Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти аъзои "Ҷиҳод", ки муассисаш тоҷик будааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Нерӯҳои амниятии Қирғизистон бо кумаки рӯҳониёни ин кишвар аъзои як гурӯҳи тундгароро боздошт кардаанд.

Нерӯҳои амниятии Қирғизистон дар шаҳри Қизил-Қияи вилояти Ботканд бо кӯмаки шахсиятҳои мазҳабии ин вилоят амалиёте анҷом дода, дар ҷараёни он 10 нафар ҷавонро боздошт кардаанд.

Мақомот мегӯянд, ин ҷавонон худро аъзои гурӯҳи "Ҷиҳод" муаррифӣ кардаанд, ки соли 2011-ум таҳти раҳбарии як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Қӯшмуродов таъсис ёфтааст. Худи Қӯшмуродов дар ҷараёни яке аз чунин амалиёт дар шаҳри Қаросӯи вилояти Уш моҳи октябри соли 2011-ум аз байн бурда шудааст.

Нурлан Тоқталиев, сухангӯи Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон, гуфт, "ба ин гурӯҳ ҷавононеро ҷалб кардаанд, ки аз Ислом чизе намедонистанд. Баъд аз боздошт дар ҳузури хешовандон ва ҳамдеҳагонашон ба ин ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом гирифт. Ҷавонон рафтори нодурусти худро эътироф карданд. Ба онҳо ҳушдор доданд, ки дар оянда бо гурӯҳҳои тундрав ё террористӣ ҳамроҳ нашаванд. Бар зидди яке аз аъзои ин гурӯҳ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст."

Хешовандон ва ҳамдеҳагони ҷавонон дар ҳузури мақомоти интизомӣ қавл доданд, ки ҷавононро зери назорати худ мегиранд ва онҳоро намегузоранд, ки дар оянда ба фаъолиятҳои тундравона машғул шаванд. Танҳо бо ҳамин шарт ҷавононро ба муҷозот накашида ва раҳо кардаанд.

Ширкатдорони, ба истилоҳ, додгоҳи мардумии ин ҷавонон гуфтаанд, вақтҳои охир ҷавонони бекор зиёд шудаанд. Дар деҳае, ки ин ҷавонон иқомат мекунанд, дар баробари 3 мактаб 7 масҷид фаъолият дорад ва имом-хатибони масҷидҳо ҳам роҷеъ ба дини мубини Ислом дониши амиқ надоранд.

Каромат Орозова, сокини Қизил-Қия ва муовини раиси вилояти Ботканд дар ин бора чунин гуфт: “Мо бояд фарзандонамонро аз хурдсолӣ тарбия кунем, то дар оянда осудаву ором бошем. Масалан, дар деҳаи Қарабоғ 3 мактаб, вале 7 масҷид вуҷуд дорад. Мо медонем, ки дар ин масҷидҳо муллоҳо таълим медиҳанд, вале намедонем, ки чӣ таълим медиҳанд. Мо бояд ҷавононро бештар ба кор ҷалб кунем, набояд пулро аз ин корҳо дареғ дорем.”

Бо ин ҳол, дар бораи фаъолияти ин гурӯҳ, ки аз онҳо "Ҷиҳод" ном бурда мешавад, маълумоти кофӣ дар даст нест. Ҳамчунин гуфта намешавад, ки Қӯшмуродов сокини кадом минтақаи Тоҷикистон аст ва кай ба Қирғизистон рафтааст. Ин аз ҷумлаи камтарин амалиётест, ки барои боздошти аъзои гурӯҳҳои тундрав аз нерӯи рӯҳониён истифода мешавад.

Дар Тоҷикистон ҳам мақомоти амниятӣ борҳо амалиёт доир карда, аъзои созмону ҳаракатҳои мамнӯи мазҳабиро боздошт ва зиндон фиристодаанд. Мақомоти тоҷик бештар аз даҳ созмону ҳаракат, аз ҷумла Ҳизбуттаҳрир, Салафия, Ҷунбиши Исломии Узбакистон ва Ҷамоати Таблиғро мамнӯъ донистаанд.
XS
SM
MD
LG