Пайвандҳои дастрасӣ

Ахиран гурӯҳи намояндагони порлумони Қирғизистон пешниҳод карданд, ки дар мактабҳои тоҷикию узбакӣ таълим ба забони модариашон мамнӯъ шавад.

Аммо Асомиддин Саидов, сафири Тоҷикистон дар Бишкек мегӯяд, Қонуни асосии Қирғизистон барои ҳамаи миллатҳои сокини ин кишвар таълим ба забони модариашонро иҷоза додааст. Ӯ дар робита ба пешниҳоди ин гурӯҳи намояндагони порлумон гуфт: "Ин гурӯҳ даъвои китоб мекунад, пеш аз ҳама бояд ҳукуматдорони ин ҷумҳурӣ ва вазорати маориф барои таъмини мактабҳои тоҷикӣ дар Қирғизистон бо китоби таълимӣ кӯшиш кунанд. Кӯшиш аз тарафи худи ҳукуматдорон нест. Падару модари худи хонандагони мактаб ва гоҳо мо аз ҳар ҷо китоб меорем ва ба мактабҳо медиҳем, ки ҳадди ақал забони модариашонро фаромӯш накунанд. Барои ҳамин, ба фикри мо, гуфтаи гурӯҳи депутатҳо асоси реалӣ надорад."

​Радиои Озодӣ: Ҷаноби сафир, солҳои ахир таълим ба забони тоҷикӣ дар мактабҳо бештар шуд, квота барои таҳсили шаҳрвандони тоҷиктабори Қирғизистон дар донишгоҳҳои Тоҷикистон низ афзоиш ёфт. Фикр намекунед, ки пешниҳоди намояндагони порлумони Қирғизистон ин ташаббусҳои сафоратро камаҳамият мекунад?

Асомиддин Саидов: "Ман ин гуна фикр намекунам, чунки ин ақидаи ҳамаи мардуми Қирғизистон нест, балки ақидаи баъзе одамонест, ки шояд каме ғараз доранд ё каме ҳисси миллатгароӣ доранд. Ин пешниҳодро ҳукумати Қирғизистон дастгирӣ намекунад. Чунки мо дар бораи имконоти баробари ҳар ду миллат дар ҳар ду ҷумҳурӣ, яъне дар бораи таълим ба забони модарӣ, риояти урфу одатҳои миллӣ созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байни вазоратҳо дорем. Касе наметавонад, ин созишномаҳоро бекор кунад."

Радиои Озодӣ: Вазорати маорифи Қирғизистон дар бораи пешниҳоди ин гурӯҳи намояндагони порлумон чӣ мегӯяд?

Асомиддин Саидов

Асомиддин Саидов

Асомиддин Саидов: "Ин масъаларо вазорат дастгирӣ намекунад. Ман бо худи вазир мулоқот доштам. Вазорат дасташ кӯтоҳ аст, ин китобҳоро чоп карда наметавонад. Бо вуҷуди ин чунин ақидаҳоро вазир дастгирӣ намекунад."

Радиои Озодӣ: Оё имкон надорад, ки китобҳои таълимии забони қирғизиро ба забони тоҷикӣ барои мактабҳои тоҷикӣ тарҷума кунанд?

Асомиддин Саидов: "Ин кор соли гузашта шурӯъ шуда буд. Танҳо як китоби “Алифбо”-ро ба забони тоҷикӣ тарҷума карданд. Ҳамон ҳам бо дастгирии созмонҳои байнулмилалӣ. Барои тарҷума ва чоп кардан маблағ лозим аст. Агар ҳукумати Қирғизистон бо созмонҳои байнулмилалӣ ҳамкорӣ кунад, мумкин аст, дар оянда мо ҳам ҳамкорӣ кунем, ин масъала ҳал шавад. Лекин то имрӯз худи ҳукумат имкони ба забони тоҷикӣ тарҷума кардан ва чоп намудани китобҳои таълимиро надорад. Дар буҷаи Қирғизистон ин маблағ пешбинӣ нашудааст."

Радиои Озодӣ: Фикр намекунед, ки моҷарои 29-уми декабри соли гузаштаи ҷавонони қирғизу тоҷик дар деҳаи Андараки вилояти Ботканд ба ин гурӯҳи намояндагони порлумон ангеза дода бошад ва ҳоло онҳо мехоҳанд дар таҳсили фарзандони тоҷиктаборон маҳдудият ҷорӣ кунанд?

Асомиддин Саидов: "Инро ҳар хел баҳо додан мумкин аст, лекин ба назари ман муносибатҳои мо то ба он дараҷае нарасидааст, то ҳодисаҳое, ки характери криминалӣ доранд, баҳона шаванд. Ин ақидаи шахсони алоҳида аст."

Радиои Озодӣ: Ба ҳар ҳол, агар ин пешниҳоди онҳо амалӣ шавад, имкон дорад, ки ҷониби Тоҷикистон ҳам нисбат ба мактабҳои қирғизӣ дар қаламрави худ даст ба иқдоми ҷавобӣ занад?

Асомиддин Саидов: "Ба фикри ман, мо ҳеҷ гоҳ ба ин гуна ташаббуси хато роҳ намедиҳем. Онҳо ҳам шаҳрвандони мо ҳастанд ва Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ба ин роҳ намеравад."

ХУШБИНИИ ВАЗИРИ ТОҶИК

Равшанбек Собиров

Равшанбек Собиров

Равшанбек Собиров, раиси ҷумъияти тоҷикони Қирғизистон, ки ҳоло вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон аст ва то нишастан ба курсии вазирӣ узви порлумони Қирғизистон буд, бо назардошти мавқеи ҳукумати Қирғизистон чунин гуфт: “Масъала ба ин тартиб матраҳ мешавад, ки дар Қирғизистон дар мактабҳои таълими тоҷикӣ бояд таърих ва гимн ё суруди миллии Қирғизистонро омӯзанд. Китобҳои таълимӣ ба дигар забонҳо бо назардошти барномарезиҳои вазорати маорифи Қирғизистон ба нашр расанд. Масалан, онҳо мегӯянд вақте ки китобҳои таълимии забони тоҷикӣ ё узбакиро боз мекунӣ, дар сафҳаи аввал акси раисони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ё Узбакистон, парчам, нишон ва сурудҳои миллии ин ду кишварро мебинӣ, на нишонҳои расмии ҷумҳурии Қирғизистонро. Ҳоло миёни вазоратҳои маорифи Тоҷикистону Қирғизистон дар ин бора тавофуқ ба даст омадааст. Дар ояндаи наздик, яъне то моҳи сентябр ҳамаи мактабҳои тоҷикии Қирғизистон бо китобҳои таълимӣ таъмин хоҳанд шуд. Дар сафҳаи аввали ин китобҳо нишонҳои расмии Қирғизистон хоҳанд буд. Дар ин бора дар ҷаласаи ҳукумат Канатбек Содиқов, вазири маорифи Қирғизистон ваъда дод, ки то моҳи сентябр ин кор анҷом мегирад."



Қодири Мурувват

Қодири Мурувват

Қодири Мурувват, таҳлилгари тоҷики муқими Қирғизистон ва сардабири нашрияи тоҷикии “Паёми Алатоу” аз пешниҳоди гурӯҳи намояндагони порлумони Қирғизистон изҳори нигаронӣ карда ва гуфт: “Онҳо бо пеш овардани далел дар ин бора, ки гӯиё мактабҳои тоҷикии вилояти Ботканди Қирғизистон аз китобҳои дарсии чопи Тоҷикистон таълим мегиранд, пешниҳод кардаанд, ки синфҳои тоҷикӣ дар мактабҳо баста шаванд. Ин мавзӯъро мо зуд дунбол кардем ва воқеан ҳам боиси нигаронии мо шуд. Мо медонем, ки дар Қирғизистон ҳамагӣ се мактаби пурра тоҷикӣ мавҷуд аст ва дар 5 мактаби дигар синфи тоҷикӣ амал мекунад. Вале дар Тоҷикистон 64 мактаби қирғизӣ вуҷуд дорад, ки аз ҷумла 37-тои он пурра ба забони қирғизӣ буда, дар боқимонда синфҳои тоҷикиву узбакӣ ва қирғизӣ вуҷуд доранд. Ман ба худ фикр кардам, ки ин гуна масъалагузории депутатҳои порлумони Қирғизистон ба суди худи қирғизҳо нест, зеро агар чунин масъала пеш ояд ва фардо дар Тоҷикистон вокуниши ҷавобӣ нишон диҳанд, он гоҳ бародарони қирғиз аз мактабҳои қирғизии худ бебаҳра мемонанд. Ман боварӣ дорам, ки мақомоти марбутаи Қирғизистон, масъулони вазорати маорифи ин кишвар ҳаргиз ба чунин масъалагузорӣ розӣ намешаванд ва намегузоранд, ки дар оянда дар мактабҳои тоҷикӣ мушкил эҷод шавад. Тибқи саршумори ахири аҳолӣ, ки мо дар даст дорем, дар Қирғизистон ҳудудан 50 ҳазор тоҷиктаборон зиндагӣ мекунанд, ки аксари онҳо дар вилояти Ботканд буду бош доранд. Ҳамчунин дар вилоятҳои Ҷалолобод, шуморе ҳам дар вилояти Уш, вилояти Чӯй ва шаҳри Бишкек зиндагӣ мекунанд.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG