Пайвандҳои дастрасӣ

Назорат аз болои саҳмдороне, ки дар оффшоранд


Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон

Кумитаи андози Тоҷикистон бо нашри як дастур аз мақомоти андоз дар минтақаҳо талаб кардааст, назоратро аз болои ширкатҳое, ки саҳмдоронашон дар минтақаҳои оффшор сабти ном шудаанд, пурзӯр кунанд. Ахиран ин кумита бо ворид кардани як тағйирот ба Кодекси андоз муқаррар кард, ки агар саҳмияи ширкатҳои саҳомии Тоҷикистонро ширкати оффшор дар ихтиёр дошта бошанд, ӯҳдадоранд, аз даромади саҳмияҳояшон андоз супоранд. Бинобар ин тағйирот, ширкатҳои оффшорӣ аз даромади саҳмияҳояшон бояд 12 дарсад андоз диҳанд. Қаблан бар асоси моддаи 126-и Кодекси андоз, агар ширкате дар дохили кишвар саҳмияҳои ширкати дигарро дар ихтиёр дошта бошад, аз фоидаи ин саҳмияҳо андоз намедод.

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон бо нашри як дастур, ки 3 август дар торномаи расмиии ин Кумита нашр шудааст, аз нозирони андоз дар шаҳру навоҳии кишвар тақозо кардааст, ки “корхонаҳои резидентие, ки саҳом (иштирокчӣ) воқеъ дар минтақаи оффшорӣ мебошанд таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.” Мақомоти Тоҷикистон шумори ширкатҳои оффшорӣ ва моликони аслӣ ва маблағҳои аз Тоҷикистон ба ин қабил минтақаҳо ирсолшударо аз матубот пинҳон медоранд, аммо охири соли 2013 Маркази таҳқиқотии Tax Justice Network сармояҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаҳои оффшорро аз 2,5 то 3,5 миллиард доллар баровард карда буд.

XS
SM
MD
LG