Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аксияи ободонӣ ё барчидани муҷассамаи Неъмат Қарабоев?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати шаҳри Конибодом хабари фурӯхта шудани замини муҷассамаи Неъмат Қаробоевро рад кард.

Нӯъмонҷон Обидов, раиси шаҳри Конибодом дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин иттилоъ сирф бофтаи ҳангоматалабон аст: «Ин гап нодуруст аст. Баръакс мо дар доираи поси хотираи шаҳидони Ҷанги Бузурги Втанӣ имрӯз он ҷо як аксия доштем ҳамроҳи ҷавонони шаҳр барои обод кардани ҳамон минтақа. Дар паҳлӯяш лавҳаи шаҳидони интернатсионалист ҳам ҳаст, мо он ҷо корҳои ободонӣ гузарондем. Ин иншоот умуман фурӯхта нашудааст. Ин гап аз куҷо баромадааст, ман худам ҳам намефаҳмам.»

Рӯзи ҷумъа дар «Фейсбук» нафаре пост ё назаре гузошт, ки дар он аз фурӯхта шудани замини муҷассамаи қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ Неъмат Қаробоев сухан мерафт. Муаллиф навиштааст, ин қитъаи замин дар кӯчаи Ленини шаҳри Конибодом, ки муҷассама 50 сол ба ин сӯ меистод, фурӯхта шудааст ва соҳибони нави замин мехоҳанд онро аз байн баранд.

Бадоҳатан дар шарҳи ин назар Дилшод Холматов, сарвари шӯъбаи хусусикунонии ҳукумати шаҳри Конибодом ин иттилоро рад карда, бофтаи хаёлоти «ватандӯстони қалбакӣ» ва тавтиа унвон кард. Мавсуф дар идомаи назараш навишт, ки фардо бо ташаббуси шаҳрдорӣ ва Ҳизби халқӣ – демократии Тоҷикистон ба хотири ободонии муҷассамаҳо, аз ҷумла ҳайкали Неъмат Қаробоев ҳамоиш баргузор хоҳад кард. Рӯзи шанбе воқеан дар маҳалли муҷассамаи Неъмат Қаробоев, ба қавли шоҳидон, ҳудуди 200 нафар ҷамъ омаданд.

Омӯзгор Салим Муродов, ки дар ин ҳамоиш ширкат дошт, ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳоро бегоҳи ҷумъа хабар карданд, ки як аксия мешавад ва ҳатман бояд иштирок кунанд: «Худи аксия ба ҷавонон бахшида шуда буд. Мавзуяш «Ҷавонон насли ояндаву бунёдкор» ном дошт. Ба фурӯши замини муҷассама бахшида нашуда буд аксия, аммо ҳамон ҷо гуфтанд, ки хабари дар интернет баромада дурӯғ аст, бовар накунед, ин ҷо фурӯхта нашудааст.»

Ҳамсӯҳбати мо афзуд, ба шарофати ин хабар бори аввал мебинад, ки бо ташаббуси мақомот ин маҳал рӯбучин ва обод карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба манобеи ғайрирасмӣ дар Конибодом, маҳалли муҷассамаи Неъмат Қаробоев дар ҳақиқат бояд фурӯхта мешуд, аммо танҳо ба шарте, ки пайкара дар боғи марказӣ ё ягон қисмати беҳтари шаҳр кӯчонда шавад. Аммо хабар дар Фейсбук ин тарҳро барҳам зад ва ба хотири науфтодани нофаҳмиҳо дар миёни сокинон, ҳукумати ин шаҳр ба ҷаласаи фаврӣ нишаста, қарорашро бекор кард. Бино ба ин манобеъ, соҳибкор мехост маҳалли онро обод кард, аз ҷумла як тӯйхона бунёд кунад.

Аммо Маҳмудҷони Ашӯрмуҳаммад, аз созмони Ҳизби демократ дар Конибодом мегӯяд, ҳадафи онҳое, ки ин овозаро дар миён андохтанд, шояд наҷоти муҷассама буд, аммо онҳо «хизмати хирсона» карданд: «Ҳайкал дар як ҳолати хароб аст. Замони Шӯравӣ бо фаввораву дигар корҳо атрофаш сарсабз буд. Ҷояш ҳам он қадар хуб нест. Зиёратгоҳи мардумӣ шуда натавонист, як мавзеи сӯхта шуд, ки гулу алафи атрофаш зуд хушк мешавад. Ба ҳамин хотир, бо ҳамин қадду басташ дар ягон ҷои ободтар мешинонданд, хуб мешуд.»

Неъмат Қаробоев, аввалин Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Миёна аст. Ӯ дар ҷанги Шӯравӣ зидди финнҳо корнамоӣ карда, 21 марти соли 1940 бо қарори Президиуми Шӯрои Олии СССР – и собиқ унвони қаҳрамониро гирифтааст. Моҳи июли соли 1942 ҳангоми як задухӯрд бо артиши Олмони фашистӣ дар дарёи Дон ҳалок шудааст.

Шоири шинохтаи тоҷик Алӣ Бобоҷон дар бораи зиндагӣ ва корномаи Неъмат Қарабоев китоби «Нахустқаҳрамони тоҷик» - ро навиштааст. Дар саросари Тоҷикистон кӯча ва мактабҳо ба номи ӯ гузошта шудаанд, аз ҷумла яке аз хиёбонҳои бузурги Душанбе номи ӯро дорад. Соли 1993 яке аз қуллаҳои Помир, ки 4000 метр баландӣ дорад, бо номи ӯ гузошта шуд. Ҳайкали ӯ дар зодгоҳаш шаҳри Конибодом соли 1962 гузошта шуда буд.
XS
SM
MD
LG