Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Раҳмон аз Туркия: "Террористонро истирдод кунед"


Эмомалӣ Раҳмон аз Анқара даъват, ки дар боздошту истирдоди он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои амалҳои террористиву экстремистӣ мавриди кофтуков қарор дошта ва дар қаламрави Туркия паноҳ бурдаанд, мусоидат кунад. Ин нуқтаро Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 октябр зимни мулоқот бо Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия дар шаҳри Душанбе баён кард.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар мулоқот бо Мавлуд Човушоғлу ба зарурати роҳандозии чораҳои ҳамоҳангшуда барои пешгирӣ аз пайвастани шаҳрвандони Тоҷикистон ба гурӯҳҳои террористӣ, ки аз қаламрави Туркия барои рафтан ба ҷангҳои Ховари Миёна истифода мекунанд, таъкид кардааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки муборизаи муштарак алайҳи терроризм ва ифротгароӣ ба хотири таъмини амнияту суботи ҳарду кишвар ва минтақа, яке аз бахшҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба миёни Душанбе ва Анқара мебошад. Оқои Раҳмон дар ин мулоқот гуфтааст, "ҷониби Тоҷикистон дар мубориза бо терроризму экстремизм истифода аз “стандартҳои дугона”-ро қабул надорад."

​Мавлуд Човушоғлу, вазири корҳои хориҷии Туркия субҳи 21 октябр ба манзури анҷоми сафари корӣ вориди шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд ва бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Аслов низ мулоқот намуд. Дар ин мулоқот Тоҷикистон ва Туркия гуфтаанд, ки "нисбат ба зарурати тақвияти абзорҳои дуҷонибаи мубориза алайҳи терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткориҳои созмонҳои фаромарзӣ ва ҳамчунин расонидани кӯмакҳои ҳуқуқӣ ба ҳамдигар дар робита ба парвандаҳои ҷиноӣ, назари яксон доранд."

Дар мулоқоти вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо ҳамтои туркаш Мавлуд Човушоғлу дар шаҳри Душанбе, ҳамчунин тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифт. Сироҷиддин Аслов ва Мавлуд Човушоғлу пас аз музокироти ҳайатҳои ду кишвар, Барномаи ҳамкориҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркияро барои солҳои 2017-2020-ро имзо карданд.

Густариши равобиту ҳамкориҳои дуҷониба ва баррасии мавзӯоти минтақавӣ ва байналмилалӣ дар меҳвари музокироти Мавлуд Човушоғлу, вазири корҳои хориҷии Туркия бо мақомоти Тоҷикистон унвон мешавад. Ба эҳтимоли зиёд, сафари Мавлуд Човушоғлу, вазири корҳои хориҷии Туркия ба Тоҷикистон ин шом ба поён мерасад.

Коршинос: Амният дар меҳвари гуфтугӯҳо қарор мегирад

Хурсанд Хуррамов, аспиранти Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия мегӯяд, дар музокироти вазири хориҷаи Туркия Мавлуд Човушоғлу бо мақомоти тоҷик мавзӯи чолишҳои амниятӣ дар авлавият қарор хоҳад дошт.

Таҳлилгари тоҷики муқими Маскав дар як сӯҳбати телефонӣ аз Русия мавзӯи аслии музокироти миёни мақомоти тоҷик ва вазири хориҷаи Туркияро шарҳ дод. Рӯзи 21 октябр дар Душанбе мулоқоти Мавлуд Човушоғлу бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири хориҷа Сироҷиддин Аслов дар назар аст.

Радиои Озодӣ: Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки дар ин диду боздидҳо сӯҳбат аз ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталифи сиёсату иқтисод меравад. Ба назари шумо, ҳадафи мушаххастари сафари вазири турк ба Тоҷикистон чӣ аст?

Хурсанд Хуррамов: Ба назари ман, бештар сари масъалаҳои амниятӣ тамаркуз хоҳанд кард. Пӯшида нест, ки аъзои гурӯҳҳои мухталифи террористӣ марзи Туркияро убур мекунанд ва дар байни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ҳастанд. Мақомоти тоҷику турк дар ин замина ҳарфе барои гуфтан доранд. Дар масъалаи иқтисод ва ҳамкориҳои иқтисодӣ набояд фаромӯш кунем, ки ин иқтисоди 17-ум дар ҷаҳон барои пешрафти бештар ҳама имкониятҳоро доро аст. Тоҷикистон шадидан ба сармоягузорӣ ниёз дорад. Инро мо баъди сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саъудӣ ҳам хуб медонем. Туркия, ки ҳоло бо Русия равобити хеле хуб дорад, ҳоло барои тавсеаи ҳамкориҳо, аз ҷумла бо Тоҷикистон ҳам талош ба харҷ медиҳад. Мутмаинам, ки баъди беҳбудёбии робитаҳои Туркияву Русия, Тоҷикистон ба ҳама гуна созишҳои судманд бо ин кишвар розӣ мешавад. Ин марҳилаи каме дигар дар масъалаи ҳамкориҳои берунаи Тоҷикистон хоҳад буд.

Радиои Озодӣ: Чаро?

Хурсанд Хуррамов.

Хурсанд Хуррамов.

Хурсанд Хуррамов: Чунки бештар хусусияти прагматикӣ хоҳад дошт. Дар Русия ҳоло як бӯҳрони шадиди иқтисодист, ин кишвар наметавонад ба маблағгузории тарҳҳои муҳими стратегии Тоҷикистон кӯмак кунад. Аз як сӯ, Туркия имкони сармоягузорӣ ба тарҳҳои муҳими Тоҷикистонро дорад. Вале аз сӯи дигар, ба назари ман, ин ҷо баъзе саддҳое ҳаст, ки онро нодида гирифта намешавад. Дар Туркия қудрат дар дасти ҳизби исломии «Адолат ва тараққиёт» аст. Тағйир дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон ва аз саҳна берун шудани Ҳизби наҳзати исломӣ дар ин муносибатҳо нақши муайян хоҳад бозид. Тоҷикистон ба Туркия ба ҳайси як коршарики қавиву пуриқтидоре ниёз дорад. Мизони табодули молу коло миёни Тоҷикистону Туркия дар оғози соли 2014 беш аз 650 миллион долларро ташкил медод. Аз Тоҷикистон ба Туркия дар ҳаҷми 470 миллион доллар маҳсулот содир мешуд, ки 40 дар сади ҳаҷми умумии маҳсулоти содиротии ин кишвар аст. Тоҷикистон барои пешбурди ин ҳамкорӣ манфиатдор аст. Вале бо арзёбии нақши сиёсии ҳизби Эрдуғон дар Туркия, режими сиёсӣ дар Тоҷикистон ба ин ҳамкорӣ муносибати хеле эҳтиёткорона нишон хоҳад дод. Чунки ин чиз метавонад таваҷҷӯҳро ба ҲНИТ ҷалб кунад.

Радиои Озодӣ: Туркия аз ҳамкорӣ бо Тоҷикистон чӣ ба даст меорад?

Хурсанд Хуррамов: Пеш аз ҳама - манфиатҳои иқтисодӣ, чунки бо моли сохти Тоҷикистон бозорашро таъмин мекунад. Манфиатҳои геополитикӣ хеле муҳиманд – сармояи бештар ба маънои нуфуз ва таъсиргузорӣ болои элитаи сиёсии кишвар аст. Рақобат бо Эрон ва Русия ҳам ба вуҷуд меояд. Ниҳоят, барои Туркия муҳим аст, ки Тоҷикистон аз доираи нуфузи кишварҳои туркзабоне, ки дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба он дохил мешаванд, берун шавад. Тоҷикистон ҳам як бахши стратегияи умумии Туркия дар Осиёи Миёна аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG