Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Танки маркази Душанбе метавонад тир холӣ кунад" (ВИДЕО)


Пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба тармиму рангубори танке, ки ба шарафи Ҷанги бузурги ватанӣ дар маркази шаҳри Душанбе гузошта шудааст, оғоз кард.

Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба тармиму рангубори танке оғоз кард, ки дар маркази шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, ба шарафи Ҷанги Бузурги Ватанӣ гузошта шудааст.

Ғафур Шерматов, хабарнигори пойгоҳи низомии 201-уми Русия рӯзи 29 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шурӯъ аз соли 1987 дар остони таҷлил аз Иди Ғалаба, ки ҳар сол, 9-уми уми май ҷашн гирифта мешавад, ин танк аз сӯи сарбозону афсарони пойгоҳи 201 тармиму бозсозӣ мешавад ва ҳамчунин қисмҳои кӯҳна ва фарсудашудаашро аз нав барқарор мекунанд. Ҳадаф, ба гуфтаи ӯ, ҳифзи ин ёдгорӣ ва рамзи фидокориҳои тоҷикон дар ҷанги зидди Олмони фашистист.

Ҷаноби Шерматов меафзояд, барои бозсозии ин танк имсол беш аз 10 нафар аз сарбозону афсарони пойгоҳи 201 Русия дар Тоҷикистон ҷалб шудаанд.
Ҳарчанд ин танк ҳудудан 28 сол боз аслан ба кор дароварда нашудааст, вале ба гуфтаи масъулини пойгоҳи 201-уми Русия, он дар ҳолати хуб қарор дорад ва метавонад ҳатто тир холӣ кунад, вале баъзе аз қисмҳои онро кандаадн, то он мавриди истифода қарор нагирад.

Валерий Черничев, як корманди пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон мегӯяд: «Баъди чанд соли гузошта шудани ин танк дар Майдони Ғалаба мо сӯзишворӣ ва дигар лозимаро овардаву тафтиш кардем танкро. Маълум шуд, ки танк мисле ки дар замони ҷанг кор мекард, имрӯз ҳам кор мекунад. Соли гузашта тармими куллӣ карда шуд ин танк ва имсол ҳам дар ҷашни Ғалаба зоҳири он нав карда мешавад.»

Ин танк ҳамчун рамзи қаҳрамониҳо ва фидокориҳои мардуми Тоҷикистон дониста мешавад, ки соли 1944 дар ақибгоҳ бо ҷамъоварии маблағ тавонистанд 10 танк харидорӣ кунанд ва ба фронт бифиристанд. Пас аз Ҷанги бузурги ватанӣ яке аз ин танкҳоро тавассути қатора ба Душанбе оварда, ба пойгоҳи низомии 201, он замон дивизияи 201-уми артиши СССР, супурданд.
Баъдан дар соли 1985 бо қарори ҳукумати шаҳри Душанбе ҳамчун нишони қаҳрамониҳои мардуми Тоҷикистон дар майдони Ғалаба гузошта шудааст. Ҳоло дар ҳар ду тарафи танк рақами 201 дарҷ ёфтааст, ва ин рақам боис шуда, ки бархе аз сокинони пойтахт онро чун рамзи артиши Русия ҳам талаққӣ мекунанд.

Дар милаи танк 5 ситора тасвир шудааст, ки гуфта мешавад, аз ғолибияти танки мазкур бар дастикам кам 5 танку тӯпи душман дарак медиҳад.

Иттиҳоди Шӯравӣ солҳои 1941-1945 алайҳи Олмони фашистӣ ҷангид. Дар ин ҷанг, ки бахше аз ҷанги дувсуми ҷаҳонист ва дар паҳнои пасошӯравӣ бо номи Ҷанги бузурги ватанӣ маъруф аст, бино ба ҳисобҳо, беш аз 50 миллион нафар, аз ҷумла то 27 миллион аз мардуми СССР ҷон бохтанд. Ҷанги дувуми ҷаҳон бо ин даҳҳо миллион қурбониаш хунинтарин ҷанг дар таърихи башарият ба шумо меравад.

Аз Тоҷикистон ҳам дар сангарҳои Ҷанги бузурги ватанӣ 270 000, ё тақрибан панҷяки аҳолии вақти ин ҷумҳурӣ ширкат варзида, қариб 90 ҳазораш дар он ҷанг шаҳид шуданд. 54 зодаи Тоҷикистон дар Ҷанги бузурги ватанӣ ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ даст ёфтанд. Дар ҳоли ҳозир аз ҷамъи собиқадорони Ҷанги бузурги ватанӣ дар Тоҷикистон 1134 нафар боқӣ мондаанд. Бо қарори ҳукумат дар остонаи Иди Ғалаба ба ҳамаи собиқадорони ин ҷанг ё аҳли хонаводаҳои онҳо 1000 сомонӣ кумак расонда мешавад.
Таъмири танки маркази Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:58 0:00
XS
SM
MD
LG