Пайвандҳои дастрасӣ

Ду ҷуфти 1/8-ниҳоӣ маълум шуд: Бразилия - Чили ва Ҳолланд - Мексика


4 бозии шаби гузашта ду ҷуфти аввали марҳалаи ҳаштякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Бразилияро маълум кард. Дар ин марҳала Бразилия бо Чили ва Ҳолланд бо Мексика рақобат хоҳанд кард.

Бразилия дар даври сеюм бар тими Камерун бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд. Тӯбҳои Бразилияро Неймар (2 дафъа) дар дақиқаҳои 17 ва 35, Фред дар дақиқаи 50 ва Фернандино дар дақиқаи 85 заданд. Як тӯби Камерун моли Матип буд, ки дар дақиқаи 27 вориди дарвозаи мизбони Ҷоми ҷаҳонӣ кард.

Дар бозии дувум дарвозабонҳои Мексика ва Хорватия Очоа ва Плетикоса қаҳрамонӣ нишон доданд ва имкон надоданд, ки тӯб боре ҳам дар 70 дақиқаи аввали бозӣ вориди дарвоза шавад. Аммо баъди ин голборони дарвозаи Хорватия аз сӯи мексикоиҳо оғоз ёфт. Маркес дар дақиқаи 72, Гуардадо дар дақиқаи 75 ва Эрнандес(Чичарито) дар дақиқаи 82 бо 3 гол ҳама орзуҳои футболбозони хорват барои идома сабқат дар Ҷоми ҷаҳониро ба хок яксон карданд. Иван Перишич дар поёни бозӣ як голи ҷавобӣ зад, вале ин гол танҳо шонси Мексика барои гузаштан аз Бразилия дар ҷадвали ниҳоии ин гурӯҳро замин кард ва барои худи Хорватия дигар фоидае надошт.

Мексика, ки низ мисли Бразилия 7 хол ба даст овард, танҳо аз нигоҳи таносуби тӯбҳо дар мақоми дувум монд. Вале ба ҳар сурат роҳхати дувум аз ин гурӯҳ ба даври ҳаштякниҳоиро Мексика соҳиб шуд. Хорватия ва Камерун аммо бо ҳамин ба ширкати худ дар Ҷоми ҷаҳонӣ нуқта гузоштанд. Неймар дар ҳоли ҳозир бо 4 гол дар садри сабқати нишонзанҳои ин мусобиқот қарор гирифтааст.

Дар марҳалаи баъдӣ Бразилия акнун бо Чили ва Мексика бо Ҳолланд қувва хоҳанд озмуд. Аммо ҷадвали ниҳоии гурӯҳи А аз ин қарор шуд:
ГУРӮҲИ «А»БҒМБГолҳоИмтиёз
1. Бразилия32107-27
2. Мексика32104-17
3. Хорватия31016-63
4. Камерун30031-90



Гурӯҳи В: Ҳолланд Чилиро поймол карду Испания - Австралияро

Испания баъди 2 шикасти дардовар ба дарвозаи Австралия 3 тӯби беҷавоб зад. Ҳолланд дар даври сеюми мусобиқоти гурӯҳи В бар Чили бо шарофати голи Фер дар дақиқаи 77 ва тӯби зебои Депай дар дақиқаи иловагии 93 бо натиҷаи 2:0 ғолиб омад ва бо 9 имтиёз дар гурӯҳи В соҳиби ҷои якум шуд.

Лаҳзае аз бозии Испания бо Австралия

Лаҳзае аз бозии Испания бо Австралия

Дар бозии Испания бо Австралия, ду тиме ки бо ҳамин рақобат ба ширкаташон дар Ҷоми ҷаҳонӣ-2014 дар Бразилия нуқта мегузоранд, ҳисобро дар дақиқаи 36 Давид Виля кушод. Фернандо Торес дар дақиққи 69 голи дувумро зад ва дар дақиқаи 82 Хуан Мата ҳисоби ниҳоиро 2:0 ба фоидаи қаҳрамони ҳамакнун собиқи ҷаҳон кард. Испания ба ин бозӣ ба истиснои Инйеста, Серхио Рамос, Шави Алонсо ва Фернандо Торес дигар бозигарони ҳайати захиравиашро ба майдон баровард.

Аммо чунин ба назар мерасад, ки дар даври сеюм ва ҳалкунандаи мусобиқоти гурӯҳӣ дар Ҷоми ҷаҳонӣ-2014 тимҳо асосӣ хеле бо эҳтиёт бозӣ мекунанд. Барои онҳо дар ин давр муҳим нафақат роҳхат ба даври ҳаштякниҳоист, балки онҳо ҳамзамон талош мекунанд, ситораҳои асосиашонро аз зарбу лат ва ҳам аз корти зард ё, Худо накунад, сурхи довар ҳифз кунанд. Тимми Ҳолланд шояд ба ҳамин далел дар бозӣ бо Чили ҳуҷумкунандаи асосиаш Робин Ван Персиро нафақат ба майдон набаровард, балки ӯ ҳатто дар байни бозигарони эҳтиётӣ нест ва бозиро аз байни мухлисон тамошо мекунад.

Ҷадвали ниҳоии гурӯҳи В чунин шуд:
ГУРӮҲИ «В»БҒМБГолҳоИмтиёз
1. Ҳолланд330010-36
2. Чили32015-36
3. Испания31024-73
4. Австралия30033-90


Ҳолланд акнун дар даври ҳаштякниҳоӣ ба дидори дастае меравад ки дар гурӯҳи А ҷои дуюмро мегирад. Ғолиби гурӯҷи А бо Чили қувва хоҳад озмуд.

Оғози даври ҳалкунанда дар Ҷоми ҷаҳонӣ - 2014

Лаҳзае аз бозии Чили ва Ҳолланд

Лаҳзае аз бозии Чили ва Ҳолланд

Шоми 23 июн дар мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Бразилия бо 4 бозӣ дар гурӯҳҳои А ва В даври сеюми мусобиқоти гурӯҳӣ оғоз мешавад. Бразилия бо Камерун, Мексика бо Хорватия, Австралия бо Испания ва Ҳолланд бо Чили вориди рақобат мешаванд.

Рақобатҳои имшаба бо бозиҳо дар гурӯҳи В байни Ҳолланду Чили ва Испанияву Австралия оғоз хоҳанд шуд. Ин ду бозӣ дар як вақт соати 21 ба вақти Тоҷикистон сар мешаванд.

Қабл аз даври сеюм ҷадвали гурӯҳи В ба чунин ҳолат аст:
ГУРӮҲИ «В»БҒМБГолҳоИмтиёз
1. Ҳолланд22008-36
2. Чили22005-16
3. Австралия20023-60
4. Испания20021-70

Испания – қаҳрамони кунунии ҷаҳон – ва Австралия дигар шонси идомаи мусобиқаро надоранд ва ин охирин бозии ҳарду дар Ҷоми ҷаҳонӣ-2014 дар Бразилия хоҳад шуд. Аммо Ҳолланду Чили барои гирифтани ҷои аввал дар ин гурӯҳ талош хоҳанд кард, то мабодо дар даври ҳаштякниҳоӣ бо мизбони Ҷоми имсола – Бразилия, ки довталаби асосии мақоми аввал дар гурӯҳи А ба шумор меоояд, сар ба сар назананд.
Шонси Ҳолланд барои касби ҷои аввал бештар ба назар мерасад, чунки ба тими Арйен Робен ва Робин Ван Перси танҳо мусовӣ кофист. Дар ҳоле ки Чили бо Алексис Санчес танҳо дар сурати пирӯзӣ метавонад Ҳолландро аз мақоми аввал танг ва эҳтимоли рӯёрӯии баъдиаш бо Бразилияро камтар кунад.

Аммо агар мабодо Бразилия дар гурӯҳи А ҷои якум неву дувумро бигирад, ин ҳама талошҳои Ҳолланду Чили барои гурез аз бозӣ бо Бразилия метавонад натиҷаи комилан баракс диҳад ва барандаи гурӯҳи В-ро бозандаву тимеро ки ҷои дуюмро мегирад, баракс барандаи аслӣ ҷилва диҳад.

Бо ин ҳол, дар гурӯҳи А, ки ба истиснои Камерун 3 тими дигар ҳанӯз шонси роҳ ёфтан ба марҳалаи баъдии ҳаштякниҳоӣ ва ҳатто ҳарсе шонси гирифтани ҷои аввал дар гурӯҳи худро доранд, Бразилия бо Камерун ва Хорватия бо Мексика вориди майдон мешаванд.

Таносуби нирӯҳо дар ин гурӯҳ қабл аз даври ниҳоӣ чунин аст:
ГУРӮҲИ «А»БҒМБГолҳоИмтиёз
1. Бразилия21103-14
2. Мексика21101-04
3. Хорватия21015-33
4. Камерун20020-50

Дар ин гурӯҳ масъала танҳо бо дарёфти роҳхат ба даври баъдӣ маҳдуд намешавад, балки 3 тими довталаб талош мекунанд, тавре бозӣ кунанд, ки дар даври баъдӣ бо Чили рӯ ба рҳ шаванд, на бо тими хеле қавитари Ҳолланд. Ду бозии даври сеюми гурӯҳи А соати яки шаби алакай 24 март ба вақти Тоҷикистон, яъне замоне шурӯъ мешаванд, ки натиҷаи рақобати Ҳолланду Чили алакай маълум мешавад ва зоҳиран Бразилияву Мексика ва Хорватия талош хоҳанд кард, то шеваи бозиашон дар даври сеюмро вобаста ба мавқеияти ниҳоии дастаҳо дар гурӯҳи В интихоб кунанд. Аз ин миён Хорватия интихоби камтар дорад, чунки танҳо дар сурати пирӯзӣ бар Мексика метавонад ба роҳхат ба даври ҳаштякниҳоӣ умед бандад.

Ба ҳамин сурат, имшаб даври сеюм ва яқинан аз ҳама пуршӯри мусобиқоти гурӯҳии марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ -2014 дар Бразилия бо ин 4 бозӣ шурӯъ мешавад. Мусобиқоти имсола бо сюрпизҳои бесобиқааш фарқ мекунад ва шореҳон интизор доранд, ки даври сеюми бозиҳо низ ҳамроҳ бо як селаи дигари чунин сюрпризҳо хоҳад буд ва ҳанӯз маълум нест, ки иқбол имшаб ба рӯи кадоме аз тимҳо хоҳад хандиду ба кадоме аз онҳо пушт хоҳад гардонд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG