Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Тоҷикистон


68-умин солгарди пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ дар ҷанги дуюми ҷаҳонро дар Тоҷикистон бо маросимҳои вижа ва сайругаштҳои идона таҷлил карданд.

Субҳи панҷшанбе, 9-уми май, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва сарфармондеҳи неруҳои мусаллаҳи кишвар, бар пояи «Оташи абадӣ», ки дар Боғи ғалабаи шаҳри Душанбе воқеъ аст, гулчанбар гузошт ва дақиқае хотири қурбониёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳониро гиромӣ дошт.

Он гуна, ки хабарнигори Радиои Озодӣ аз Боғи ғалабаи шаҳри Душанбе хабар дод, гулчанбарҳо ба пояи «Оташи абадӣ» аз номи ҳукумати Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ ва шаҳрдории Душанбе гузошта шуданд. Дар маросими ботантанаи гулгузорӣ дар Боғи ғалаба, куҳнасарбозон, афсарону сарбозони вазорати дифоъ низ ширкат карданд.

Аммо он гуна, ки қаблан эълом шуд, имсол таҷлили Рӯзи ғалаба дар Тоҷикистон танҳо бо ин маросим ва баргузории маҳфилҳои идона ва сайру гашти сокинон маҳдуд аст ва баргузории паради низомӣ дар назар нест.

Рӯзи гузашта дар маркази вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон, маҳфилҳои бошукӯҳ ва ботантана ба муносибати солгарди пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ баргузор шуд ва интизор меравад имрӯз сайру гашти идона доир шавад.



Раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ рӯзи гузашта дар паёми табрикие ба муносибати 68-умин солгарди пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ, Ҷанги Дуюми Ҷаҳониро мудҳиштарин фоҷиаҳои аҳли башар хонда ва гуфт, Тоҷикистон то кунун оқибатҳои бади он ҷангро эҳсос мекунад.

Дар паёми Эмомалӣ Раҳмон омадааст, Тоҷикистон дар он замон “ба мушкилоти сахту сангин ва хисороти ниҳоят зиёди моддӣ рӯбарӯ гардид, ки азияташ то имрӯз идома дорад.”

Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷанги шӯравии собиқ бо Олмони фашистӣ, ки аз соли 1941 то соли 1945 идома кард, 300 ҳазор тоҷикистонӣ ҳам ширкат карда ва 100 ҳазор нафари онҳо дар майдонҳои набард ҷон бохтаанд. Айни замон ба гуфтаи ӯ дар Тоҷикистон 1441 собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд ва ҳукумат дар ҳаққи онҳо пайваста ғамхорӣ мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо ишора ба авзоъи имрӯзаи ҷаҳон гуфтааст, нооромӣ дар гӯшаҳои мухталифи ҷаҳон масъулияти сохторҳои қудративу интизомии Тоҷикистонро бештар мекунад. Ӯ гуфтааст: "хусусан, дар шароити имрӯза, ки минтақаву кишварҳои гуногуни олам бар асари шиддат гирифтани рақобату муқовимати доираву нерӯҳои мухталиф ноором гардидаанд, масъулияти сохторҳои низомӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакати мо низ ба маротиб меафзояд."

Зимнан, 9 май дар Тоҷикистон расман таътил аст.
XS
SM
MD
LG