Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Муҳоҷирони ғулом" ихроҷ мешаванд; ғуломдорон - озод


Бақия Қосимова (чап) ва Лайло Оширова (рост)
Бақия Қосимова (чап) ва Лайло Оширова (рост)

Додситонӣ таҳқиқи айбномаи ғуломсозии ду зан аз Осиёи Марказӣ дар яке аз фурӯшгоҳҳои Маскавро қатъ намудааст.

Идораи муҳоҷирати Русия таҳдид кардааст, ки ин ду зан аз Осиёи Марказиро бо ҷурми надоштани иҷозати истиқомату кор дар хоки Русия ба ватанашон истирдод хоҳад кард. Аммо ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, мақомот саъй доранд, ин қазияро беаҳамият нишон дода, ғуломдории саросарӣ дар қаламрави Русияро аз маркази таваҷҷӯҳ дур кунанд.

Лайло Оширова ва Бақия Қосимова мегӯянд, вақте ҳомиёни ҳуқуқи башар онҳоро аз асорат дар яке аз фурӯшгоҳҳои Маскав раҳо намуда, афсарони Кумитаи тафтишот таҳқиқи қазияи ғуломдориро оғоз карданд, онҳо умед доштанд, ки тамоми мушкилиҳояшон пушти сар мешаванд. Вақте Вазорати умури хориҷии Қазоқистон аз дарёфти “доимии” маълумот дар бораи ғуломии шаҳрвандони Қазоқистон дар Маскав изҳорот пахш намуд, қазия миқёси байналмилалӣ ҳам касб кард. Вале рӯзи 9-уми ноябр пулис Оширова ва Қосимоваро бо будубоши ғайриқонунӣ дар Русия муттаҳам карда, 13-уми ноябр идораи додситонии Маскав иброз дошт, ки асосе барои таҳқиқи иддаои ғуломдорӣ вуҷуд надорад ва парванда бояд қатъ гардад. Ҳоло ду хонум бар зидди истирдодашон ба ватан мубориза мебаранд.

Ирина Бирюкова, вакили мудофеи Оширова мегӯяд, ин зани 26-солаи узбактабори сокини Қазоқистон даҳ сол пеш ба Маскав омадааст: "Ҳозир духтарон дар вазъи душвор қарор доранд. Қазияи ҷиноӣ баста шуд. Ин маънои онро дорад, ки онҳо дар Русия ғайриқонунӣ ба сар мебаранд. Мақомот мехоҳанд, онҳоро ихроҷ кунанд. Мо кӯшиш дорем, ки ин ҳодиса рӯй надиҳад."

Рӯзи 30-юми октябр ҳомиёни ҳуқуқи башар ва рӯзноманингорон аз таҳхонаи фурӯшгоҳи кӯчаи Новосибирски Маскав, ки ба ду шаҳрванди қазоқтабори Русия Сакен Муждибоев ва Ҷонсулу Истанбекова тааллуқ дорад, Ошироваву Қосимова ва 10 шаҳрванди дигари Узбакистону Қазоқистонро аз ғуломӣ раҳо карданд. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Оширова гуфт, ғуломии ӯ даҳ сол идома дошт ва дар ин муддат ӯ шоҳиди ҳодисаҳои мудҳиш будааст: “Як зан вафот карду ҷасадашро аз ин ҷо бурданд. Зани дигарро падару модараш зӯран ба хона бурданд, зеро муддати тӯлонӣ ӯ ба ватанаш нарафта буд. Як духтари дигар аз он сабаб раҳо шуд, ки пояш гирифтори бемории муолиҷанашаванда гардид. Он зан тахминан 10-15 сол кор карда буд. Ҳатто аз мо ҳам бештар.”

Аммо сухангӯи идораи додситонии Маскав Елена Россохина ба ин ақидаи Оширова бовар надорад. Ӯ мегӯяд, “онҳо мегӯянд, чандин сол ғулом будаанд. Лекин ин занони узбакро касе зӯран нигаҳ надоштааст. Онҳо ба дӯконҳо, ба наздик табибон мерафтанду ба касе шикоят накардаанд, ки дар асорат буданд. Оё чунин ҳол метавонад замина барои боз кардани парвандаи ҷиноӣ шавад? Ин суоли бузург аст.”

Олег Мелников аз созмони дидбони ҳуқуқи башар бо номи “Алтернатива” иддаои додистониро беасос мешуморад. Ба қавли Мелников, воқеан ба занон имкон дода буданд, ки дар шифохона кӯдак ба дунё оранд, вале баъд кӯдаконашонро аз дасти онҳо гирифтанд. Ба қавли номбурда, мақомот қазияи Ошироваву Қосимоваро нодида гирифта, ҳамзамон бо он мушкили бузургтар: ғуломдорӣ дар Русияи асри 21-ро пинҳон мекунанд.

Рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар ба ҷой доштани фасод низ ишора намуда, тахмин мекунанд, ки ҳоло дар ин кишвар то 2 миллион нафар ҳамчун ғулом истифода мешаванд. Мелников ёдовар мешавад, ки соли 2002 хоҳари Ҷонсулу Истанбекова Чолпан ҷо ҷурми ғуломдорӣ дар яке аз фурӯшгоҳҳои канораҳои Маскав зиндонӣ шуда буд, вале баъд президент Путин дар заминаи “башадрӯстона” ӯро афв кард. Хуллас, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ масъалаи депортатисияи Оширова ва Қосимова аз он сабаб рух додааст, ки онҳо таҳқиқи қазияи ғуломдориро талаб карданд. Сарнавишти даҳ нафари боқимондаи ин қазия рӯшан нест.
XS
SM
MD
LG