Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи фаъолияти беморхонаи Ҳилоли Аҳмари Эрону Тоҷикистон


Iran--Gachsaran's Hospital
Iran--Gachsaran's Hospital

Мақомот дар бораи қатъи муваққатии фаъолияти бемористони муштараки Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистону Эрон дар Душанбе хабар доданд. Дар ҳоле ки онҳо ин тасмимро ба натиҷаи манфии санҷиши Вазорати тандурустӣ ва хадамоти тиббии Тоҷикистон дар ин муассиса рабт доданд, нозирони равобити Душанбеву Теҳрон инро идомаи таниш дар байни ду кишвар арзёбӣ мекунанд.

Масъулони бемористони муштараки Ҳилоли Аҳмари Эрону Тоҷикистон мутаваққиф шудани фаъолияти ин муассисаи тиббиро тасдиқ карда, аммо гуфтанд, ки сабабашро намедонанд.

Рӯзи 1 ноябр Шоҳраҳим Мамадкаримов, кафили раёсати Хадамоти тиббии Тоҷикистон дар пойтахт, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки фаъолияти Бемористони муштараки Ҳилоли Аҳмари Эрону Тоҷикистон дар пайи санҷиши гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва дастгоҳи марказии Хадамоти тиббии Тоҷикистон муваққатан боздошта шудааст. Мамадкаримов гуфт, баъди ҳалли камбудҳо азсаргирии фаъолияти ин бемористон имконпазир мешавад.

​Масъулони раёсати Хадамоти тиббии Тоҷикистон дар Душанбе гуфтанд, гап сари 6 мутахассиси асосии бемористони муштараки Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Эрон меравад, ки баъзе аз онҳо доктори илм ҳастанд, вале аз комиссияи сертификатсионии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ нагузаштаанд. Онҳо гуфтанд, бори дувум аст, ки фаъолияти бемористони муштараки Ҳилоли Аҳмари Эрону Тоҷикистон мутаваққиф мешавад. Дар аввали соли равон низ бемористон ба ин мушкил рӯ ба рӯ шуда ва танҳо пас аз ислоҳи камбудҳо фаъолияташ аз сар гирифта шудааст.

Худи масъулини бемористони муштараки Ҳилоли Аҳмари Эрону Тоҷикистон мутаваққиф шудани фаъолияти ин муассисаи тиббиро тасдиқ карда, аммо гуфтанд, ки сабабашро намедонанд. Онҳо гуфтанд, ки бо ҳамин далел аз додани ҷузъиёти бештар худдорӣ мекунанд. Ба иттилои дарёфтӣ, кормандоне, ки аз санҷиши сертификатсионӣ нагузаштаанд, аксарият мутахассисони маҳаллӣ буда, хатмкардаҳои Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ҳастанд. Ҳадди ақалл як нафар аз мутахассисони тиб - эронӣ мебошад.

Бемористони муштараки Тоҷикистону Эрон дар чорчӯби ҳамкории Ҳилоли Аҳмари ду кишвар чор соли пеш дар маркази Душанбе бо сармояи Эрон таъсис ёфт. Шумораи кормандони бемористон то ба 30 нафар мерасад ва ба ҷуз аз 2-3 пизишки эронӣ, бақия шаҳрвандони Тоҷикистонанд.

Бархе сабаби аслии мушкил дар фаъолияти бемористонро ба рақобати носолими миёни ширкатҳои ироакунандаи хадамоти тиббӣ рабт медиҳанд. Мегӯянд, ки фаъолияти дорухонаи назди ин муассиса, ки дорувори арзону босифати эрониро пешниҳод мекард, барои рақибон хуш наомад. Гурӯҳи дигар омилҳои сиёсиро сабаби аслии боздошта шудани кори беморхона медонанд.

Равобити дар солҳои гузашта хуби Душанбеву Теҳрон дар ин авохир дучори таниш шудааст. Нуқтаи авҷи ин танишҳо моҳи декабри соли 2015, дар пайи ба ҳамоиши “Ваҳдати исломӣ” дар Теҳрон даъват шудани раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ ва дар ҳошияи ин ҳамоиш мулоқот кардани ӯ бо раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ буд. Душанбе ин амалро ғайри қобили қабул хонда, гуфт, ки чунин муносибат ба робитаҳои хуби Тоҷикистону Эрон метавонад халал ворид кунад.

Ин замоне буд, ки Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон бо як қарори додгоҳи олӣ террористӣ ва мамнӯъ эълон шуда буд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ин ҳизб дар маблағгузорӣ ва ташкили ошӯбҳои мусаллаҳонаи генерал Назарзода даст дорад, вале худи ҳизб ҳамеша ин иттиҳомотро ҳамчун баҳонаи бастани ҳизби сиёсӣ дар Тоҷикистон рад кардааст.

Баҳори соли равон дар бораи манъи воридоти чойи хушк, гӯшти паранда ва гӯшти қимаю дигар навъи маҳсулоти ширкатҳои Эрон ба Тоҷикистон гузориш шуд. Тобистон фаъолияти Кумитаи Имдоди Хумайнӣ баста шуд. Танҳо дар як ҳолат мақомоти Эрон ба ин таҳаввулот вокуниш нишон дода гуфтанд, ки хостори равобити хуб бо Тоҷикистон ҳастанд.

Эрон қабл аз ин танишҳо, бахусус дар даврони раёсатҷумҳурии Маҳмуди Аҳмадинажод, ки бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон муносиботи хеле наздики дӯстона дошт, аз ҳамкорони умдаи ҳукумати Тоҷикистон ба шумор мерафт. Чанд тарҳи бузург, аз ҷумла нақби “Истиқлол” дар ағбаи Анзоб ва нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” бо сармояи Эрон сохта шудаанд.

XS
SM
MD
LG