Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон аз Шӯрои олимпии Осиё кумак хост


Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар мулоқот бо раҳбарони Шӯрои олимпии Осиё барои сохтмони варзишгоҳҳо ва иншооти дигари варзишӣ кумак хостааст.

Дар ҷараёни Бозиҳои XVII осиёӣ дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ шайх Аҳмад Ал-Сабоҳ Ал-Фаҳад, раиси Шӯрои олимпии Осиё, Аҳтам Рустам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни Бозиҳои XVII осиёӣ дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ шайх Аҳмад Ал-Сабоҳ Ал-Фаҳад, раиси Шӯрои олимпии Осиё, Аҳтам Рустам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистонро, ки ба ҳайси меҳмони бозиҳо ба Инчон омадааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди варзиш дар Тоҷикистон баррасӣ шуд. Шайх Аҳмад аз иштироки ҳайати варзишии Тоҷикистон дар Бозиҳои XVII Осиёӣ изҳори хушнудӣ намуда, ба варзишгарони тоҷик комёбиҳо орзу кард.

Раиси Шӯрои олимпии Осиё, ки ду бор ба Тоҷикистон ташриф овардааст, изҳори боварӣ намуд, ки иқдомҳои пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба бунёди инфрасохтори варзишӣ, аз ҷумла сохтмони варзишгоҳҳо ва дигар иншооти ин соҳа, боиси рушди босуръати варзиш дар Тоҷикистон хоҳад шуд.

Дар ин мулоқот Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки Бозиҳои XVII осиёӣ дар сатҳи баланд ҷараён доранд ва мизбонон барои ширкаткунандагону меҳмонони бозиҳо тамоми шароити заруриро фароҳам сохтаанд. Вай ба шайх Аҳмад барои дастгириҳои пайвастааш ҷиҳати рушди варзиш дар Тоҷикистон сипосгузорӣ намуда, аз ӯ хоҳиш кард, ки барои таъмиру таҷдиди иншооти варзишии кишвар кӯмак намояд.

Дар ин мулоқот, инчунин, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев ва мудири кулли ин кумита Муҳаммадшо Абдуллоев ширкат доштанд.

Нарзуллоҳи Латиф, Инчон, Кореяи ҷанубӣ

XS
SM
MD
LG