Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Яхи байни Тоҷикистону Узбакистон об мешавад?


Гузаргоҳе бо номи ..."Дӯстӣ" дар марзи Узбакистон

Гузаргоҳе бо номи ..."Дӯстӣ" дар марзи Узбакистон

“Гузоришгарони Роҳи Абрешим” менависад, Тоҷикистону Узбакистон мехоҳанд озурдагиҳои худро канор гузошта, бо ҳам равобити нав бисозанд.

Сомонаи интернетии silkroadreporters (“Гузоришгарони Роҳи Абрешим”) дар матлабе бо номи “Узбакистону Тоҷикистон – омодаи як оғози нав” навиштааст, ин ду кишвари ҳамсоя дар Осиёи Марказӣ баъди солиёни равобити пуртанишу душманона бар сари масоили марзу манобеъ, “зоҳиран мехоҳанд озурдагиҳои худро канор гузошта, ба сохтани равобити ҷадид бипардозанд.”

Муаллиф Дониёр Асилбеков нашри хабарҳо дар бораи азсаргирии парвозҳо байни пойтахтҳои ин ду кишвар – Тошканду Душанбе – ва “оҳанги хеле дӯстонатар гирифтани матбуоти давлатӣ – як муайянкунандаи муҳими назари мақомоти ин кишварҳо”-ро аз қадамҳои воқеъӣ, вале боэҳтиёти руасои ин ду ҷумҳурӣ Ислом Каримов ва Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи ҳамдигар меномад ва менависад, “мардум дар ҳарду сӯи марз аз инки “ҷанги сард” байни Узбакистону Тоҷикистон анҷом меёбад, аллакай изҳори хушҳолӣ мекунанд.”

Шукрулло Мавлонов, таҳлилгари масоили сиёсӣ аз Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Тошканд ба ин сомона гуфтааст, “бо вуҷуди он ки ду кишвар ҳанӯз дар соли 1993 ба “Қарордоди дӯстию ҳамсоягӣ ва ҳамкорӣ” ва дар соли 2000 ҳатто ба “Қарордоди дӯстии абадӣ” имзо кардаанд, дар асл ин ҳама суханҳо танҳо дар рӯи қоғаз буд. Узбакистон ҳанӯз бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон парвозҳои мустақимаш ба ин кишварро қатъ кард ва дар соли 2000 барои шаҳрвандони ин кишвари ҳамсоя виза ҷорӣ кард.”

Ислом Каримов ва Эмомалӣ Раҳмон, Душанбе, сентябри соли 2014

Ислом Каримов ва Эмомалӣ Раҳмон, Душанбе, сентябри соли 2014

Шикастани пиряхҳои ҷамъшуда дар равобити Тошканду Душанбе аз мулоқоти моҳи сенятбри Каримов ва Раҳмон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар пойтахти Тоҷикистон оғоз ёфт. Ин нахустин дидори рӯбарӯи ин 2 раҳбар дар дастикам 6 соли охир буд ва тавре баъдан, дар моҳи январи соли 2015 сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон Абдулфайз Атоев ташреҳ кард, “зимни мулоқоти раисҷумҳурони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов дар моҳи сентябр дар ҳошияи нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе масоили равобити ду кишвар ба се зина раддабандӣ карда шуда буд: масъалаҳои навбати аввал, ки ҳаллашон ногузир асту кӯшиши зиёд намехоҳад. Масъалаҳои навбати ду ва масъалаҳое, ки ҳаллашон вақти зиёд мехоҳад.”

Ба гуфтаи сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, содда кардани режими раводид ва барқарор қардани парвозҳо байни ду кишвар аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар вохӯрии Раҳмон ва Каримов дар мадди аввал буданд. Душанбе дар моҳи январ пешниҳодҳояшро дар ин замина ба сафири Тошканд супурд, ки аз ҷумла равуои бидуни визаи сокинони ду кишвар ба қаламрави якдигар ба муддати то 30 рӯз ва ҳам барқарор кардани парвози ҳавопаймоҳо байни Душанбеву Тошкандро дар бар мегиранд.

Матлаби silkroadreporters.com

Матлаби silkroadreporters.com

Сергей Чутков, як журналисти мустақил аз Тоҷикистон ба “Гузоришгарони Роҳи Абрешим” гуфтааст, “низоми раводиди ҷоришуда барои мардуме, ки дар ду сӯи марз хешу табор доранд, мушкилоти зиёд эҷод кард. Муносибатҳои иқтисодие, ки вуҷуд дошт, фурӯ пошид. Тоҷирон аз имкони табодули молу маҳсулот маҳрум шуданд ва корхонаҳои зиёде аз кор монд.”

Бузургтарин мушкили истода дар роҳи равобити Тошканду Душанбе, ба ақидаи “Гузоришгарони Роҳи Абрешим”, тарҳи нирӯгоҳи Роғун аст. Бино ба натиҷаҳои таҳқиқоти М. ДеСаттер ва Ҷей Томас Лейх аз Донишгоҳи Дакотаи шимолии Амрико, “агар нирӯгоҳи Роғун сохта шавад, Узбакистон ҳар сол 600 миллион доллар аз маҷмӯи маҳсулоти кишоварзиаш ва 2 дарсад аз маҷмӯи маҳсулоти дохилиашро аз даст медиҳад.” Ҳамин нигаронӣ аз эҳтимоли беоб мондани заминҳои кишт дар кишварҳои поёноб боис шуд, ки, ба ақидаи Шукрулло Мавлонов аз Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Тошканд, баҳси нирӯгоҳи Роғун байни ду кишвар бахусус дар солҳои 2010 -2011 ба нуқтаи авҷаш бирасад: “Дар ниҳояти амр мақомоти Узбакистон интиқоли борҳо ба Тоҷикистон аз қаламрави худро масдуд карданд. Гӯё рӯзи 16 ноябри соли 2011 дар як пули роҳи оҳане, ки ба Тоҷикистон мерафт, таркиш шуд. Мақомот масъулияти таркишро ба дӯши ифротиҳое, ки то ҳол ошкор нашудаанд, бор кард ва интиқоли борҳо ба Тоҷикистон масдуд шуд.”

Бад шудани равобити Тоҷикистону Узбакистон танҳо бо соҳоти сиёсиву иқтисодӣ маҳдуд нашуд, балки ба тақрибан ҳама риштаҳои зиндагии мардум таъсир гузоштааст. Сергей Чутков ба ёд меорад, ки вақте дар соли 2010 дар Душанбе як ҷашнвораи мусиқӣ созмон медод ва ҳунармандон аз Тошкандро ҳам даъват кард, “онҳо даъвати моро рад карданд. Раҳбаронашон ба онҳо гуфтаанд, сафари ҳунарӣ ба Тоҷикистонро “тавсия намедиҳанд”, вагарна барои худ дарди сар хоҳанд харид.”

Марина Юсупова, як сокини шаҳри Тошканд ҳамзамон аз мушкилоти сафар ба Тоҷикистон шикоят мекунад: “Сафар ба Душанбе барои аёдати хешовандон як азоби дӯзах шудааст. Визаи туристӣ барои шаҳрвандони Узбакистон 100 доллар аст. Агар шумо азми сафар доред, бояд 30 рӯз мунтазири даъватнома шавед ва сипас дар сафорат дар навбати тӯлонӣ биистед. Баъд боз навбатҳои тӯлонӣ дар марз ва гузаштан аз роҳи хатарноке, ки аз ду ағба убур мекунад.”

Аммо ба навиштаи “Гузоришгарони Роҳи Абрешим”, то ҳол ин ҳама хабарҳои марбут ба эҳтимоли шикастани яхи равобити Узбакистону Тоҷикистон фақат аз Душанбе мерасанд. Танҳо расонаи узбакистонӣ, ки ба ин мавзӯъ пардохтаву аз ҷумла аз эҳтимоли азсаргирии парвозҳои мустақим дар хатти сайри Тошканд-Душанбе дар таърихи 29 марти соли равон хабар додааст, сомонаи мустақили anhor.uz будааст.

Вале баъдан Валерий Тян, мудири кулли ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбакистон - Ӯзбакистон ҳаво йӯлларӣ” (“Uzbekistan Airways”) - рӯзи 26 январ дар як нишасти хабарӣ дар Тошканд гуфт, "Ҳоло мушкил аст гуфтан, ки ин парвоз дақиқан кай ба роҳ андохта мешавад? Вале мо мехоҳем ин парвозҳоро ҳамин сол аз сар биигрем. Чизи асосие, ки бояд барои ин анҷом шавад, имзои созишномаи байнидавлатӣ миёни Ӯзбакистону Тоҷикистон дар мавриди парвозҳост.”

Дар натиҷаи солиёни мухолифатҳо гардиши мол байни Тоҷикистону Узбакистон ба шиддат коҳиш ёфта, дар як соли охир ҳамагӣ 4, 6 миллион долларро ташкил кардааст, ки ҳамагӣ 0,1 дарсад аз беш аз 4 миллиард доллар ҷамъи тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ва 0,03 дарсад аз тақрибан 15 миллиард доллар ҷамъи содироту воридоти Узбакистонро ташкил медиҳад. Рақаме ончунон ночиз ки барои ду ҳамсоякишвар, албатта, ягон ҷои ифтихор надорад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG