Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як сюрпризи Ҷоми ҷаҳонӣ: Ду голи Ғана ба дарвозаи Олмон


Бозии байни тимҳои Олмону Ғана дар гурӯҳи G рӯзи 21-июн ғайриинтизор бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом ёфт. Аргентина тими Эронро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.

Дар бозии даври дуюм дар гурӯҳи G тими Олмон, ки баъди шикасти Португалия бо ҳисоби бузурги 4:0 дар даври якум пешсафи гурӯҳ шуда буд, ин навбат ба муқовимати сахти тими Ғана дучор шуд. Ин тими африқоӣ, ки дар бозии якум аз Амрико бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд, дигар чизе барои бой додан надошт ва дар муқобили Олмон ба истилоҳ ва-банк рафт. Чунки дар сурати бохт Ғана дигар аз имкони роҳ ёфтан ба марҳалаи баъдӣ комилан маҳрум мешуд.

Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 51 Марио Гётсе, нимҳимоятгари пуристеъдоди Олмон кушод. Баъди ин гол бовар мерафт, ки бозигарони африқоии маъмулан эҳсосотӣ рӯҳафтода шуда, ба тақдир тан медиҳанд. Вале алакай дар дақиқаи 54 ҳамлагари Ғана Андре Айю бо сараш голи зебое зада, ҳисобро баробар кард. Гузашта аз ин дар дақиқаи 63 Асамоа Гян бо дарвозабони Олмон Нойер як ба як баромада, голи дуюмро зад.

Мураббии тими Олмон Иоахим Лёв дар пайи ин дар таҳлука афтода, паиҳам ду ситораи маъруф Бастиан Швайштайгер ва Мирослав Клозеи алакай 36-соларо ба майдон баровард. Ва ин ивазкуниҳо кор доданд. Клозе дар дақиқаи 71 ҳисобро дар ин бозӣ баробар кард.

Зимнан ин голи 15-уми Мирослав Клозе дар марҳалаҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳонист ва ӯ дар байни беҳтарин нишонзанҳои ин мароҳили Ҷоми ҷаҳонӣ ба ҳамлагари маъруфи тими Бразилия Роналдо расид ва акнун танҳо як голи дигар кофист, ки Клозе ҳамчун беҳтарин нишонзан дар таърихи Ҷоми ҷаҳонии футбол ба "нафақа" равад.Албатта, то замоне ки боз як нишонзани беҳтар ба майдон ояду рекорди Клозеро ҳам иваз кунад.

Бо ин вуҷуд, Олмон бо 4 имтиёз дар ин гурӯҳ ҳамоно пешсаф аст. Ғана имтиёзи аввалашро ба даст овард. Амрико, ки 3 имтиёз дорад, рӯзи 22 июн бо Португалия, ки ҳанӯз ягон хол надорад, вориди рақобат мешавад.

Мессӣ орзуҳои тими Эронро барбод дод
Мессӣ баъди задани гол ба дарвозаи Эрон
Мессӣ баъди задани гол ба дарвозаи Эрон
Тими Эрон дар бозии дувумаш даар Ҷоми ҷаҳонӣ-2014 дар Бразилия аз тими Аргентина бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Голи ягонаи Лионел Мессӣ дар дақиқаи якуми иловагии бозӣ умеди миллионҳо мухлиси тими Эронро ба мусовии ин тим дар рақобат бо Аргентина ба хок яксон кард. Аргентина бо шарофати ин голи Мессӣ Эронро низ шикаст дод ва бо 6 имтиёз дар гурӯҳи F пешсафи ягона шуд.

Сарфи назар аз натиҷаи бозии Нигерияву Босния, ки соати сеи шаби якшанбе ба вақти Тоҷикистон оғоз мешавад, ҳеҷ кадоми онҳо имкони расидан ба Аргентинаро баъди даври дуюм надоранд. Агар ин бозӣ мусовӣ анҷом шавад, пас Аргентина алакай баъди ҳамин давр мақоми аввал дар ин гурӯҳро ба худ ихтисос медиҳад. Ҳоло Аргентина 6, Нигерияву Эрон якимтиёзӣ доранд, вале Босния ки бозии аввалашро бар Аргентина бохт, ягон имтиёз ба даст наовардааст.

Бо вуҷуди пирӯзии Аргентина дар бозии имрӯза Эрон бартарӣ дошт ва танҳо дар қисми дуюми бозӣ дастикам 6 имкони хеле хуби голзанӣ фароҳам карда буд. Вале дар ду маврид зарбаҳои хеле хуби Ризо Кӯчанажод ва дар мавридҳои дигар зарбаҳои сахти ҳамдастаҳои ӯ то тӯри дарвозаи Аргентина нарасиданд - ё ягон сантиметр каҷ рафтанд, ё дарвозабони Аргентина Ромеро садди роҳашон шуд.
Лаҳзае аз бозии Аргентинаву Эрон
Лаҳзае аз бозии Аргентинаву Эрон
Дар ин бозӣ дарвозабонҳо нақши ҳаалкунанда доштанд. Дарвозабони Эрон Алиризо Ҳақиқӣ низ чанд талоши гол задани Леонел Мессӣ, Гонсало Игуаин, Серхио Агуэро ва ситораҳои дигари тими Аргентинаро хунсо кард. Ҳамагӣ яке бор иқболи Ҳақиқӣ баландӣ накард ва дуруст дар дақиқаи 91, ки то анҷоми бозӣ ва имкони мусовии таърихии тимаш бо дастаи шӯҳратёри Аргентина ҳамагӣ 3 дақиқаи дигар монда буд. Вале Мессӣ Мессӣ аст ва ҳамин як фурсат барояш кофист ки корашро кунад. Ӯ корашро кард ва тими Эронро тақрибан аз шонси роҳ ёфтан ба даври ҳаштякниҳоӣ маҳрум кард.

Албатта, Эрон ҳанӯз имкон дорад ки дар сурати пирӯзӣ бар тими Босния дар даври сеюм ба роҳхати дуюм аз ин гурӯҳ умед бандад, вале ин як умеди хеле кам аст ва танҳо ба худи Эрон бастагӣ надорад, балки бештар ба ҳарифони низ ташнаи ин роҳхаташ бармегардад ки имшаб байни худ бо чӣ натиҷае бозӣ хоҳанд карду бо чӣ азму қасде ба даври сеюми бозиҳо хоҳанд рафт. Дар даври сеюм Эрон бо Босния ва Аргентина, ки масъалаи роҳхаташаро алакай амалан ҳал кардааст, бо Нигерия бозӣ мекунанд.

P.S.

Босния ва Ҳерзеговина дар рақобат бо Нигерия бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд ва аз имкони роҳ ёфтан ба даври баъдии мусобиқот маҳрум шуд. Голи ягонаро дар ин бозӣ дар дақиқаи 29-ум бозигари собиқи "Локомотив"-и Маскав Питер Одемвинге зад. Эрон бояд акнун дар даври сеюм бо ҳисоби ҳарчӣ бузургтар Боснияро шикаст диҳад, вале ҳатто дар сурати чунин пирӯзӣ ҳам ба онҳо лозим аст, ки Нигерия дар бозии сеюм ба Аргентина, ки алакай масъалаи баромаданаш ба ҳаштякниҳоиро ҳал кардааст, бой диҳад ва ҳар қадар бо ҳисоби бузургтар шикаст бихӯрад - ҳамон қадар барои тими Эрон беҳтар.

XS
SM
MD
LG