Пайвандҳои дастрасӣ

Ба дунболи гаравгонгирии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Бодканд тартиби сахти назорат дар ин вилоят ҷорӣ шудааст.

Ҳашт ронандаи тоҷик, ки рӯзи 22-юми июн аз чанд шаҳрвандони Қирғизистон раҳо шуданд, бо мусоидати мақомоти вилояти Бодканд, ҳаммарз бо Исфара, ба зодгоҳи худ бозгаштаанд. Дар ин бора як манбаъ аз Бодканд хабар дода ва гуфт, ба молу ҷони ронандаҳо ҳеҷ осебе нарасидааст.

Ба қавли манбаъ, шаҳрвандони тоҷикро гурӯҳи зудамали милисаи Қирғизистон, ки аз Бишкек таҳти раҳбарии муовини сардори вазири умури дохилӣ ҳозир шуда буд, бо роҳандозии амалиёте раҳо кардаанд.

Дар пайи ҳодисаи гаравгонгириҳо мақомоти интизомӣ дар Бодканд тартиби сахти назоратро ҷорӣ кардаанд. Як манбаъ аз Бодканд гуфт, ҳашт ронандаи тоҷик аз Чин бо "КаМАЗ"-ҳои худ тариқи Қирғизистон ба Тоҷикистон бармегаштанд. Онҳоро дар Бодканд гурӯҳе аз қирғизҳо таҳти раҳбарии яке аз фарзандони 3 шаҳрванди боздоштшудаи Қирғизистон дар Исфара гаравон гирифтаанд.

Як рӯз пеш Саидҷон Эрматов, ноиби ҳокими вилояти Бодканд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки гурӯҳи иборат аз 100 то 150 шаҳрванди Қирғизистон ҳашт ронандаи мошинҳои боркашеро, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон тааллуқ доштанд, боздошт ва дар як гаражи бузург дар шаҳри Бодканд бандӣ карданд. Барои озодии онҳо ҳайати иборат аз кӯҳансолон, рӯҳониён, кормандони додситонии вилоят ва дигар мақомот сафарбар шуданд. Гуфтушунидҳо натиҷа надод ва гаравгонгирон таҳдид карданд, ки шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар маҳбаси Исфара нигаҳдорӣ мешаванд, озод нагарданд, гаравгонҳо ба қатл хоҳанд расид.

Гуфтушунидҳо то соати 16:00-и рӯзи ҷумъа давом карданд ва ҳангоме, ки вазъ муташанниҷ шуд, ниҳодҳои интизомии вилояти Бодканд даст ба амалиёти наҷот и гаравгонҳо заданд. Дар натиҷа, гаравгонҳо озод ва ба минтақаи амн интиқол дода шуданд. Нӯҳ нафар аз гаравгонгирон боздошт ва мавриди таҳқиқи ҷиноӣ қарор хоҳанд гирифт.

Ҷаноби Эрматов гуфт, баъди муоинаи тиббӣ маълум шуд, ки вазъи саломатии гаравгонҳои тоҷик хуб аст ва онҳо ба тафтишоти ҷиноӣ кӯмак мекунанд ва сипас ба дасти мақомоти Тоҷикистон супурда хоҳанд шуд.

Айни замон, Идораи марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки феълан ин хабарро тасдиқ карда наметавонад.


Рӯзе аз ин пеш дар деҳаи Қарабоғи вилояти Ботканд, каме дуртар аз шаҳри Ботканд сокинони маҳаллӣ 16 (тибқи манобеи дигар - то 19 нафар) шаҳрванди Тоҷикистонро гаравгон гирифтанд ва дар паи музокираву гуфтугӯи мақомот онҳо раҳо шуданд. Раёсати умури дохилаи вилояти Боткан гуфтааст, ки дар робита бо ҳодисаи гаравгонгирӣ парванда боз ва таҳқиқ шурӯъ шудааст. Хабарнигори Озодӣ дар Суғд Маъсуми Муҳаммадраҷаб мегӯяд, ки тоҷикистониҳо ба бозори наздимарзии деҳаи Қарабоғ барои харид рафта буданд, ки боздошт шуданд. Аммо бо мусоидати мақомоти Бодканд гаравгонҳо, ки дар як гараж нигаҳ дошта мешуданд, рӯзи ҷумъа раҳо шуданд. Онҳо баъди бозпурсӣ аз ҷониби мақомоти Бодканд ба Тоҷикистон баргаштанд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти интизомии Суғд мегӯянд, дар Исфара ба таҳқиқи ҳодисаи боздошти 3 шаҳрванди қирғиз вақти интиқоли симоби сурх ва гаравгонгирии гурӯҳи тоҷикон аз ҷониби қирғизҳои Бодканд машғуланд.

Мирзонаим Муртазоев, сардори ситоди идораи корҳои дохилии Суғд дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоле ки қазия мавриди бозомӯзӣ ва маводи мусодира дар ташхис қарор дорад, дар бораи шахсияти боздоштшудаҳо ва миқдор ва чигунагии маводи мусодирашуда чизе гуфта наметавонад. Аммо вай таъкид кард, ки ҳодисаҳои боздошти се сокини Бодканд зимни қочоқи симоб ва ба думболи он гаравгонгирии 16 сокини Исфара аз ҷониби пайвандони қирғизҳои боздоштшуда дар бозори наздимарзии деҳаи Қарабоғ, ҳаммарз бо деҳаи Лаққон ба ҳам рабте надоранд.


Вале ба гуфтаи мақомоти вилояти Бодканд, 3 шаҳрванди Қирғизистон аз вилояти Бодканд: Икром Айтматов, Манас Нодиров ва Чингиз Абдураҳмоновро кормандони интизомии тоҷик шоми 20-уми июн дар ҳудуди шаҳраки Шӯроб бо 103 кило симоби сурх дастгир карданд. Симоби сурх номи рамзии маводи заҳрнок ва радиоактивӣ, дорои зичии зиёд, ба 150 дараҷаи сардӣ тобовар буда, ҳамчунин гоҳе зери ин унвон аз маводи сахттаъсири нашъадор ва бархе маводи низомии мамнуъ низ ном мебаранд.

Як милисаи Исфара бе зикри номаш гуфт, гаравгонҳо аз чӣ тавр ба гарав гирифта шудан ва ҳолашон дар "асорат" бозпурсӣ хоҳанд шуд. Зиёда Маллаева, як сокини деҳаи Лаққони Исфара ба Озодӣ гуфт, шавҳараш – Акбаралӣ соатҳои 11 – и шаби гузаштаи 21 июн з Бодканд баргашта буд ва акнун ӯро барои бозпурсӣ ва таҳқиқи ҳодиса ба идораи корҳои дохилии рақами 1 – и Исфара бурдаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG