Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизистон: "Вазъ дар Андарак таҳти назорат аст"


Марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон

Марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ аз ҳодисаи задухурди байни тоҷикҳо бо қирғизҳо дар Ботканд нигаронӣ кард.

Шоми шанбе Ҳамроҳхон Зарифӣ бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбоев гуфтугӯи телефонӣ дошт. Дар ҷараёни сӯҳбат Казакбоев вазири хориҷии Тоҷикистонро итминон дод, ки низоъ ҷамбаи сиёсӣ ё қавмӣ надорад ва дар заминаи равобити маъмулии ду тараф ба миён омадааст. Ба гуфтаи ин мақоми давлати ҳамсоя, вазъ ҳоло комилан таҳти назорати ҳукумати Қирғизистон ва маъмурияти минтақаи Лайлаки Ботканд қарор дорад.

Низоъи байни намояндагони ду қавм, ки ҳарду дар деҳкадаи Андараки минтақаи Лайлаки Ботканд, воқеъ дар қаламрави Қирғизистон ба сар мебаранд, шоми дирӯз дар пайи ҷанҷоли ҷавонони тоҷику қирғиз сар зад. Дар ин деҳкада шаш ҳазор тоҷик ва ду ҳазор қирғиз зиндагӣ мекунад. Хабарнигори радиои Озодӣ аз нақли мақомоти маҳаллӣ гуфт, ки гурӯҳе аз тоҷикҳои маҳаллӣ се навраси қирғизро дар роҳ ба сӯи мактаб латту кӯб кардаанд.

Ба қавли ҳамин манбаъ, яке аз мактаббачаҳои қирғиз, соли таваллудаш 1995, бо ҷароҳатҳо ба шифохона интиқол ёфтааст.

Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ, дар ҳоле, ки мақомот таҳқиқи қазияро оғоз намуданд, тахминан як ҳазор тоҷик ва 500 қирғизи маҳаллӣ ҷамъ шуданд ва шабона миёни онҳо задухӯрде ба амал омадааст.

Баъди чанд соат, ин таҷаммуъ ба низои дастаҷамъонаи ҷонибҳо печид. Дар пайи ин ҷанҷол ду хона, чанд дукону нонпазхона ва як мошин ба коми оташ рафт. Дар бораи хисороти ҷисмониву ҷонии тарафҳо хабаре пахш нашудааст.

Орзубек Бурҳонов, волии вилояти Ботканд оҷилан дар минтақаи доғ ҳозир шуд ва ба думболи ин чораҳои амниятӣ низ таҳким ёфтанд. Ҳоло ҷаласаи волии Ботканд бо оқсоқолҳо ё афроди бонуфузи ин минтақа ҷараён дорад.

Ҷои ёдоварист, ки аксари сокинони деҳаи Андаракро тоҷикон ташкил медиҳанд.

Як сокини 25-солаи деҳаи Андарак бо номи Рустам ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳақиқат мақомот ва ходимони ҳифзи ҳуқуқу тартибот ба деҳа омада, кӯшиш доранд, ки назму суботро эҳё намоянд, вале то ҳол афроде, ки аз деҳаҳои ҳамсоя барои ҳимоят аз қирғизҳои маҳаллӣ омада буданд, Андаракро тарк накардаанд.

Рустам ҳамчунин гуфт, “задухӯрд аз он оғоз меёбад, ки се ҷавон (қирғизҳову тоҷикҳо) дар ҳолати мастӣ бо якдигар ҷангҷол мекунанд. Дар пайи ин занозанӣ қирғизҳо тарафдорони худро даъват карда, ҷамъ меоранд. Дар ҷавоб ба ин амали қирғизҳо тоҷикҳо низ ҷамъ мешаванд. Шабона бо ҳам ҷанг мекунанд ва дар натиҷа ду хона, чаҳор оғил, се мағоза ва хонаҳои тоҷиконро оташ задаву ғорат мекунанд. Намояндагони ниҳодҳои интизомӣ ду маротиба вохӯрӣ ва сӯҳбат карданд ва бачаҳое, ки гӯиё бо “гуноҳ”-и онҳо задухӯрд сар шуда буд, барои бозпурсӣ бо худ бурданд. Ояндаи ин қазияро то ҳол касе намедонад. Ин суолест, ки худи мо ҳам посухашро намедонем.”




Низоъҳо иҷтимоӣ миёни сокинони тоҷиктабор ва қирғизтабори деҳоти наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон қаблан ҳам рӯй дода буданд, вале мақомот низ доимо муваффақ шудаанд, ки аз роҳи музокирот ин гуна баҳсҳоро ҳаллу фасл кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG