Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгарони тоҷик дар 9 рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ дар 11 намуд ширкат карда, 2 медал (1 тилло ва 1 нуқра) ба даст оварданд.

Варзишгарони тоҷик дар 9 рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ дар11 намуд - бокс, вазнабардорӣ, варзиши сабук, волейболи соҳилӣ, гуштии озод, дзюдо, камонварӣ, тирандозӣ, ушу, футбол ва шиноварӣ - ширкат карда, 2 медал (1 тилло ва 1 нуқра) ба даст оварданд.

Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар гурзандозӣ дар сабқати мардонбо натиҷаи 76 метру 82 сантиметр мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Дарвоқеъ, ин аввалин медали Тоҷикистон дар Бозиҳои XVII осиёӣ ба шумор меравад. Дилшод Назарови 32-сола барои севумин бор дар Бозиҳои осиёӣ ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф шуд.

ГУШТИИ ОЗОД

Намояндаи дигари Тоҷикистон Залимхон Юсупов дар сабқати гуштии озод дар вазни то 65 килограмм рақибонаш Улуғмон Маматов аз Қирғизистон, Ихтиёр Наврӯзов аз Узбакистон ва Томотсугу Ишида аз Ҷопонро шикаст дода, ба финал баромад. Вале дар даври ниҳоӣ аз Ёгешвар Дутт аз Ҳиндустон бо ҳисоби 0-1мағлуб шуда, бо медали нуқра сарфароз гашт.

Гуштигирони дигари тоҷик Николай Ноев (-57 кг), Сомиршо Воҳидов (-70 кг) ва Искандари Рустам (-97 кг) дар даврҳои муқаддамотӣ мағлуб гашта, аз ҳаққи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд.

БОКС

Мавзуна Чориева, муштзани маъруфи тоҷик, дар нахустин даври сабқати бокс миёни занон дар вазни то 60 килограмм рақибаш Аяко Миноя аз Ҷопонро дар раунди аввал дар муддати ҳамагӣ 56 сония бо нокаут шикаст дод. ВалеМавзуна дар даври чорякниҳоӣ аз Тҳи Дуен Луу аз Ветнам бо ҳисоби 1-2 шикаст хӯрд ва бе медал монд. Инчунин, дар сабқати занон Светлана Веглина дар нахустин қувваозмоияш дар вазни то 51 кг аз Тҳи Банг Ли (Ветнам) бо ҳисоби 0-3шикаст хӯрд.

Дар сабқати бокс байни мардон Муродҷон Расулов дар вазни то 49 кг дар даври аввал аз Квангу Корнелис Лангу (Индонезия), Асрор Воҳидов (-56 кг) аз Муҳаммад Алвадӣ (Урдун) бо ҳисоби якхелаи 1-2 ва Анвар Юнусов (-60 кг) аз Сатоши Шимизу (Ҷопон) барои огоҳии севум мағлуб шуданд.

ДЗЮДО

Ёдовар мешавем, нахуст дар сабқати дзюдо се варзишгари тоҷик – Расул Абдушарифов (-66 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг) – имкони ба даст овардани медалҳои биринҷиро аз даст доданд ва дар натиҷа ҳарсе ҷойҳои 5-умро соҳиб гаштанд. Чор паҳлавони дигари тоҷик - Каъбатулло Аминов (-60 кг), Саидмухтор Расулов (73 кг), Фарҳод Раҳимов (-81 кг) ва Дадахон Қурбоналиев (-100 кг) бошанд, дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.

ФУТБОЛ

Дастаи мунтахаби футболбозони то 23-солаи Тоҷикистон дар бозии даври 1/8-ниҳоии мусобиқот аз тими Ироқ бо ҳисоби 2-4 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи сабқат маҳрум шуд.

ТИРАНДОЗӢ

Дар сабқати тирпарронӣ барои аввалин бор дар Бозиҳои осиёӣ мунтахаби Тоҷикистон бо теъдоди зиёд - 11 варзишгар (6 марду 5 зан) - ширкат кард. Ба ҳайати дастаи мардона ва ҳам дастаи занона, аслан, варзишгарони ҷавони синнашон 14-18 - сола шомил буданд. Натиҷаи нисбатан беҳтарро дар байни тирандозони тоҷик дар Бозиҳои XVII осиёӣ Малика Лагутенко нишон дод. Вай дар тирандозӣ аз милтиқ ба масофаи 10 метр бо 405,5 хол дар байни 54 нафар ширкаткунандагони мусобиқот ҷойи 40-умро гирифт.

ВОЛЕЙБОЛИ СОҲИЛӢ

Дар сабқати волейболи соҳилӣ дастаи мардонаи Тоҷикистон дар ҳайати ду нафар – Мӯҳсини Рустамзода ва Шариф Ёрзода – дар гурӯҳи худ дар ҳарсе бозӣ аз тимҳои Тайланд, Молдив ва Қатар бо ҳисоби якхелаи 0-2 шикаст хӯрд. Дастаи занонаи волейболи соҳилӣ низ дар ҳайати Шаҳноза Назирова ва Малика Диловаршоева дар нахустин бозиаш аз тими Чин ва дар бозии дувумаш аз тими Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 0-2 мағлуб гашт.

ШИНОВАРӢ

Дар сабқати шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо усули озод варзишгарони тоҷик Олим Қурбонов (27,65 сония) ва Раҷабмурод Қосимов (28,29) дар даври интихобӣ иштирок карда, аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум шуданд. Инчунин дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо усули брасс Ёқубҷон Умаров (1:23,35) дар даври интихобӣ дар байни 28 нафар ҷойи охиринро гирифт.

Дар сабқати ушу ва варзиши сабук (давидан ба масофаҳои мухталиф) низ намояндагони Тоҷикистон ба нокомӣ рӯбарӯ шуданд.

КАМОНВАРӢ

Дар сабқати инфиродии камонварӣ миёни занон Фирӯза Зубайдова бо 590 имтиёз дар байни 56 нафар занон ҷойи 45-умро соҳиб шуд. Дар сабқати инфиродӣ миёни мардон Роберт Нам бо 1231 хол дар байни 71 нафар ҷойи 43-юмро ишғол кард.

Дар сабқати вазнабардорӣ Низом Сангов дар вазни то 69 кг бо натиҷаи 262 кг (122+140) дар байни 23 нафар 12-ум, Азизҷон Шукуров дар вазни то 94 кг бо натиҷаи 288 кг (123+165) дар байни 16 нафар 11-ум шуданд.

Дар ин мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ варзишгарони тоҷик боз аз рӯи бокс, варзиши сабук, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, каратэ, қаиқронӣ, софт теннис ва таэквондо ВТФ рақобат мекунанд. Коршиносони соҳа боз аз варзишгарони тоҷик дар риштаҳои бокс (Ҷаҳон Қурбонов ), гуштии юнониву румӣ (Муродҷон Тӯйчиев) ва таэквон-до WTF (Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов ва Моҳрӯ Ҳалимова) натиҷаҳои баланд, медалҳоро чашмдоранд.

Дар Бозиҳои XVII осиёӣ, ки дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ то 4-уми октябр идома мекунанд, ҳайати варзишии Тоҷикистон бо шумули беш аз 150 нафар, аз он ҷумла 91 варзишгар, ширкат дорад. Дар Бозиҳои XVII осиёӣ мунтахаби Чин ҳам дар ҳисоби умумидастаӣ ва ҳам бо назардошти сифати медалҳо пешсафи ягона мебошад. Варзишгарони Чин то кунун ҳамагӣ 216 медал – 105 тилло, 63 нуқра ва 48 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.

Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 137 медал - 42 нишони тилло, 48 нуқра ва 47 биринҷӣ –дар ҷойи дувум аст. Варзишгарони Ҷопон бо касби 126 медал - 34 нишони тилло, 46 нуқра ва 46 биринҷӣ дар мақоми севуманд. Тими Қазоқистон (9 тилло, 11 нуқра ва 20 биринҷӣ) дар мақоми 4-ум ва мунтахаби Кореяи Шимолӣ (8 тилло, 8 нуқра ва 9 биринҷӣ) дар мақоми 5-ум мебошанд.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 33 кишвар медалҳои Бозиҳои XVII осиёиро ба даст овардаанд ва намояндагони 24 кишвар ба унвони қаҳрамони бозиҳо мушарраф шудаанд. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҷуз мунтахаби Қазоқистон, Узбакистон бо касби 1 нишони тилло, 4 медали нуқра ва 9 биринҷӣ дар ҷойи 18-ум, Тоҷикистон бо касби 1 нишони тилло ва 1 медали нуқра дар ҷойи 21-ум, Қирғизистон бо касби 2 медали нуқра ва 2 биринҷӣ дар ҷойи 26-ум ва Туркманистон бо касби 1 медали нуқра ва 2 биринҷӣ дар ҷойи 28-ум қарор доранд. Инчунин тими Эрон бо касби 7 медали тилло,8 нуқра ва 6 биринҷӣ дар ҷойи 6-ум аст. Вале варзишгарони Афғонистон то ҳоло медал нагирифтаанд.

Дар Бозиҳои XVII осиёӣ ҳудуди 9500 варзишгари 45 кишвар барои 439 маҷмӯи медалҳо оид ба 36 риштаи варзиш ва 48 намуд сабқат мекунанд. Шумораи аз ҳама зиёди варзишгарон дар ҳайати мунтахаби Чин – 888 нафар – иштирок доранд. Ба ҳайати мунтахаби мизбонон – Кореяи Ҷанубӣ 829 варзишгар шомил аст. Баъдан мунтахаби Ҷопон бо шумули 717 варзишгар ва Тайланд – 518 варзишгар ба Инчон омадаанд.

Шумораи аз ҳама ками варзишгарон дар дастаҳои Бруней (11 нафар), Бутан (16 нафар) ва Камбоҷа (20 нафар) мебошад. Теъдоди варзишгарон дар ҳайати дастаҳои мунтахаби кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин аст: Қазоқистон – 410, Узбакистон – 289, Қирғизистон – 115, Тоҷикистон – 91, Туркманистон – 80. Инчунин дар ин бозиҳо аз Эрон 281 ва аз Афғонистон 71 варзишгар ширкат доранд.

ҶАДВАЛИ МУСОБИҚОТИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР БОЗИҲОИ XVII ОСИЁӢ ДАР ИНЧОНИ КОРЕЯИ ҶАНУБӢ

29 сентябр (душанбе)

СОФТ ТЕННИС. Мардон. (Singles/ 09:00-18:29

ВАРЗИШИ САБУК. Бисёрҳарба. Занон. 10:00-11.15

ГУШТИНИ ОЗОД.Мардон. -61 кг, -74 кг, -86 кг. 13:00-17:00

БОКС. Мардон. -75 кг. 14:00-17:00

30 сентябр (сешанбе)

ТАЭКВОНДО. Мардон. -74 кг, -87 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

Занон. -49 кг, -87 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

ГУШТИНИ ЮНОНИВУ РУМӢ. Мардон. -59 кг, -98 кг. 13:00-17:00

ВАРЗИШИ САБУК. Давидан, 200 м. Мардон. 19:45-22.05

Давидан, 800 м. Мардон. 20:40-22.05

1 октябр (чоршнбе)

ГУШТИНИ ЮНОНИВУ РУМӢ. Мардон. -66 кг, -130 кг. 13:00-17:00

19:00-21:00

ТАЭКВОНДО. Мардон. -80 кг, +87 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

Занон. -57 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

2 октябр (панҷшанбе)

СОФТ ТЕННИС. Мардон. (Doubles) 09:00-14:30

ТАЭКВОНДО. Мардон. -63 кг, -68 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

3 октябр (ҷумъа)

ТАЭКВОНДО. Мардон. -54 кг, -68 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

КАРАТЭ. Мардон. Кумитэ. -60 кг. 11:50-16:50.Занон. +73 кг

Эзоҳ: Агар варзишгарон ва дастаҳо ба даври баъдӣ роҳ ёбанд, он гоҳ аз рӯи ҷадвали Бозиҳои XVII осиёӣ сабқатро идома медиҳанд. Замони баргузории мусобиқот ба вақти маҳаллист.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG