Пайвандҳои дастрасӣ

Анҷумани Байналмиллалии Таҳқиқоти Рӯзноманигорӣ ё International Consortium Investigative Journalists ( ICIJ ) марказаш дар Амрико, натиҷаҳои расидагии худро дар бораи дороии хонаводаи раиси ҷумҳури Озарбойҷон ба табъ расондааст.

Дар ин гузориш омадааст, хонаводаи раиси ҷумҳури Озарбойҷон империяи бузурги соҳибкориро ташкил кардааст ва тавассути ширкатҳои махфии офшории худ дар озмуне барандаи қарордоди сохтмонӣ шудааст. Ин қарордоди сохтмонӣ миллиардҳо доллар арзиш дорад.

Масалан, таҳқиқот нишон додааст, ки шахсе бо номи Ҳасан Гузал раҳбарии се ширкати оффшориро дар ҷазираҳои Вирҷинияи Британия бар ӯҳда доштааст ва ин ширкатҳо соли 2008 ташкил шудаанд. Бо вуҷуди ин, ки раёсатро Ҳасан Гузел бар ӯҳда дорад, ин ширкатҳо ба номи духтарони Илҳом Алиев боз шудаанд. Он вақт духтарони вай 19 сола ва 23 сола буданд.

Худи раиси ҷумҳур ва хонумаш Меҳрубон соли 2003 бо номи Rosamund International Ltd. дар ҳамин ҷазираҳо ширкат боз карданд. Он вақт Илҳом Алиев намояндаи порламон буд.

Дар гузориши Анҷумани Байналмиллалии Таҳқиқоти Рӯзноманигорӣ ё ICIJ гуфта мешавад, ки сабабҳои ин қадар ширкат боз кардани аъзои хонаводаи Илҳом Алиев маълум нест. Вале рӯшан аст, ки ин хонавода барои пинҳон доштани номи худ дар ин ширкатҳо онҳоро бо номҳои дигарон сабт кардааст, то ҳади ақал ҳуҷҷати ин ширкатҳо ба номи худашон сабт нашаванд.

Тибқи қонунҳои Озарбойҷон аъзои ҳукумат, аъзои порламон ва шахсиятҳои давлатӣ ҳақ надоранд худашон дар тиҷорат ё фаъолиятҳои оффшорӣ ширкат кунанд ё соҳиби саҳмия бошанд.

ПУЛҲОИ ОФФШОРИИ ТОҶИКИСТОН ЧӢ ҚАДР ТАХМИН ЗАДА МЕШАВАД?

Кишварҳои Шӯравии пешин тақрибан ҳама бӯҳрони иқтисодиро паси сар мекунанд ва худи онҳо ба миллиардҳо доллар сармояҳои хориҷӣ ё ҳамин пулҳои оффшорӣ ниёз доранд. Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳост.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров

Ҳоҷимуҳаммад Умаров

Ҳоҷимуҳаммад Умаров-коршиноси умури иқтисодӣ мегӯяд, дар марҳилаи кунунӣ фирори сармояҳои дохилӣ ба минтақаҳои оффшор ба ин маъност, ки будҷаи Тоҷикистон ва бозори дохилӣ аз сармояҳои ҳангуфт маҳрум мешаванд. Ин пулҳо метавонанд дар тавлидоти дохилӣ сарф шаванд ва ё дар муомилоти пулии Тоҷикистон ба гардиш дарояд. Дар он сурат ҳадди ақал аз пардохти молиёт аз ин сармояҳо ба будҷа даромади зиёд меояд.

Свндуқи байнулмилалии пул, Бонки Ҷаҳонӣ ва Tax Justice Network сармояҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаҳои оффшорро аз 2,5 то 3,5 миллаирд доллар тахмин мезананд, вале соҳибони ин сармояҳоро ошкор накардаанд.

Ба ин сабаб суоле пеш меояд, ки аз Тоҷикистон чӣ касон ва ё чӣ доираҳое метавонанд дар минтақаҳои оффшорӣ ширкат ё пул дошта бошанд? Оқои Умаров мегӯяд: “Гурӯҳҳое ҳастанд, ки аз нигоҳ доштани пулҳояшон дар бонкҳо метарсанд. Як гурӯҳ бюрократҳои сатҳи баланд мебошанд. Гурӯҳи дигар ононе ҳастанд, ки дар Тоҷикистон ҷиноят содир кардаанд, ҷиноятҳои онҳо кушода нашудаанд ва онҳо пешакӣ пулҳояшонро ба хориҷи кишвар мегузаронанд. Ва гурӯҳи севвум ононе ҳастанд, ки ба қочоқи инсон ва маводи мухаддир машғуланд. Онҳо медонанд, ки дар Тоҷикистон нигоҳ доштани пулҳояшон хатарнок аст”.

ПУЛҲОИ ОФФШОРИИ ТОҶИКИСТОН ҚОНУНИАНД?

Зафар Абдуллоев-рӯзноманигори тоҷик ба таҳқиқи масъалаҳои иқтисодӣ машғул аст. Вай дар яке аз мусоҳибаҳо ба радиои Озодӣ гуфта буд, ки аз Тоҷикистон корхонаи алюмини “Талко”, ширкати “Инноватив роуд солюшинс” ё IRS дар минтақаҳои оффшор сармоя гузоштаанд. Ба гуфтаи оқои Абдуллоев, ширкати ҳавоии “Сомон Эйр” дар ҷазираи Вирҷиния ҳисоби бонкӣ дорад. Бонки нави “Контбонк” низ аз ҷумлаи чунин муассисаҳо ба шумор меравад. Зафар Абдуллоев мегӯяд: Ҳамаи пулҳои қонунӣ, агар онҳо дуздида нашуда бошанд, бояд бигӯянд, ки онҳо аз чӣ сарчашмае ба даст омадаанд ва роҳи ҳаракати ин пулҳо чӣ гуна будааст, аз куҷо омаданд ва ба куҷо рафтанд, бояд нишон дода шавад. Дар он сурат мо наметавонем бигӯем, ки ин пулҳо ғайриқонунӣ ҳастанд. Агар чунин нест ва талошҳо барои пинҳон доштани сармояҳо мушоҳида шавад, мисли ширкати IRS мо инро гуфта наметавонем.”

Касе наметавонад қазоват кунад, ки ҳудуди 3 миллиард доллар пулҳои оффшории Тоҷикистон аз роҳи қонунӣ ба даст омадаанд ва ё ғайриқонунӣ. Вале қонунҳои Тоҷикистон дақиқ ишора мекунанд, ки пулҳои ғайриқонунӣ бояд ба нафъи давлат мусодира шаванд.

Маҳмадалӣ Ватанов

Маҳмадалӣ Ватанов

Маҳмадалӣ Ватанов-раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, тибқи қонунҳои ин кишвар, ҳар маблағ ё даромаде, ки аз роҳҳои ғайриқонунӣ ё ҷиноӣ ба даст омадаанд, бояд ба манфиати давлат мусодира шаванд ва ягон кас бояд ба он ҳукми қонунӣ надиҳад.

Вақте, ки мо қонунро қабул мекунем, амали онро барои ягон доираи шахсон маҳдуд намекунем. Новобаста ба он, ки кӣ ин даромадро ба даст овардааст ва дар куҷо онро истифода мебарад, сарфи назар аз ин нигоҳҳо, он бояд мусодира карда шавад. Агар мо қонунро барои касе ё гурӯҳе қувваи алоҳида диҳем, он гоҳ ин қонун намешавад.”

ҲАМСОЯҲО ДАР ОФФШОР ЧӢ ҚАДР ПУЛ ДОРАНД?

Дар муқоиса бо кишварҳои дигар, сармояҳои оффшории Тоҷикистон чандон зиёд нест. Масалан, тибқи маълумоти Tax Justice Network аз Қазоқистон 126 миллиард, аз Узбакистон тақрибан 21,5 миллиард доллар сармоя дар ҳисобҳои оффшорӣ пинҳон шудаанд. Пули сарватмандони Туркманистон низ дар оффшор ҳудуди 2,5 миллиард доллар ҳисоб шудааст. Ё масалан, Бидзина Иванишвилӣ-нахуствазири Гурҷистон 5 миллиард доллар дороӣ дорад ва ҳоло ҳам дар минтақаҳои оффшори Вирҷиния номи вай дида мешавад. Вай дар ин минтақа соли 2006 ширкат боз карда буд, вале мегӯянд, ки дороии вай аз соҳибкориаш дар ҳамон солҳо ба даст омадааст.

Бонки Миллии Тоҷикистон 22 январи соли ҷорӣ гуфт, ки дар бораи сармояҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаҳои оффшор маълумоти дақиқ надорад, вале пулҳое, ки аз Тоҷикистон дар минтақаҳои оффшор гузошта шудаанд, аз роҳи қонунӣ ба даст омадаанд. Ба ин гуфтаҳо ҳам муассисаҳои байналмиллалӣ ва ҳам коршиносон шак доранд.
XS
SM
MD
LG