Пайвандҳои дастрасӣ

6 АКС: Пирӯзии Мавзуна дар сонияи 56-ум бо нокаут


Мавзуна Чориева, муштзани маъруфи тоҷик, дар нахустин даври сабқати бокс дар Бозиҳои 17-уми Осиё дар Инчони Кореяи ҷанубӣ алакай баъди 56 сония бо нокаут пирӯз шуд.

Мавзуна Чориева, муштзани маъруфи точик, дар нахустин даври сабқати бокс дар Бозиҳои XVII Осиёӣ дар Инчони Кореяи ҷанубӣ пирӯз шуд. Вай имруз, 27-уми сентябр, дар сабқати занон дар вазни то 60 кг рақибаш Аяко Минова аз Ҷопонро дар раунди аввал дар муддати ҳамагӣ 56 сония бо нокаут шикаст дод.

Мавзуна дар даври баъдӣ рӯзи 28-уми сентябр бо Тхи Дуен Луу аз Ветнам, ки имрӯз бар Муҳайёхон Эсонбоева аз Узбакистон ғалаба кард, рақобат мекунад.

Мавзуна Чориева танҳо варзишгари тоҷик аст, ки дар Олимпиадаи соли 2012 дар Лондон соҳиби медал - нишони биринҷӣ - шуда буд. Ӯ баъди Бозиҳои олимпӣ издивоҷ кард ва дар соли 2013 соҳиби нахустин фарзанд шуд ва ба ин далел муддати беш аз як сол аз имкони тамрин ва ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ маҳрум шуда буд.

Ҳоло дар Бозиҳои Осиё Мавзуна Чориеваро коршиносони варзиш яке аз умедҳои асосии тими Тоҷикистон меноманд, ки метавонад барои ин тим медал биорад. Парчами Тоҷикистонро дар расми ифтитоҳи Бозиҳои Осиё низ маҳз Мавзуна Чориева бардошта буд.

Тими Тоҷикистон, иборат аз 150 нафар, бо шумули 91 варзишгар, тайи 7 рӯзи аввали Бозиҳои 17-уми Осиё ҳанӯз ягон медал ба даст наовардааст.

Шоми 27 сентябр Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик, низ вориди сабқат мешавад.

Нарзуллоҳи Латиф, Инчон, Кореяи ҷанубӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG