Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гузориши Oxfam мегӯяд, фосилаи байни қишри сарватман ва фақир дар ҷаҳон торафт бузургтар мешавад. Ба ақидаи ҷомиашиносон, дар Тоҷикистон низ сурати ҳол чунин аст.

Созмони байналмилалии Oxfam, марказаш дар Бритониё, дар гузориши солонааш, ки рӯзи 18 январ, дар арафаи оғози кори Ҳамоиши ҷаҳонии иқтисодӣ дар Давоси Швейтсария нашр шуд, навиштааст, дар 5 соли охир афроди сарватмандтарини дунё боз ҳам сарватмандтар, вале онҳое, ки дар фақр ба сар мебаранд, баракс фақиртар шудаанд.

Бино ба ин гузориш, 62 нафари аз ҳамаи сарватмандтарини ҷаҳон то поёни соли 2015 дар мамӯъ 1 триллиону 670 миллиард дороӣ доштаанд. Ин баробари ҷамъи дороиест, ки 3,7 миллиард нафар, ё нисфи аҳолии фақири дунё доранд.

Дороии 62 нафари сарватмандтарин аз соли 2010 ба ин тараф ба маблағи 1 триллион доллари дигар афзудааст ва ин дар ҳолест, ки дороиҳои тарафи дигар, яъне 3,7 миллиард аҳолии фақир дар ин 5 соли охир 41 дарсад, ё ҳудуди 1 триллион доллар кам шудааст.

Барои муқоиса, дар соли 2010 дороиҳои 388 нафари сарватмандтарини дунё баробари дороиҳои нисфи аҳолии сайёра будааст.

Гузориш мегӯяд, “ҳарчанд раҳбарони дунё ҷиҳати зарурати аз байни бурдани нобарорӣ ҳамеша музокира мекунанд ва дар моҳи сентябр ҷиҳати коҳиши он тавофуқ ҳам бастанд, вале фосила байни афроди сарватмандтарин ва боқӣ аҳолии сайёра дар 12 моҳи охир боз ҳам бузургтар шудааст.”

Oxfam ба далели бузург шудани ин фосила ва бо ишора ба инки иқтисоди ҷаҳон ба манфиати қишри сарватманд хидмат мекунад, гузориши солонаашро имсол ҳатто “Иқтисоди барои 1 фоиз” ном додааст.

Ҳамоиши иқтисодии ҷаҳонӣ дар Давос рӯзи чоршанбе, 20 январ оғоз ба кор мекунад ва Винни Бянима, мудиромили барномаҳои байналмилалии Oxfam ба хотири ҷалби таваҷҷӯҳи “наҳанг”-ҳои иқтисоди дунё ба ин сӯитаносуби бузург байни як гурӯҳи маъдуди сарватманд ва миллиардҳо мардуми фақир ба ин ҳамоиш рафтааст.

Винни Бянима дар Давос аз раҳбарони ҷаҳон даъват кард, то аз нигарониҳояшон дар бораи бӯҳрони нобаробарии дар ҳоли афзоиш ба қадамҳои мушаххас гузаранд. Бянима, ки худ зодаи Уганда, як кишвари фақири қораи Африқост, гуфт, “инки дороии нисфи аҳолии фақири дунё камтар аз чанд нафари сарватмандтаринест, ки ҳамааш якҷо ҳатто як автобусро пур намекунанд, комилан ғайри қобили қабул мебошад.”

Хонум Бянима афзудааст, “мо наметавонем ҳамчунон иҷозат бидиҳем, то садҳо миллион нафар дар чанголи гуруснагӣ бошанду захираҳое, ки бояд барои кумак ба онҳо сарф шаванд, луқмаи хоми онҳое шаванд, ки дар арш қарор доранд.”

Раҳбари Oxfam дар минтақаҳои оффшор пинҳон кардани дороиҳои афроди сарватмандро равғане номид, ки оташи нобаробарии иқтисодиро алангаи бештар медиҳад ва аз чанголи фақр наҷот додани садҳо миллиард мардуми фақирро ба амре номумкин табдил додааст. Ӯ аз раҳбарони давлатҳо, ширкатҳо ва элитаҳои тиҷории дунё даъват кард, то билохира ба ин нобаробарии иқтисодӣ нуқтаи таммат гузоранд.

Изҳори нигаронии шадиди Oxfam аз нобаробарӣ байни қишри сарватманд ва фақири сайёра дар ҳолест ки ҷомиашиносон ва иқтисоддонҳои тоҷик аз айни мушкил, яъне торафт бузургтар шудани фосила байни қишри доро ва надор изҳори нигаронӣ мекунанд.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров

Ҳоҷимуҳаммад Умаров

Иқтисодшиноси тоҷик Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд: “Торафт бузургтару бузургтар шудани фосила байни мардуми дорову нодор дар Тоҷикистон низ ба як тамоюл табдил ёфтааст. Ин раванд аз як тараф натиҷаи ҷаҳонишавист ва аз сӯи дигар, меваи омилҳои дохилие, чун фасод.”

Ҷомиашиносон мегӯянд, дар солҳои 90 дар Тоҷикистон дар ҷараёни гузаштан аз иқтисоди плании замони Шӯравӣ ба иқтисоди бозорӣ васоили истеҳсолот, аз ҷумла корхонаҳои муҳим ҳама дар дасти як гурӯҳи маҳдуд, асосан афроди наздик ба доираҳои ҳукмрон қарор гирифтанд. Дар натиҷа, онҳое, ки аз хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ бурд карданд ваё бо истифода аз наздикии худ ба мақомот ин ё он тиҷорати равғанинро ба даст оварданд, сарватманд шуданд ва бақияи мардум, ки аз ин раванд бебаҳра монд, баракс ба чанги фақр уфтоданд.

Бино ба омори расмӣ, дар ҳоли ҳозир беш аз 30 дарсад, ё сеяки аҳолии Тоҷикистон дар зери хатти фақр ба сар мебарад. Дар ҳафтаи гузашта Барномаи хӯроквории СММ дар гузоришашг гуфт, 33,2 дарсади аҳолии Тоҷикистон мушкили камбуди ғизо доранд. Дар як гузориши муштараки дигари байналмилалӣ бо номи “Шохиси гуруснагӣ 2015” гуфта мешавад, ки ба 30,3 дарсади аҳолии Тоҷикистон гуруснагӣ таҳдид мекунад.

Маблағи дороиҳои афроди сарватманди Тоҷикистон аз ҷумла ба далели роҳҳои начандон шаффофи ба даст омадани ин дороиҳо то ҳол дар яҷон ҷо нашр нашудааст. Вале созмони таҳқиқотии таҳқиқотии Global Financial Integrity дар соли 2013 гузориш дода буд, ки танҳо дар фосилаи байни солҳои 2002 -2011 беш аз 2,7 миллиард долларро аз Тоҷикистон ба хориҷ ва умдатан ба минтақаҳои оффшорӣ интиқол додаанд. Сандуқи байнулмилалии пул, Бонки Ҷаҳонӣ ва Tax Justice Network низ сармояҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаҳои оффшорро аз 2,5 то 3,5 миллиард доллар тахмин мезананд, вале соҳибони ин сармояҳоро ошкор накардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG