Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Лентаҳои Георгий" - дар кӯчаҳои Душанбе


Тақсим кардани "лентаҳои Георгий" дар кӯчаҳои Душанбе чӣ маъно дорад? Ба шарафи пирӯзӣ ба Олмони фашистӣ, мегӯянд масъулонаш. Вале собиқадорони ҷанг мегӯянд, дар солҳои ҷанг ин лентаҳо аслан набуд.

Намояндагии Бунёди рушди Русия -- «Пажӯҳишгоҳи Мутолеоти Авруосиёӣ» дар Тоҷикистон мегӯяд, бо ҷалби 150 донишҷӯи тоҷик ба тақсими «лентаҳои Георгий» ба муносибати 69-умин солгарди Ғалаба бар Олмони фашистӣ оғоз кардааст. Интизор меравад, то рӯзи 9 май 15 ҳазор чунин лентаҳоро ба сокинони манотиқи мухталифи Тоҷикистон тақдим кунанд.

Тимур Шахмаев, муовини раҳбари Бунёди рушди Русия -- «Пажӯҳишгоҳи мутолеоти АвроОсиё» рӯзи 29 апрел бо Радиои Озодӣ гуфт, ин навораи дурангаи норанҷиву сиёҳ ҳамчун рамзи пирӯзӣ дар Ҷанги бузурги ватанӣ ва гиромидошти хотираи қурбониёну қаҳрамонони ин набард тақси мешавад.

Тимур Шахмаев
Тимур Шахмаев
Ӯ меафзояд, «ҳадафи мо аз тақсими «лентаҳои Георгий” дар байни аҳолӣ ёдбуд ва эҳтироми қаҳрамонони Ҷанги бузурги ватанист, зеро ба шарофати онҳо имрӯз мо зери офтоби сулҳу оромӣ зиндагӣ дорем. Яъне ҳар нафаре ки пирӯзӣ бар фашизмро ҳамчун ҷашни бузург эътироф мекунад ва ҳар касе ки ба он арҷ мегузорад, ин навораро ба маънои он ки мо гузаштаро фаромӯш накардаем, дар сари синааш ҷо медиҳад. Ҷавонон бо як майли том дар тақсим кардани ин навораҳо ширкат мекунанд, мардум низ ин рамзро қабул доранд. Ҳатто ҳолатҳое буд, ки асосан насли бузургсол бо дидани он ки ҷавонон ин навораҳоро тақсим мекунанд, оби дида мерехтанд.»

Ҷаноби Шахмаев бо ишора ба мушоҳидаҳои чандинсолааш мегӯяд, тақсим кардани «лентаҳои Георгий» дар Тоҷикистон аз сӯи мардум хуб истиқбол мешавад ва аксарият бо ифтихор ин лентаро дар сари синаи худ насб мекунанд.

Паҳн кардани «лентаҳои Георгий» дар миёни сокинони Тоҷикистон дар ҳолест, ки ҳамин рамзро ҷудоихоҳони тарафдори Русия дар Украина ҳам ба бар кардаанд. Аммо дар Тоҷикистон ба ин ҷанбаъ таваҷҷӯҳ намешавад.

Аз ҷумла Маҳмудҷон Додобоев, сухангӯи ҳукумати шаҳри Хуҷанд, ки ҳафтае пеш дар яке аз хиёбонҳои ин шаҳр ба ӯ ҳам «лентаи Георгий» расидааст, мегӯяд, вай бо нишони эҳтироми зафармандии мардуми шуҷои Тоҷикистон дар ин ҷанг навораро қабул кардааст. Вай гуфт, «ҳарчанд мегӯянд, ки ин лента рамзи соф ғалабаи Русия аст, аммо ман розӣ нестам, чун ин пирӯзии тамоми мардуми Шӯравист. Ғалабае, ки падару бобоёни мо ноил гаштанд, бо он рамзе ки имрӯз нисбат медиҳанд, комилан қабул надорам. Он ягон рабте ба чизҳое, ки имрӯз талқин мекунанд, омӯзиш медиҳанд ва бо ҳамин васила ба кору амалҳои дигар даст мезананду то як андозаи ғалабаҳои дигарро умедворанд, надорад. Ин арзиш бисёр арзиши муҳтарам аст ва бояд ба он сиёсатбозиҳову қурбониҳои бемавриде,ки мутаассифон,а мо мушоҳида мекунем, алоқамандӣ надошта бошад. Ман муқобили онҳое ҳастам, ки ин нишонро истифода мебаранд. Набояд ба ин роҳ дод.»

Масъулони Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар Тоҷикистон низ мегӯянд, "лентаи Георгий” ҳеҷ рабте ба ин ҷанг ва пирӯзии онҳо бар Олмони фашистиро надорад. Раҳмат Қудратов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон гуфт, аслан «лентаи Георгий» дар даврони ҷанг ва баъди он вуҷуд надошт ва тақсими он танҳо тайи чанд соли ахир дар кишварҳои пасошӯравӣ роиҷ шудааст.

Ҷаноби Қудратов афзуд, «тақсимкунии лентаҳо дар ҳамин чанд соли ахир, вақте кишварҳои пасошӯравӣ истиқлолият ба даст оварданд, маъмул шуд. Дар давраи Шӯравӣ мо дар ҳама чорабиниҳо ширкат мекардем ва ба Маскаву дигар кишварҳо намояндагони худро мефиристодем, ин хел гапҳо набуд. Ин аслан моли тоҷикон нест, аммо чун Русия дар Тоҷикистон сафоратхонаву дигар намояндагиҳо дорад, тавассути ҳамин ниҳодҳо тақсим мекунанд. Ҳангоми чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, вақте ин лентаро меоранд, ба хотири эҳтироми ин давлат рад карда намешавад. Вақте ман ҳам дар дар чанд чорабинии сафоратхонаи Русия ширкат кардам, дар костюми ман ҳам ин лентаро часпонданд.»

Аммо таърихнигорон ба ҷанбаи мазҳабӣ доштани ин рамз таъкид мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, Георгийи муқаддас аз авлиёи дини масеҳист, ки чун ҳомии мардуми ҳарбӣ дар замони ҷанг пазируфта шудааст. Гуфта мешавад, дар охири қарни 18 ҳамин рамзро дар артиши Русия ворид кардаанд ва ордени Георгиий муқаддасро ба он ҷанговароне, ки дар ҷангҳо корнамоӣ нишон медоданд, тақдим мекарданд.

Сайфулло Муллоҷонов, муаррихи тоҷик мегӯяд, соли 1917 баъди пирӯзии болшевикҳо бо фармони Владимир Ленин, лента ва ордени Георгий манъ гардид.
Вай афзуд, «танҳо дар соли 1992 бо сари қудрат омадани Борис Елсин ин нишона дубора дар артиши Русия барқарор гардид. Ин лента на аз лиҳози таърихӣ ва на аз лиҳози мазҳабӣ ба Тоҷикистон ҳеҷ пайванде надорад

Таҳлилгарони тоҷик бар инанд, ки Русия бо паҳн кардани «лентаҳои Георгий» дар кишварҳои пасошуравӣ мехоҳад, нуфузи худро дар минтақа нишон бидиҳад. Сафват Бурҳонов, яке аз ин таҳлилгарон «лентаи Георгий»-ро ҳамчун рамзи тасарруфи Русия маънидод мекунад. Ӯ мегӯяд, «яъне Русия бо ин васила зӯрии худро нишон медиҳад. Барои он ки аз Афғонистон нерӯҳои НАТО берун мешавад, дуюм ин ки нуфузи Русия дар ҷаҳон рӯ ба коҳиш овардааст ва барои он ки нуфузи худро дар Осиёи Марказӣ нигоҳ дорад, бояд ҳукуматро дигар кунад ва корҳои дигарро анҷом бидиҳад. Бар замми ин, боз пойгоҳи пурқувваттаринаш дар Тоҷикистон аст.»

Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест ки ҳукумати Тоҷикистон эълон дошт, 69-ум солгарди Рӯзи Ғалаба дар кишвар бидуни гузаронидани паради низомӣ таҷлил мешавад. Аммо дар ин рӯз маҳофилу маросимҳои идона бо ширкати ҷанговарону собиқадорони Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум дар мактабу донишгоҳҳо ва қисмҳои низомӣ барпо мегардад ва дар ин рӯз дар сари синаи собиқадорони ҷанг ва натанҳо онҳо "лентаи Георгий" -ро ҳам дидан мумкин аст.

Иттиҳоди Шӯравӣ солҳои 1941-1945 алайҳи Олмони фашистӣ ҷангид. Дар ин ҷанг, ки бахше аз ҷанги дувсуми ҷаҳонист ва дар паҳнои пасошӯравӣ бо номи Ҷанги бузурги ватанӣ маъруф аст, бино ба ҳисобҳо, беш аз 50 миллион нафар, аз ҷумла то 27 миллион аз мардуми СССР ҷон бохтанд. Ҷанги дувуми ҷаҳон бо ин даҳҳо миллион қурбониаш хунинтарин ҷанг дар таърихи башарият ба шумо меравад.

Аз Тоҷикистон ҳам дар сангарҳои Ҷанги бузурги ватанӣ 270 000, ё тақрибан панҷяки аҳолии вақти ин ҷумҳурӣ ширкат варзида, қариб 90 ҳазораш дар он ҷанг шаҳид шуданд. 54 зодаи Тоҷикистон дар Ҷанги бузурги ватанӣ ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ даст ёфтанд. Дар ҳоли ҳозир аз ҷамъи собиқадорони Ҷанги бузурги ватанӣ дар Тоҷикистон 1134 нафар боқӣ мондаанд. Бо қарори ҳукумат дар остонаи Иди Ғалаба ба ҳамаи собиқадорони ин ҷанг ё аҳли хонаводаҳои онҳо 1000 сомонӣ кумак расонда мешавад.
XS
SM
MD
LG