Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон ва Қирғизистон шӯрои ҳамоҳангсози ду ҷониб дар ҳалли масоили муноқишаангез таъсис ёфт.

Идораи корҳои дохилии Суғд мегӯяд, мақомоти интизомии Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон таҳти раҳбарии раисони ду вилояти ҳаммарз шӯроҳои ҳамоҳангсози фаъолиятҳои дуҷониба дар ҳалли масоили муноқишаангезро таъсис додаанд.

Сухангӯи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд,
Агар пеш моҳе то даҳ мартаба баҳсу муноқиша дар талоши замину об рух медод, ҳоло то ҳадди ду-се мартаба коҳиш ёфт...

Фируз Боқӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин шӯроҳо то замони муайян ва нишонгузорӣ шудани марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон истифода нашудани заминҳои баҳсбарангези наздимарзӣ аз ҷониби сокинони ду кишварро таҳти назорат хоҳад дошт.

Вай афзуд, ин иқдом ба хотири пешгирӣ аз муноқишаи сокинони деҳоти наздимарзии Суғду Бодканд дар истифодаи якҷояи обу замин дар ин минтақа гирифта шудааст.

Бар пояи маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар мулоқоти сарони ниҳодҳои интизомии ду кишвар мавзӯи ҷилавгирӣ аз ҷинояткории фаромарзӣ, муқобала бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ, фаъолияти гурӯҳҳои мазҳабии тундрав ва террористӣ, ҷустуҷӯи ҷинояткорон баррасӣ шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки дар пайи муноқишаҳо миёни сокинони манотиқи ҳаммарз ва ниҳодҳои марзбониву интизомии Суғду Бодканд дар минтақаи Исфара моҳи апрел раҳбарони ин ду ноҳия бо ҳам мулоқот карда, таъсиси гурӯҳи кории муштарак ва шӯроҳои муштараки кӯҳансолон, занон ва ҷавонони тоҷику қирғизро барои ҳалли саривақтии мушкилот ва таъмини суботу оромӣ дар минтақа эълон дошта буданд.

Неъмат Олимов- раиси хоҷагии деҳқонии «Чоркӯҳ» мегӯяд, чунин шӯроҳо эҳтимоли низоъро то ҷое коҳиш додаанд, аммо мушкил ҳамчунон боқист: «Агар пеш моҳе то даҳ мартаба баҳсу муноқиша дар талоши замину об рух медод, ҳоло то ҳадди ду-се мартаба коҳиш ёфт. Ин натиҷаи фаъолияти якҷояи тоҷикҳову қирғизҳои маҳаламон аст. Аммо дар сатҳи ноҳияҳои Исфараву Бодканд таъсис додани шӯроҳи муштарак ҳалношуда монд. Ба ман гуфтанд, ки раиси ҳукумати ноҳияи Бодканд аз вазифа барканор шудааст ва ин масъала ҳам муаллақ мондааст.»

Ин дар ҳолест, ки Ҳаит Айконов – раҳбари пешини ҳукумати ноҳияи Бодканд дар мусоҳибаи қаблии худ бо Радиои Озодӣ аз чунин иқдом истиқбол карда гуфта буд, ки тоҷикону қирғизҳо аз қадим таҷрибаи ҳамзистӣ ва ҳалли масъалаҳои ихтилофбарангез бо роҳи гуфтугӯву музокираро таҷриба кардаанд.

Аммо аз нигоҳи коршинос, Тилав Расулзода эълони таъсиси гурӯҳҳои корӣ ва шӯроҳи ҳамоҳангсози тоҷику қирғиз бидуни амал, ҳанӯз ними кор аст: «Ҷиҳати дигари кор, ба андешаи ман, ин аст, ки на танҳо дар сатҳи давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва вилоятҳои Суғду Бодканд, балки дар сатҳи парламентҳои тоҷику қирғиз низ як комиссия ё гурӯҳҳои кории муштараки доимоамалкунанда таъсис дода шавад ва барномаҳои мушаххас таҳия кунанд ва бо мардуми одӣ вохӯрда, дар ҳаллу фасли масоили муноқишаангези онҳо иқдом кунанд.»

Бо ин вуҷуд сокинони одӣ ва коршиносон хотимаи баҳсу муноқишаҳои сокинони наздимарзии тоҷику қирғизро дар минтақаи Суғду Бодканд ба марзбандӣ шудани қаламравҳои байни ин кишварҳо дар ин минтақа рабт медиҳанд. Миёни Суғду Бодканд 270 километр хатти марз ҳанӯз муайян ва нишонагузорӣ нашудааст.


Дар мулоқоти мақомоти интизомии Суғду Бодканд дар шаҳри Исфара, ки рӯзи 21 июн сурат гирифт, ҳудуди 40 нафар аз масъулони ду тараф, ба шумули раҳбарони идораи корҳои дохилии Суғду Бодканд ва муовини вазири корҳои дохилии Қирғизистон иштирок доштанд.

Ин мулоқот дар ҳоле сурат мегирад, ки моҳи май Тоҷикистон тартиби гузари шаҳрвандон ва нақлиёти қирғизро ба вилояти Суғдро сода кард. Ҳоло нақлиёти борбари сокинони наздимарзии қирғиз танҳо бо шиноснома ва бидуни пардохти пешина 15 доллар барои муоинаи бор ва ронандаҳои нақлиёти мусофирбар бо карти ронандагӣ ва литсензия метавонанд озодона посгоҳҳои ҷониби Тоҷикистонро убур кунанд.

Тайи соли равон вазирони дифои Тоҷикистону Қирғизистон ду бор дар Қайроқум ва Исфара ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ алайҳи терроризм, низомиву фаннӣ, ҷилавгирӣ аз вуруди гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва тундрав, ҳамзистии тоҷикону қирғизҳо дар манотиқи ҳаммарз дидору гуфтугӯ карданд. Ҳамчунин моҳи гузашта Роза Отунбоева, раисҷумҳури Қирғизистон зимни дидор аз вилояти Бодканди ба таҳкими ҳусни ҳамсоягӣ бо Тоҷикистон таъкид кард.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG