Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВИДЕО: "Ла-ла-ла"-и шореҳи украин баъди шикасти тими Русия


Акинфеев дар бозии якум
Акинфеев дар бозии якум

Русия дар бозии дуюмаш дар гурӯҳи Н аз тими Белгия бо ҳисоби 0-1 шикаст хӯрд ва шонси баромаданаш ба марҳалаи ҳаштякниҳоиро хеле ночиз кард. Бозии Алҷазоир - Кореяи ҷанубӣ бо ҳисоби 4:2 ба фоидаи арабҳо анҷом ёфт.

4 голи Алҷазоир ба дарвозаи Корея ва ба орзуҳои Русия

Алҷазоир Кореяи ҷанубиро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод. Тӯбҳои Алҷазоирро Cулаймонӣ дар дақиқаи 26, Халиҷӣ дар дақиқаи 28, Ҷабу дар дақиқаи 38 ва Иброҳимӣ дар дақиқаи 62 заданд. Аз тарафи Корея Ли Юн дар дақиқаи 54 ва Ку Чжа Чол дар дақиқаи 72 муваффақ шуданд.

Алҷазоир дар нимаи аввали бозӣ бартарии комил дошт ва ба дарвозаи Корея 3 тӯби беҷавоб зад. Дар нимаи дуюм Корея фишори бештар овард ва ду тӯб зад, вале голи Иброҳимӣ умеди кореягиҳо барои баробар кардани ҳисобро дигарбора замин кард.

Пирӯзии Алҷазоир ин тимро бо 3 имтиёз баъди Белгия, ки бо 6 имтиёз алакай ба ҳаштякниҳоӣ роҳхат гирифтааст, дар гурӯҳи Н дар мақоми дувум мегузорад. Ин пирӯзӣ ҳамин тавр, вазъи бе он ҳам баъди бохташ ба Белгия хеле тангшудаи Русия дар Ҷоми ҷаҳониро боз ҳам тангтар мекунад.

Гудбай, Бразилия? Русия - Белгия 0:1

Дар нимаи дувуми бозӣ Русия зоҳиран тими Белгияро хеле ба танг овард. Бозӣ то тақрибан дақиқаи 83 асосан таҳти назорати русҳо мегузашт ва тоҷи ин бартарии онҳо зарбаи Ешенко дар дақиқаи 81 буд, ки ҳамагӣ ним метр аз дарвозаи Белгия дуртар гузашт.

Вале дар қисмати охири ин бозӣ тими Белгия якбора бедор шуд. Дар дақиқаи 84 зарбаи Эден Азар ба штанга бархӯрд. Дар дақиқаи 86 Азар боз як имкони хуби голзаниро аз даст дод. Вале дар дақиқаи 86 Дивок Ориҷӣ бо як зарбаи нишонрас тӯбро вориди дарвозаи Акинфеев кард ва Русияро қабл аз даври сеюм дар вазъи хеле сангин қарор дод.

Русия дигар маҷбур аст, дар бозӣ бо Алҷазоир ва-банк биравад.

Хурсандии шореҳи Украина аз шикасти тими Русия

Билофосила баъди ин бозӣ дар Интернет навори кӯтоҳе нашр шуд, ки дар он як шореҳи варзиш аз Украина аз гол хӯрдани Русия дар бозӣ бо Белгия ба ваҷд омада, бо оҳанги "ла-ла-ла" ҳатто суруд мехонад.


Белгия - Русия: Ҳисоб баъди қисми якуми бозӣ 0-0

Имшаб дар бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Бразилия длар гурӯҳи H тими Белгия бо Русия, Кореяи ҷанубӣ бо Алҷазоир ва дар гурӯҳи G Амрико бо Португалия бозӣ хоҳанд кард.

Рақобатҳои рӯзи 22 июнро бозии Белгияву Русия соати 21 00 ба вақти Тоҷикистон оғоз кард. Дар бозии Белгияву Русия баъди қисми якуми бозӣ ҳисоб ҳанӯз кушода нашудааст. Ин бозӣ дар варзишгоҳи пуршӯҳрати "Маракана" доир мешавад. Ҳайати ин ду тим чунин аст:

Белгия: Куртуа, Алдервейрелд, ван Бюйтен, Компани, Фермален, Витсел, Филайнӣ, де Брейне, Мертенс, Азар, Лукаку.

Русия: Акинфеев, Козлов, Игнашевич, Каннуников, Глушаков, Кокорин, Березутский, Шатов, Самедов, Файзулин, Комбаров.

Қисми якуми бозӣ бартарии кадоме аз ин ду тимро нишон надод. Тӯбро бештар тими Белгия назорат мекард, вале имкониятҳои беҳтари голзаниро бештар бозигарони Русия фароҳам карданд. Дар дақиқаи 43 Андрей Кокорин қариб буд бо сараш гол занад. Тими Белгия чунин имкониятҳои садфоиза камтар дошт, вале бозиаш муназзамтар ба назар мерасид.

"Маракана" имшаб ба рӯи кӣ механдад? Русия ё Белгия?

Баъди даври якум дар гурӯҳи H Белгия бо 3 имтиёз пешсаф аст. Русияву Кореяи ҷанубӣ якимтиёзӣ дошта, Алҷазоир, ки дар бозии якумаш аз Белгия шикаст хӯрд, ягон хол надорад. Вале ягон тим аз ин гурӯҳ ҳанӯз шонсашро аз даст надодааст.

Русия, ки бозии якумаш бо Кореяро бо "шарофат"-и голи беақлона сардодаи дарвозабонаш Игор Акинфеев мусовӣ кард, бояд аз Белгия бо ҳар роҳе 3 имтиёз ба даст биорад, то бо хотири осудатаре ба рақобати сеюмаш бо Алҷазоир биравад. Аммо масъала ин аст, ки тими пур аз ситораҳои ҷавон ва пуриддаои Белгия ба раҳбарии Эден Азар ва Марвон Филайнӣ ин имконро ба Русияи аз чунин ситораҳои маҳрум хоҳад дод ё на?

Аммо дар гурӯҳи G Олмон алакай 4 имтиёз гиирифтааст. Амрико бо 3 имтиёз ба бозии имрӯза меравад. Ғана дар ин гурӯҳ бо 1 хол дар мақоми сеюм аст, вале Португалияи Роналду, ки бо 0 имтиёз дар зинаи аз ҳамаи поён қарор дорад, зоҳиран имшаб тамоми талошашро ба харҷ хоҳад дод, ки мисли Испания ё Инглистон бармаҳал ҷомадонҳояшро ҷамъ накунад.

XS
SM
MD
LG