Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ширкатҳои оффшориро аз имтиёзҳои андоз маҳрум кард


Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, тағйироти охире, ки дар қонунгузории андоз ворид карда шуд, шеваи андозбандии ширкатҳои оффшориро шадидтар мекунад.

Баҳриддин Набиев, роҳбари раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва андозситонии Кумитаи андози Тоҷикистон, авоили ин ҳафта дар посух ба суоли Озодӣ гуфт, тағйиротҳои охире, ки ба Кодекси андоз ворид карда шуд, ширкатҳои оффшориро аз имтиёзҳои андоз маҳрум мекунад.

Ӯ гуфт, "дар қонунгузорӣ нисбат ба ширкатҳои оффшорӣ ҳоло баъзе маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шуд. Ҳангоми тақсимоти фоида мувофиқи тағйироти нав агар манфиатбардори ширкатҳои дар Тоҷикистон амалкунанда ширкатҳои оффшорӣ бошад, пас аз ин маблағ андоз ситонда мешавад. Ҳол он, ки агар бенефитсиар ё ин, манфиатбардоранда оффшорӣ набошад, ин андоз ситонда намешавад."

Ҷаноби Набиев афзуд, аксари кишварҳои дунё, аз ҷумла дар Аврупо низ қонунгузории андоз нисбат ба ширкатҳои оффшорӣ пурзӯр мешавад ва Тоҷикистон ҳам аз ин раванд истисно нест.

Ин мақоми Кумитаи андоз мегӯяд, аксар сармоягузороне, ки ба Тоҷикистон сармоя ворид мекунанд, маҳз тариқи ширкатҳои оффшорӣ тарҳҳои худро дар ин ҷо пиёда месозанд. Набиев гуфт, шумораи ширкатҳои оффшории дар Тоҷикистон амалкунанда хеле зиёданд, вале ӯ аз ифшои шумораи дақиқи ин гуна ширкатҳо дар кишвар худдорӣ варзид.

Муносибат ба ширкатҳои оффшорӣ дар паҳнои кишварҳои пасошӯравӣ маъмулан манфӣ шакл гирифтааст. Дар Тоҷикистон ҳам аксарият бар ин назаранд, ки моликони ширкатҳои оффшорӣ ба ин тариқ пулҳои аз роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардаашонро аз кишвар берун мекашанд.

Аммо муносибати мансабдорони тоҷик бо ширкатҳои оффшор якхела нест. Раиси қаблии Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов дар яке аз нишастҳои матбуотӣ гуфта буд, "пулҳое, ки аз Тоҷикистон дар минтақаҳои оффшор гузошта шудаанд, на ҳатман ба маъноест, ки онҳо аз роҳҳои ғайриқонунӣ ба даст омадаанд".

Аммо ахиран вакилони Маҷлиси намояндагон зимни баррасии омилҳои ба пуррагӣ иҷро нашудани буҷаи давлат аз берун рафтани сармояҳо аз Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда буданд. Вакил Абдуҳалим Ғаффоров аз раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода пурсид, ки дар соли 2015 чӣ миқдор сармоя аз кишвар берун кашида шудааст ва чӣ миқдори он ба минтақаҳои оффшор рафтааст? Ҷавоби Нурмуҳамадзода, ки "ин гуна оморо вуҷуд надорад" вакилонро қонеъ накард ва онҳо аз Бонки марказии Русия мисол оварданд, ки ҳар сол омори чӣ миқдор аз кишвар берун рафтани сармояҳоро нашр мекунад.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон ҳам гуфт “ин ки ин гуна омор вуҷуд надорад бад аст ва Бонки миллиро зарур аст ин гуна оморро таҳия кунад".

Бо вуҷуди он, ки мақомоти Тоҷикистон теъдоди ширкатҳои оффшорӣ, моликони аслӣ ва маблағҳои аз Тоҷикистон ба ин қабил минтақаҳо ирсолшударо аз матбуот пинҳон медоранд, аммо охири соли 2013 маркази таҳқиқотии Tax Justice Network сармояҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаҳои оффшорро аз 2,5 то 3,5 миллиард доллар рақам зада буд. Суоли матраҳ ин аст, ки чаро сармоядорон талош мекунанд пулҳои худро дар ширкатҳои оффшорӣ садҳо километр дуртар аз макони зистаншон нигоҳ доранд?

Александр Мем, иқтисоддон ва масъули созмони Transperency international дар кишварҳои ИДМ мегӯяд, минтақаҳои оффшор аслан бо набуди андозситонӣ сармоядорони зиёдеро аз гӯшаву канори олам ба худ ҷазб мекунанд. Аммо ӯ мегӯяд, сармоядорони кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон натанҳо ба хотири гурез аз андоз, балки ба хотири ҳифзи моликияти худ минтақаҳои оффшоро интихоб мекунанд.

Ин аст, ки ба таъкиди ин ҳамсуҳбати мо, боло бурдани мизони андоз ва сахттар кардани шароити пешбурди бизнес дар кишвар, барои ширкатҳои оффшор ҷаззобияти ин минтақаҳорро барои сармоядорон коҳиш намедиҳад. Ҷаноби Мем иброз дошт, ки "сармоядорон замоне пулҳои худро ба Ватан боз мегардонанд, ки ба мустақилияти системаи судӣ ва амнияти сармояҳои худ дар кишварашон эътимод пайдо кунанд."

"Офшор", яъне берун аз соҳил ё ба маънои "ҷазира" - манотиқи хурдест, ки ба соҳибкорон имкон медиҳад, сармояи худро дар он ҷо махфӣ ва аз андоз эмин нигоҳ доранд. Бузургтарин манотиқи офшорӣ дар Швейтсария, Люксембург, Бритониё, Амрико ва Сингапур воқеъ буда, дар маҷмӯъ дар ҷаҳон 70 минтақаи офшорӣ вуҷуд дорад, ки ба афроди сарватманд ва ширкатҳои бузург кумак мекунанд, то бо ҳиллаҳои гуногун аз пардохти молиёт сар печанд.

XS
SM
MD
LG