Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шояд аз шигифтангезтарин рухдодҳои то ин лаҳзаи Ҷоми ҷаҳонии 2014 дар Бразил, ин шикастҳои сангину пайдарпай ва ба ин тартиб ҳазфи қаҳрамони пешини ҷаҳон дастаи Испания аз ин сабқат бошад

Дастаи футболи Испания бо бохти аламовари рӯзи чаҳоршанбеи худ дар баробари Чили, аз идомаи сабқат барои даври баъдии мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол маҳрум шуд.

Дастаи Чили шаби гузашта ду бор дарвозаи испаниёиҳоро ба ҳам кӯбид, аммо қаҳрамони пешини ҷаҳон муваффақ нашуд, ҳатто посухи яке аз голҳоро бидиҳад ва бозӣ бо натиҷаи 2:0 ба фоидаи Чили анҷом ёфт.

Испания дар бозии нахустин бо натиҷаи бузурги 1:5 аз Ҳолланд шикасти сахте хӯрда буд. Икер Касиляс -- дарвозабон ва капитани дастаи Испания, ки дар ду бозӣ ҳафт гол хӯрд, аз мардуми Испания узрхоҳӣ кард.

Дар бозии дигари гурӯҳи дувум Ҳолланд бо ҳисоби 3:2 бар Австралия пирӯз шуд. Ин тим аз ҳамин ҳоло ба марҳилаи баъдии мусобиқот роҳхат гирифт. Ҳолланд бо вуҷуди он, ки бо натиҷаи пургол қаҳрамони пешини Ҷоми ҷаҳонро шикаст додааст, аммо худ ҳаргиз қаҳрамон нашудааст. Дастаи Австралия низ бо ин шикаст ва бохти қаблӣ аз дастаи Чили, ба Ҷоми ҷаҳонии 2014 падруд гуфт.

Дастаи Ҳолланд се бор ба финал рафта аммо ҳар бор шикаст хӯрдааст. Дар охирин финали Ҷоми ҷаҳонӣ дар Африқои ҷанубӣ, ин тим аз дастаи Испания шикаст хӯрд.

Дигар бозии пурголи шаби гузашта байни Хорватия ва Камерун анҷом шуд, ки бо натиҷаи 4:0 ба фоидаи хорватиҳо поён ёфт.

Имшаб бозиҳо идома мекунанд ва дар гурӯҳи савум Колумбия дар муқобили Соҳили Оҷ қарор мегирад ва Ҷопон бо Юнон рақобат мекунанд. Дар гурӯҳи чаҳорум Англия бо Уругвай бо ҳам сабқат хоҳанд кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG