Пайвандҳои дастрасӣ

Медали тилои Дилшод Назаров - нахустин медали Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё


Дилшод Назаров

Дилшод Назаров

Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, қаҳрамони Бозиҳои XVII Осиё гардид. Ин сеюмин нишони тилои гурзандози тоҷик дар Бозиҳои Осиё ва нахустин медали тими Тоҷикистон дар мусобиқоти имсола дар Инчони Кореяи ҷанубист.

Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, дар Бозиҳои XVII Осиё дар Инчони Кореяи ҷанубӣ дар гурзандозӣ унвони қаҳрамони ин мусобиқотро ба даст овард. Вай дар сабқати гурзандозӣ байни мардон, ки шоми 27-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Инчон баргузор шуд, бо натиҷаи 76 метру 82 сантиметр мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашт.

Дар сабқати гурзандозӣ байни мардон 12 варзишгар иштирок доштанд. Варзишгарони Чин Шизу Ванг бо натиҷаи 73 метру 65 сантиметр мақоми дувум ва Ёнг Ван бо натиҷаи 73 метру 43 сантиметр мақоми севумро соҳиб шуданд.

Дар воқеъ, ин аввалин медали Тоҷикистон дар Бозиҳои XVII Осиё ба шумор меравад. Дар сабқати гурзандозӣ 12 варзишгар ширкат дошт. Инчунин зодаи дигари Тоҷикистон Сӯҳроб Хоҷаев, ки Узбакистонро намояндагӣ мекард, бонатиҷаи 71 метру 43 сантиметр ҷойи 5-умро соҳиб шуд.

Дилшод Назарови 32-сола барои севумин бор дар Бозиҳои Осиё ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф шуд. Ин нахустин нишони тими Тоҷикистон дар Бозиҳои имсола дар Инчон аст. Тими Тоҷикистон, ки иборат аз 150 нафар, бо шумули 91 варзишгар, ба Бозиҳои 17-уми Осиё омадааст, тайи 7 рӯзи аввали ин мусобиқот ягон медал ба даст наоварда буд.

Мунтахаби Тоҷикистон сар аз соли 1994 барои бори шашум дар Бозиҳои осиёӣ ширкат дорад. Дар Бозиҳои пешин варзишгарони тоҷик ҳамагӣ 16 медал ба даст овардаанд, ки сетоаш тило, дутоаш нуқра ва ёздаҳтоаш биринҷӣ мебошад.

Ҷаҳон Қурбонов

Ҷаҳон Қурбонов

Аз он ҷумла, ду медали тилоро барои Тоҷикистон маҳз Дилшод Назаров ба даст овардааст, ки имрӯз барои бори сеюм ҷоми қаҳрамонии Бозиҳои Осиёро нӯш мекунад. Як медали дигари тило аз Бозиҳои Осиёро барои кишвари мо Ҷаҳон Қурбонов, муштзани маъруфи тоҷик, ба даст овардааст.

Дарвоқеъ, варзишгарони тоҷик соли 2010 дар Бозиҳои XVI осиёӣ дар шаҳри Гуанҷоуи Чин 4 медал (1 тилло ва 3 биринҷӣ) ба даст оварда буданд. Дилшод Назаров дар гурзандозӣ бо натиҷаи 76 метру 44 сантиметр бо медали тилло сарфароз гаштааст. Расул Боқиев дар риштаи дзюдо дар вазни то 73 кг ва Муродҷон Тӯйчиев дар намуди гуштии юнониву румӣ дар вазни 120 кг ва Ҷаҳон Қурбонов дар риштаи бокс дар вазни то 91 кг бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шудаанд.

Ба назари коршиносони соҳа дар Бозиҳои XVII осиёӣ аз варзишгарони тоҷик боз дар риштаҳои гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, бокс ва таэквон-до ВТФ натиҷаҳои баландро чашмдор шудан мумкин аст.

Дилшод Назарови 32-сола аз хушномтарин ситораҳои варзиши тоҷик ба шумор меравад ва шарафи Тоҷикистонро дар се Олимпиадаи ахири тобистона - соли 2004 дар Афина, соли 2008 дар Пекин ва соли 2012 дар Лондон - ҳимоят кардааст. Рекорди инфиродиаш дар гурзандозӣ 80 метру 31 сантиметр мебошад.

Бояд гуфт, ки Дилшод Назаров авоили моҳи январи соли равон муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст. Вай, инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон мебошад.

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) бар асоси назархоҳии хабарнигорони соҳа Дилшод Назаровро беҳтарин варзишгари соли 2013 эълон карда буд.

Нарзуллоҳи Латиф, Инчон, Кореяи ҷанубӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG