ҳамин тавр, баъди дахолати онҳо, Рӯҳуллоҳи миёнарав миқдоре аз ҳаққи кори ин се мардикорро рӯёндааст ва аз ҷумла барои Маҳмудҷон Сангов билети роҳ харидааст.

Бино ба оморҳо, беш аз 1 миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон ҳарсол дар ҷустуҷӯи кор ба Русия меравад. Каромат Шарифов мегӯяд, Маҳмудҷон Сангов, Зикрилло Собиров ва Хуршед Саидов танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд, ки дар Русия ба ғуломӣ афтодаанд: “Даҳҳову садҳо нафаранд, ки чунин гирифтор мешаванд. Бархе моҳҳо ва бархе ҳатто солҳо бепул дар ивази як қути лоямут барои корфармо ё “Хозяин” кор мекунанд дар инҷо. Дар байни онҳо занон ҳам ҳастанд, пирамардон ҳам. Ин як бадбахтии миллати мо шудааст.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG