Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикон дар ҷанг: Калтакро кӣ хӯрд ва арзанро - кӣ?


Дар рӯзҳои таҷлил аз солгарди 69-уми пирӯзӣ бар Олмонӣ фашистӣ расонаҳои русӣ дар баррасии ин мавзӯъ имтиёзи асосиро ба мардуми рус дода, саҳми дигарон, аз ҷумла тоҷиконро "фаромӯш" мекунанд.

Нашрияи бонуфузи «Вечерная Москва» ахиран аз ширкати миллатҳои собиқ шӯравӣ дар ин ҷанг ном бурдааст, аммо дар ягон ҷое зикри номи тоҷиконро накардааст. Дар ҳоле ки таърих хуб ёд дорад, ки аз 5 як нафари сокини Тоҷикистони Шӯравие, ки аҳолиаш як миллион нафарро ташкил медод, дар ҷанг алайҳи Олмони фашистӣ ҷангидаанд.

Холмуҳаммад Сафаров, таърихшиноси тоҷик мегӯяд, аз рӯи шумораи аҳолӣ аз ҳама бештар тоҷикон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат кардаанд. Тоҷикон аз ҷумлаи миллати Шӯравӣ буд, ки ба гуфтаи ин таърихшинос, дар қӯшунҳои пиёдагард ҳамеша дар сафи пеш қарор доштанд. Ҷаноби Сафаров мегӯяд, тоҷиконе, ки умуман ба муҳити ҷангалҳои Русия шинос набуданд, хеле фаъолона дар ҷангҳои партизанӣ ҳам ширкат карданд.

Аммо ӯ мегӯяд, қадршиносӣ накардани тоҷикон имрӯз айби худи онҳост: «Мо дигар ҷиддан саҳми ҳамватанони худро дар ин ҷанг пажӯҳиш накардем. Мо онҳоро муаррифӣ накардем. Сафар Раҳмон солҳои тӯлонӣ ин мавзӯъро пажӯҳиш кард ва китоб ҳам чоп кард. Чанд саҳифаи норӯшани иштироки тоҷиконро рӯшан кард, вале пирӣ ва марг имконаш надод, то корашро ба поён бирасонад. Мо бояд саҳми ҳамватанони худро тарғиб кунем, онҳоро эҳтиром намоем, то барои дигарон маълум шавад. »
Ҷумъа Пӯлодов
Ҷумъа Пӯлодов
Аммо бо гузашти наздики 70 соли хатми Ҷанги бузурги ватанӣ, бархе аз иштирокчиёни он аз ноадолатии фармондеҳони рус дар ҳақи сарбозони тоҷик шиква мекунанд. Ҷумъа Пӯлодов, собиқадори ҶБВ мегӯяд, ҳарчанд, баробариву бародарӣ зиёд тарғиб мешуд ва тоҷикон ба он бовар мекарданд, вале дар поёнии ҳар муҳориба баробариву бародарӣ сарфи назар мешуд ва рутбаву унвонҳо бештар насиби русҳо мегашт. Ҳатто Пӯлодов мегӯяд, ӯро барои куштани немис боре ҳушдори низомӣ дода буданд ва фармондеҳи русашон орден гирифтааст.

Ӯ гуфт: «Чанд бор немиси зинда бурда будам, аммо унвоне бароям надоданд. Боре имкон буд, ки як афсари баландрутбаи немисро зинда бигирам, аммо дастам захм бардошта буд ва ӯро паррондам. Долгофолов ном командири мо омад ва маро барои куштани ин афсар ҳушдор дод. Гуфт, ки агар ӯро зинда мегирифтӣ, ман унвони қаҳрамонӣ мегирифтам. Рутбаҳояшро бурида гирифта ва бурда нишон дод. Чанде дидем, ки барои ин кори кардаи ман ба ӯ ордени Ленин доданд. Аз ман норозӣ буд ва афсӯс мехӯрд, ки чаро афсари немисро зинда нагирифтам? Гуфтам, ки ҷони ман дар хатар буд ва ин имкониятро надоштам.»

Бо ин вуҷуд, Ҷумъа Пӯлодов мегӯяд, онҳо ба асли бародарӣ ва садоқат бовар доштанд ва хеле содиқона алайҳи душмани Шӯравӣ меҷангиданд. Ӯ мегӯяд, воқеан, миёни сарбозони оддӣ дӯстиву рафоқат зиёд буд, аммо фармондеҳон ба ҳама назари яксон надоштанд ва хидмати намояндагони ҳамаи миллатҳоро якгуна баҳогузорӣ намекарданд.

Иноят Амиршоев, кӯҳансарбози дигаре, ки бародараш Сафар Амиршоев дар Ҷанги бузурги ватанӣ шаҳид шуда, баъди марг соҳиби унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шуда буд, низ дар як сӯҳбати қаблиаш бо Озодӣ аз ноадолатӣ нисбат ба тоҷикон дар солҳои ҷанг шикоят карда буд. Ӯ гуфта буд, боре 10 немисро дар як ҳамлаи ғофилгиронаи тасодуфӣ асир гирифта буд, вале ин амалро фармондеҳашон ба номи худ сабт карда, ба ӯ танҳо як нишон доданд.

«Баъдан хабар ёфтам, ки ба ҷои ман як старший сержант Қаҳрамон шудааст ва маро иштирокчӣ гуфта, орден доданд. Ҳамяроқонам гуфтанд, ки биё ба Сталин менависем. Гуфтам, ки имрӯз ё пагоҳ мемирем, чӣ даркор аст қаҳрамониву навиштан. Унвон ҳам ба он нафар насиб накард, се рӯз пас ончунон задандаш, ки порчаҳои баданашро ҷамъ кардем. Ҳамин гуна ноадолатиҳо буд

Аммо таърихдони тоҷик Холмуҳаммад Сафаров мегӯяд, он замон ҳам худи тоҷикон ҳаққи худро талаб намекарданд. Ин таърихшинос мегӯяд, тоҷикон дониши хуби русӣ надоштанд ва аз ҳуқуқуҳои худ ҳимоят намекарданд: «Ҳамон замон агар ҳаққи худро медонистанд ва ба унвони Сталин менавиштанд, ҳатман ҳаққашон барқарор мешуд, аммо ин корро намекарданд ва бояд иқрор шавем, ки дониши русиашон ва саводи сиёсии аксари ҳамватанони мо хуб набуд.»

Дар Ҷанги Шӯравӣ алайҳи Олмони нозӣ, солҳои 1941-1945 ҳудуди 300 ҳазор сокини Тоҷикистон ширкат кардааст, ки аз ин ҳисоб 92 ҳазораш ҳалок шудааст. Дар ин миён зиёда аз 50 ҳазор ордену медалҳои ҷангӣ гирифтаанд ва танҳо 65 нафар, ки дар миёни онҳо ҳам аксар русҳои сокинони Тоҷикистон буданд, унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро соҳиб шуданд.
XS
SM
MD
LG