Пайвандҳои дастрасӣ

Мунтахаби футболи Тоҷикистон (U-23) дар бозии даври 1/8-ниҳоии мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи ҷанубӣ 26-уми сентябр аз тими Ироқ бо ҳисоби 2-4 шикаст хӯрд ва аз идомаи сабқат маҳрум шуд.

Дастаи мунтахаби футболбозони то 23-солаи Тоҷикистон дар бозии даври 1/8-ниҳоии мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи ҷанубӣ рӯзи 26-уми сентябр, аз тими Ироқ бо ҳисоби 2-4 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи сабқат маҳрум шуд.

Ин бозӣ дар варзишгохи «Инчон»-и шаҳри Инчон баргузор шуд. Ду голи мунтахаби Тоҷикистонро Дилшод Восиев (37) ва Фатҳулло Фатҳуллоев (88) заданд.

Мунтахаби Тоҷикистон муқобили дастаи Ироқ бо чунин ҳайат бозӣ кард: Алишер Тӯйчиев (капитан), Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Алишер Шарифов, Умедҷон Шарифов, Нуриддин Давронов, Ҷаҳонгир Эргашев (Шодибек Гаффоров, 82), Амирбек Ҷӯрабоев (Расул Файзов, 65), Ромиш Ҷалилов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев.

Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон (U-23), дар нишасти хабарие, ки баъд аз анҷоми ин бозӣ баргузор шуд, гуфт, “мо медонистем, ки дастаи Ироқ пурқувват аст ва муддаии медалҳои мусобиқот мебошад. Вале имрӯз маро баъзе аз тасмими доварон нигарон кард. Ман дар футбол солиёни дароз кор мекунам. Ва ҳайронам, голи аввалро, ки бо вайрон кардани қоида зада шуд, сардовар ҳисоб кард. Ҳол он ки дар ин маврид рақиб бозигари моро бо оринҷи дасташ зада буд. Дараҷаи доварии ҳакамон хеле паст буд. Дар ин бозӣ ду ҳимоятгари асосиамон - Наим Улмасов (ду огоҳӣ гирифтааст) ва Хуршед Бекназаров - ширкат надоштанд. Бо вуҷуди ин бачаҳои мо дар нимаи аввал хуб бозӣ карданд. Вале дар нимаи дувум қувваташон нарасид. Ба ҳар ҳол мо аз натиҷаи ширкати дастаамон дар ин мусобиқот қаноатмандем. Бачаҳо таҷоруби хуби бозии байналмилалӣ касб карданд.»

Ҳимоятгар Хуршед Бекназаров дар Бозиҳои Осиё аз ташхиси допинг нагузашт ва ба ин далел аз ҳаққи ширкат дар ин мусобиқот маҳрум шуда, бо қарори AFC- Иттиҳодияи футболи Осиё – дастикам 30 рӯзи дигар ҳаққи даст задан ба ягон фаъолияти марбут ба футболро аз даст додааст. Талафоти дигари тими Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё нимҳимоятгар Абдулло Саидов, ки дар Кореяи ҷанубӣ дарди кӯррӯда (аппендитсит)-аш хуруҷ кард ва инҷо ҷарроҳиаш карданд.

Мунтахаби Ироқ дар сабқати гурӯҳӣ бар тимҳои Непал (4:0), Ҷопон (3:1) ва Кувайт (3:0) пирӯз шудааст.

Натоиҷи бозиҳои дигари даври 1/8-ниҳоии мусобиқот:

25 сентябр (панҷшанбе)

Фаластин – Ҷопон - 0-4

Урдун - Қирғизистон – 2-0 (дар замони изофӣ)

Кореяи ҷанубӣ – Ҳонгконг – 3-0

Тайланд – Чин– 2-0

26 сентябр (ҷумъа)

Ироқ – Тоҷикистон – 4-2

Ветнам – Имороти Маттаҳидаи Араб - 1-3

Узбакистон –Арабистони Саудӣ – 2-3

Кореяи шимолӣ – Индонезия – 4-1

1/4 финал

28 сентябр (якшанбе)

Тайланд – Урдун

Арабистони Саудӣ – Ироқ

Кореяи ҷанубӣ – Ҷопон

Кореяи шимолӣ – Имороти Муттаҳидаи Араб

Нарзуллоҳи Латиф, Инчон, Кореяи ҷанубӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG