Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷанҷоли тоҷикҳову қирғизҳо сабаби истеъфои волӣ шуд


Орзубек Бурханов, раиси пешини вилояти Бодканди Қирғизистон.

Орзубек Бурханов, раиси пешини вилояти Бодканди Қирғизистон.

Нахуствазири Қирғизистон бо дастуре раиси вилояти Бодканд Орзубек Бурхановро аз мақом барканор кард.

Кумиссиюни ҳукуматӣ баъд аз расидагӣ ба сабабҳои моҷарои миёни тоҷикон ва қирғизҳои деҳаи Андарак пешниҳод карда буд, ки раиси вилоят бояд аз мақоми худ истеъфо диҳад.

Бештар аз як моҳи пеш, 28-уми декабр дар ин деҳа миёни тоҷикон ва қирғизҳо задухӯрд ба амал омад ва кормандони мақомоти интизомӣ мегӯянд, баъд аз он вазъ дар ин вилоят то андозае нигаронкунанда шудааст. Ин вилоят бо Тоҷикистон ва Узбакистон ҳаммарз аст.

Дар як мусоҳиба Султон Ортиқов, раиси радиои “Салом” дар шаҳри Ботканд -- маркази вилояти Бодканд ба мо гуфт, барканории раиси пешини вилоят сабабҳои иҷтимоӣ дорад: "Дар деҳаи Андарак масъалаҳои иҷтимоӣ, аз қабили масъалаҳои обу замин ҳал нашуда боқӣ монда буд. Ба ҳамин сабаб, миёни тоҷикону қирғизҳо задухӯрд ба амал омад. Ба ҳамин сабаб, вақте кумиссиюни ҳукуматӣ вазъро омӯхт, ба хулосае расид, ки раиси вилоят ин гуна масъалаҳои иҷтимоиро ҳал накардааст. Вале дирӯз Аризбек Бурканов -- раиси барканоршуда гуфт, ин як баҳона аст."

Радиои Озодӣ: Ҳоло Шумо муносиботи миёни тоҷикону қирғизҳоро дар минтақа чӣ тарз арзёбӣ мекунед?

Султон Ортиқов: "Дар вилояти Ботканд, ба вижа дар деҳаи Андарак вазъ хеле ором аст. Ҳатто дирӯз аҳолии тоҷикзабон ба Андарак омаданд. Худи аҳолии шаҳри Ботканд аз раиси пешин ҳимоят мекунанд. Тоҷикони маҳаллӣ ҳам дирӯз як ҷо бо онҳо ба эътироз баромаданд ва аз раиси пешин Бурканов ҷонибдорӣ карданд. Андарак ором аст, вале дар деҳаи Айдаркен миёни тоҷикону қирғизҳо вазъ нигаронкунанда мебошад.”

Радиои Озодӣ: Дар охири ҳафтаи гузашта дар деҳаи дигар дар Айдаркен як сокини тоҷиктабори ин деҳа барои куштори як духтари қирғиз боздошт шуд. Фикр намекунед, ин куштор ва ташаннуҷи вазъ миёни қирғизҳо ва тоҷикон идомаи моҷароиҳои 28-уми декабри Андарак бошад?

Султон Ортиқов: “Не, не. Ин як қадами дигаре дар роҳи ташдиди муноқишаи миёни қавмҳои тоҷику қирғиз арзёбӣ мешавад. Норизоятӣ ва моҷароҳо кам-кам идома дорад ва ин ҳодиса ба навъе муноқишаи қавмиро доман мезанад.”

Гуфтугӯ бо аҳолии деҳаи Андараки минтақаи Лайлак, вилояти Бодканд.

Гуфтугӯ бо аҳолии деҳаи Андараки минтақаи Лайлак, вилояти Бодканд.



Радиои Озодӣ: Чаро дар вилояти Ботканд муноқишаҳои қавмӣ бештар мешавад?

Султон Ортиқов: "Сабаб ин аст, ки дар вилояти мо қавмҳои зиёд зиндагӣ мекунанд ва масъалаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва мисли он бидуни ҳал боқӣ мондаанд. Масалан, дар деҳаи Андарак дар бисёре аз ҷойҳои хуб тоҷикон зиндагӣ мекунанд. Вале дар ҷойҳое, ки зироат намерӯяд, қирғизҳо ба сар мебаранд. Барои ҳамин, қирғизҳои маҳаллӣ худро таҳқирдида ҳисоб мекунанд. Ин ҳам яке аз сабабҳои низоъ дар деҳаи Андарак шудааст.”

Радиои Озодӣ: Дар деҳоти дигари тоҷикнишини вилояти Ботканд муносибати миёни тоҷикҳову қирғизҳо чӣ тавр аст?

Султон Ортиқов: "Вазъ дар Учқурғони Қадамҷой низ чандон ором нест. Дар Учқурғон тақрибан 30 ҳазор аҳолӣ ба сар мебарад. Тоҷикон зиёданд. Мегӯянд, ки дар он ҷо низ норизоятиҳо ҳаст. Умуман, Бодканд вилояти мураккаб аст. Раҳбари нав бояд бо анъанаву рӯҳияи мардуми ин минтақаро донад. Ман намедонам, ки масъалаҳои қавмиву иҷтимоӣ чӣ тарз ҳал мешавад, вале сокинони шаҳри Ботканд мухолифи Жениш Раззоқов - раиси нави вилоят мебошанд."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG