Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як пирӯзии бобои Занҷир баъди 68 соли ҷанг


Як собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Кӯлоб баъди се сол тавонист худро сафед ва обрӯяшро барқарор кунад.

Пас аз се соли даъват нашудан ба чорабиниҳои расмӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба як иштирокчии ҷанг алайҳи фашизм дубора ба ин чорабинӣ даъват шуд. Ӯро Абдуғаффор Раҳмонов, шаҳрдори Кӯлоб низ шахсан ба иди Ғалаба табрик кард.

Занҷир Ашӯров, иштирокчии 95- солаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки се сол қабл аз ҷониби комиссариати ҳарбии Кӯлоб аз ҳама гуна имтиёз ба хотири «таққалуб дар ҳуҷҷатҳо» маҳрум шуда буд, имкони дубораи иштирок дар чорабиниҳои расмиро пайдо кард. Соли 2010 коммиссариати ҳарбии Кӯлоб бо як нома ба шӯъбаи ҳифзи иҷтимоӣ ҳуҷҷатҳои ин мардро тақаллубӣ дониста, хост, то анҷоми таҳқиқ ба ӯ нафақа надиҳанд ва дигар ӯро ба чорабиниҳои расмӣ даъват накунанд.

<​Аммо Занҷир Ашӯров ин мактуби коммиссариати ҳарбиро тӯҳмат дониста, дубора ба бойгонии Русия нома навишт. Соли гузашта дар посух бойгонии Русия навиштааст, ки «Занҷир Ашӯров аз соли 1942 дар корхонаи танкбарорӣ кор карда, баъдан то поёни ҷанг ҳамчун пулемётчӣ бар алайҳи фашизм ҷангидааст.» Ин мард мегӯяд, ҳоло хурсанд аст, ки дубора дар паҳлӯи ҳамсангаронаш «Рӯзи ғалаба»-ро таҷлил мекунад.

Ӯ афзуд: «Бо ҳамин пириам ба тамоми ҷо давидам. Агар хомӯш менишастам, инҳо обрӯи маро мерезонданд. Фардо тамоми наберагонам сари хам медоштанд, ки бобои шумо фиреб карда, пули давлатро хӯрдааст. Ба мақсадам расидам, ки обрӯям дубора барқарор шуд.»


Посухи бойгонии Русияро, ки Занҷир Ашӯровро бо собиқаи 7- солаи хидмат дар артиши Шӯравӣ иштирокчии Ҷанги Бузурги ватанӣ медонад, додситонии вилояти Хатлон баррасӣ карда, тамоми имтиёзҳои ӯро дубора барқарор кардааст.

Зӯҳро Муродова, мутахассиси раёсати ҳифзи иҷтимоӣ дар шаҳри Кӯлоб дар як сӯҳбат гуфт, ҳоло ӯ нафақаашро ҳар моҳ саривақт мегирад. Хонум Муродова афзуд: «Мо дар асоси мактуби коммиссариат нафақа ва имтиёзҳои ӯро баста будем. Аммо мӯйсафед бо мактубҳо исбот кард, ки ӯ иштирокчии ҷанг ҳаст. Мо гуноҳ надоштем, зеро дар асоси мактуб кор кардем. Мактуб, ки омад, пурра нафақаи мӯйсафедро, ки нагирифта буд, додем».

Маҳмадрасул Розиев, коммиссари харбии Кӯлоб дар сӯҳбати се соли пеш ба «Озодӣ» гуфта буд, ки ҳуҷҷатҳои ин мард комил нест ва бо эҳтимоли зиёд ӯ иштирокчии Ҷанги Бузурги ватанӣ нест. Ӯ гуфта буд, ки агар дар додгоҳ собит шавад, ки ӯ иштирокчии ҷанг нест, пас пайвандонаш маблағҳои ин ҳама сол гирифтаи ӯро бояд ба давлат баргардонанд. Аммо ҳоло ки ин баҳс ба манфиати Занҷир Ашӯров анҷомидааст, Маҳмадрасул Розиев низ дигар коммиссари ҳарбии Кӯлоб нест ва аз сӯҳбат дар ин мавзӯъ худдорӣ мекунад.

Пайвандони Ашӯров вале иддао доранд, ки бояд барои тӯҳмат коммиссар ҷазо дода шуда, зарари маънавии расида ба собиқадори ҷанг ҷуброн шавад. Нурулло Ашӯров, фарзанди ин иштирокчии ҷанги Шӯравӣ алайҳи фашизм мегӯяд, падараш, ки хеле бардаму солим буд, пас аз ин баҳсҳо сактаи дил гирифт ва ҳоло саломатиаш хуб нест. Ба гуфтаи ӯ, падараш то 90- солагӣ аз ҳеҷ беморие шикоят надошт, аммо пас аз ин моҷаро якбора ба бистари беморӣ афтод: «Аз ҳеҷ чиз шикоят надошт, вале ин баҳсҳо ӯро шикаст. Пас аз омадани мактуб аз бойгонии Русия гӯё ӯ дубора ғолиб шуд. Мо то ҳол падарамро табобат мекунем. Муҳим дубора обрӯи мо барқарор шуд. То барқарор шудани имтиёзҳояш мо сарамонро баланд бардошта наметавонистем.»

Аз шаҳру навоҳии Кӯлоб беш аз 13 000 нафар дар ҷанги миёни Иттиҳоди шӯравӣ ва Олмони фашистӣ, ки бештар бо номи ҷанги Бузурги Ватанӣ маълум аст, ширкат кардаанд. Феълан дар шаҳру навоҳии минтақа наздики 30 нафар аз иштиркочиёни ин ҷанг ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG