Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти қатли 2 зани тоҷикистонӣ дар Санкт-Петербург


Шаҳри Санкт-Петербург.
Шаҳри Санкт-Петербург.

Ҳафтаи сипаришуда ҳодисаи қатли ду зани тоҷикистонӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз сӯи ҳамватанонашон, дар сархати расонаҳо қарор гирифт.

Кумитаи тафтишоти Русия рӯзи 14 июл гуфт, ки Охунҷон Носирови 22 сола ва Акмал Носирови 30 сола барои куштори ду зани тоҷикистонӣ гумонбар дониста мешаванд. То ҳол номи занҳо ошкор нашудааст ва ҳамсояҳо низ номи онҳоро намедонанд ва ё намехоҳанд ошкор кунанд. Аммо дар мурофиаи муқаддамотии додгоҳӣ Охунҷон эътироф кард, ки куштори ин ду занро худаш танҳо анҷом додааст. Охун ва Акмал ҳар ду муҳоҷири корӣ будаанд ва бо хонаводаашон дар Санкт-Петербург зиндагӣ мекунанд.

Пулис гуфтааст, ки ҷасади ду зан 12 июл дар чаҳорбоғи ноҳияи Приморскийи шаҳри Санкт-Петербург пайдо шудааст. Ба гуфтаи бозрасон, ин занонро 11 июл ба қатл расондаанд. Ва як рӯз баъд дар робита бо ин куштор Охун ва Акмал боздошт шудаанд. Дар мусоҳибае бо Назари Мирзода-консули ифтихории Тоҷикистон дар Санкт-Петербург дар бораи ин куштор ҷузъиёти бештар пурсидам:

Мирзода: Мурофиаи ибтидоии додгоҳие, ки мо дар он дар ноҳияи Приморскийи Санкт-Петербург ширкат кардем, парвандаи ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон амакбачаҳо Охунҷон ва Акмалҷон Носировҳоро баррасӣ карданд. Акмал мегӯяд, ки тақрибан як сол дар ин ҷо зиндагӣ мекунад ва кораш дар сохтмон аст. Вале Охунҷон дар ин ҷо аз солҳои пеш зиндагӣ мекунад. Онҳо дар хиёбони Первомайск дар хонаи 45 зиндагӣ мекунанд. Дар яке аз ҳуҷраҳои ин хона се-чаҳор моҳ пеш ду зан омадаанд ва зиндагӣ мекардаанд. Маълум нест, ки онҳо аз Тоҷикистон омадаанд ва ё аз ягон қисмати ҳамин Санкт-Петербург. Ба гуфтаи Охун ва Акмал, ин ду зан ҳангоми зиндагӣ дар ин ҳуҷра бо корҳои дигари ғайриахлоқӣ низ

Назари Мирзода
Назари Мирзода

машғул будаанд. Ғайр аз ин бо дуздбачаҳо ҳам ҳамроҳ мешудаанд ва дуздӣ ҳам мекардаанд. Пеш аз куштор 10 нафар бачаҳо омадаанд ва Нӯъмон Пулодов-писарамаки Охун ва Акмалро лату кӯб кардаанд. Ин даҳ нафар тоҷикон будаанд. Онҳо Нӯъмонро аз хона ба ҳавлӣ даъват карда, барои ҳамон духтарҳо вайро задаанд ва гурехтаанд. Нӯъмон гӯё духтаронро насиҳат кардааст, ки дигар ба ин гуна корҳо машғул нашавед, шумо аз куҷо омадед ва чаро ин короҳоро мекунед...? Духтарон барои ин насиҳат аз вай қасос гирифтаанд. Ман дар мурофиаи пешакӣ аз Охун пурсидам, ки духтарон аз қадом қисмати Тоҷикистон омадаанд? Вай гуфт, ки ё аз Конибодом ё аз Исфара омадаанд. Охун ҷавон аст, соли таваллудаш 1992. Дар ҳақиқат вай гуфт, ки ин корро ба дасти худаш кардааст. Гуфт, ки ин духтаронро ба мошин савор карда, ба ҷангал бурда бӯғӣ карда куштааст.

Суол: Вай ин изҳоротро дар мурофиаи додгоҳӣ баён дошт?

Мирзода: Бале, бале. Вақте ки вайро оварданд, ман бо як ҳамоҳангсози ҷамъияти тоҷикон дар он ҷо будем. Ҳар дуи Носировҳо ба забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ хуб сӯҳбат мекунанд. Онҳо гуфтанд, ки ба бемористон рафтаанд ва писари амаки худ Нӯъмонро дар ҳоли баде дидаанд. Баъд ба хона баргаштаанд. Дигарон ба хона рафтаанд. Соат шаш будааст. Акмал гуфт, ки дар куштор иштирок накардааст. Вале Охунҷон гуфт, ки онҳо 4 нафар аз шифохона баргаштаанд, дигарон ба хона рафтаанд ва вай сари қаҳр ба назди духтарҳо рафтааст. Худаш ронандаи таксӣ будааст. Ба гуфтаи худаш, духтаронро ба таксӣ шинонда ба ҷангале бурдааст, ки дар канори шаҳр аст. Мегӯяд, ки дастҳояшонро баста, ба сарашон килёнка кашидааст ва бо скоч печонда онҳоро бӯғӣ кардааст. Аксҳояшон ҳам дар ҳамин ҳолат ҳаст. Пулис ин аксҳоро бардоштааст ва дар мурофиа нишон доданд.

Суол: Оё шахсияти ин духтарҳо ё занҳо маълум шудааст?

Мирзоода: Дар ҳоли ҳозир маълум нашудааст. Дар мурофиаи додгоҳӣ низ аз онҳо ҳуҷҷате набуд. Мо ҳам ба ҷои зисти онҳо ду намояндаи консулгариро фиристодем. Вале дар хонаашон ҳуҷҷате пайдо нашуд.

Суол: Ҳамсояҳои ин занон ҳам дар бораи онҳо маълумот надоданд?

Мирзода: Не маълумот надоданд. Шояд медонистанд, вале нагуфтанд.

Суол: Оё баъд аз пахши хабар хешовандони онҳо аз Тоҷикистон онҳоро ҷустуҷӯ накардаанд? Касе наомадааст?

Мирзода: Ҳоло касе аз хешовандонашон пурсуҷӯ накардааст. Мо аз сокинони ҳамон хона ҳам пурсидем, онҳо намедонанд ва мегӯянд, ки духтарон гӯё аз дигар ҷои шаҳр ба ин ҷо кӯчида омадаанд ё шояд аз Тоҷикистон омада буданд. Ба гуфтаи ҳамсояҳо, дар он ҷо ин духтарон ягон хешу табор надоштаанд. Шояд касе онҳоро мешинохт. Бояд ҳамин хел одамонро пайдо кард.

Суол: Расидагӣ ба парвандаи зидди ин ду амакбачча, яъне Охун ва Акмал ба куҷо расидааст? Оё Акмалро раҳо мекунанд, чун Охун гуфтааст, ки Акмал дар куштор ширкат надоштааст?

Мирзода: Расидагӣ ба парванда идома дорад. Воқеан ҳам Акмал гуфт, ки дар куштор ширкат накардааст. Вале муфаттиши парванда ба ин гуфтаҳо бовар надорад ва мегӯяд, ки дар ин куштор ҳадди ақал чаҳор нафар ширкат кардаанд. Охуну Акмал бачаҳои лоғаранд, аз дасташон ин кор намеояд. Шояд Акмал ҳам ҳоло баъди додгоҳи пешакӣ гуноҳро ба гардан гирифта бошад. Лекин муфаттишон бо назардошти тарзи куштор мегӯянд, ки мумкин аст ин кори дасти дигарон бошад. Барои қасди писари амакашон шояд Охун ин корро худаш танҳо ба гардан гирифтааст.

XS
SM
MD
LG