Пайвандҳои дастрасӣ

Бахши ситоди ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд мегӯяд, ниҳодҳои ин ситод дар пайи даргириҳои ахир дар вилояти Ӯши Қирғизистон дар марз бо ин кишвар дар ҳолати омодабош қарор дорад.

Вилояти Суғд бо вилояти Бодканди Қирғизистон ҳудуди 250 километр марзи муштарак миёни минтақаҳои Исфараву Бобоҷон Ғафуров ва Бодканду Лайлак дорад.

Вазъ дар марз ором аст

Исмат Пӯлодов, сардори шуъбаи ташкилии ҳукумати Исфара, гуфт, дар марз бо Қирғизистон нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон тақвият ёфта, назорати сахттар ба роҳ монда шудааст. Ҳукумати Исфара ҷиҳати назорат аз авзоъ дар пайи нооромиҳо дар ҷануби Қирғизистон як шӯрои ҳамоҳангсоз таъсис доддааст, ки ба он сарони ҳама мақомоти давлатӣ шомиланд.

Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир хати марз ва дар анклав, ҷазирақаламравҳои тоҷикону қирғизҳо дар ин минтақа авзоъ ба ҳолати пешин ором аст ва тартиби равуои шаҳрвандон низ ба тартиби пештара сурат мегирад.

Вилояти Бодканди Қирғизистонро аз вилоятҳои даргириҳои Ушу Ҷалолободи ин кишвар ҳудуди 200 километр масофа ҷудо мекунад.

Аксари кулли аҳолии ин минтақаро бо фарқ аз ду вилояти даргир қирғизҳо ташкил медиҳанд ва аз рӯи хабарҳои дарёфтӣ, дар Бодканд вазъ зоҳиран муътадил ба назар меояд ва таҳти контроли мақомоти маҳаллӣ қарор дорад, ки аз ҳукумати муваққати Қирғизистон дастгирӣ мекунанд.

Исмат Пӯлодов, сардори шуъбаи ташкилии ҳукумати Исфара, гуфт, дар анклавҳое, ки қирғизҳову тоҷикон канори ҳам ба сар мебаранд, мисли деҳаи Хоҷаи Аъло, оқсақолҳо - пирони қирғиз мардумро ором ва аз ҳар гуна омилҳои ташаннуҷи авзоъ ҷилавгирӣ мекунад.

Эҳтимоли ташаннуҷи авзоъ дар вилояти Сух

Аммо таҳлилгарон ва коршиносони Суғд ташаннуҷи муносибат миёни тоҷикону қирғизҳо, ба таъсири даргириҳо дар вилоятҳои Ӯш ва Ҷалолободи ин кишварро дур аз эҳтимол намедонанд. Таҳлилгар Бобоҷони Икром бо ишора ба гуногунмиллатии аҳолии водии Фарғона ва ин ки даргириҳо дар ҷануби Қирғизистон ба худ шакли муноқишаи байниқавмӣ гирифтааст, мегӯяд, барои Тоҷикистон дар ин маврид аз ҳама муҳим он аст, ки аз ҳар гуна моҷарову муноқишаҳо худро барканор дорад ва нерӯҳои марзбониву дохилии худро дар ҳолати омодагӣ нигаҳ дорад.

Ба ақидаи вай, аз ҳадди назорат берун рафтани вазъ дар ноҳияи Сухи Узбакистон, ки бо 55 ҳазор аҳолии тоҷик, ба ҳайси анклав, дар канори қаламрави Қирғизистон воқеъ шудааст, таъсири манфӣ ба вазъ дар Исфара хоҳад гузошт.

Вай афзуд, «ман гумон мекунам, Узбакистон ҳам манфиатдор аст. Хушбахтона, дар Бодканд ҳам ба ин чиз аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд ва то ба имрӯз намегузоранд, ки миёни тоҷикону қирғизҳо дар ин минтақа муноқиша рух диҳад. Зеро агар муноқиша дар Ҷалолобу Ӯш миёни қирқизҳову узбакҳо бошад, муноқишаи Сух ва маҳалҳои канории он миёни тоҷикҳову қирғизҳо хоҳад буд. Вазъият аз ин хеле мураккаб мегардад. Ин нозукиро сиёсатмадорони қирғиз, тоҷик, узбак ба хубӣ дарк мекунанд ва худо кунад, ки муноқишаи ҷануби Қирғизистон бо сулҳу салоҳ хотима ёбад.»

Бетаваҷҷӯҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ

Бархе аз коршиносони Суғд поён додани даргириҳои ҷануби Қирғизистонро танҳо бо дахолати нерӯҳои сулҳофарарини давлатҳои абарқудрати ҷаҳон мумкин медонанд.

Ба назари коршинос Алии Бозравӣ даргириҳои Қирғизистон заъфи фаъолияти созмонҳое, мисли Авруосиё, Шонгҳой ва СПАД–ро, ки ҳамоишу суббот дар кишварҳои узви худро, аз ҷумла Қирғизистонро аз ҳадафҳои аслии худ медонанд, дар таъмини воқеии ин шароит ба намоиш гузошт.

Вай афзуд, ки ба хотири наҷоти давлати Қирғизистон бояд ин созмонҳо дар канори СММ, ки низ дар ду ҳафтаи даргириҳои хунини Қирғизистон – як кишвари узваш дар мавриди омӯзиши авзоъ ва ҳалли он ҷаласаи изтирорие даъват накард, ҳамоиши фавқулъоддие барпо ва авзоъи ин кишварро бо ворид намудани нерӯҳои сулҳофарин зери назорат бигиранд.

Вай афзуд, омил ва ҳадафҳои ҷилавгирӣ аз ворид шудани ҷангандаҳои Толибон ба минтақаҳои даргири ҷануби Қирғизистон ва пешгирӣ аз паҳн шудани даргириҳои қавмӣ дар манотиқи дигари Водии Фарғона бояд ҳама мақомоти давлатҳои Осиёи Марказӣ ва давлатҳоеро, ки хоҳони суббот ва оромӣ дар ин минтақа мебошанд, ба ин амр водор созад.

Чунки ба назар мерасад, ҳукумати Қирғизистон сарриштаи контроли авзоъ дар ҷануби ин кишварро оҳиста – оҳиста аз даст медиҳад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG