Пайвандҳои дастрасӣ

Як ширкат дар Тоҷикистон, ки ба боркашонӣ машғул аст, бо ирсоли нома ба Анҷумани нақлиёти боркашон ва чанд ниҳоди дигари Узбакистон, аз банд мондани мошинҳо дар марзи ин кишвар нигаронӣ кардааст.

Саид Ғаниев, раҳбари ширкати ҳамлу нақли “Осиё Нақлиёт”, рӯзи 23 январи соли ҷорӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Тошканд ба мошинҳои боркаши онҳо, ки бояд аз Туркия ба фармоишгар дар Узбакистон мева интиқол медод, 3 рӯз боз иҷозаи вуруд намедиҳад. Ба иддаои марзбонони узбак, гӯиё дар ин ҳолат Узбакистон кишвари саввум дониста мешавад ва ворид кардани молу мавод ба воситаи нақлиёти кишварҳои дигар ба ҳудудаш манъ будааст.

Дар ҳоле ки ба қавли Ғаниев, нақлиёти кишварҳои дигар, аз ҷумла Узбакистону Қирғизистон, аз ҳудуди Тоҷикистон маҳсулоти заруриро ба кишварҳои гуногун интиқол медиҳанд ва дар ин замина мушкиле надоранд. “Ба Туркия бор бурдему якбора бори Узбакистонро қабул кардем, аммо кор ранги дигар гирифт. Ҳоло посухи номаро интизорем. Агар нашуд, маҷбурем, борро дар марз фароварда, тавассути мошини худи Узбакистон ба фармоишгар расонем, ки ин хароҷоти иловагӣ ва вақти зиёдро талаб мекунад,”-мегӯяд Саид Ғаниев.

Ҳарчанд бар пояи қарордоди байнидавлатӣ мошинҳои борбари Тоҷикистон барои убур аз қаламрави Узбакистон 5 рӯз мғҳлат доранд, аммо Узбакистон ин рақамро то се рӯз кам кардааст. Баъди се рӯз Узбакистон ба худ ҳақ медиҳад, ронандаро беш аз 100 доллар ҷарима кунад. Ронандагон шикоят доранд, ки убури садҳо километр дар се рӯз ва он ҳам дар роҳи пур аз мошини боркаш аз имкон берун аст. Ҳоло аксари ронандаҳо барои гурез аз ҷаримабандӣ ва мушкилот, бо азобу шитобзадагӣ кӯшиш мекунанд аз ин кишвар дар зудтарин фурсат берун шаванд.

Аммо тасвиби созишнома миёни кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), ки осону беҳтар кардани шароити ҳамлу нақли автомобилиро ҳадаф қарор додааст, дар баробари даҳҳо собҳибкорони дигари тоҷик, ин мусоҳиби моро ҳам ба беҳтар шудани вазъ умедвор кардааст. Ин санад рӯзи 21-уми январ аз ҷониби парлумони Тоҷикистон тасвиб шуд ва ба таъкиди масъулин, он ҳамлу нақл ё интиқоли молу мавод тавассути мошинҳои боркашро содда ва камхарҷ хоҳад кард.

Шералӣ Ганҷалзода, муовини раиси Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ки ин созишномаро дар парлумон муаррифӣ кард, мегӯяд, дар асоси ин санад, як комиссияи вижа ё махсус таъсис ёфта, сирф барои рафъи монеаҳои мавҷуд дар интиқоли бор аз тариқи нақлиёти заминӣ ба кишварҳои узв кор хоҳад бурд: ​“Ин созишнома 5 хатсайрро муайян кардааст, ки ҳама нақлиётчиёни кишварҳои узви СҲШ метавонанд аз он истифода кунанд. Ин хатсайрҳо аз Урумчии Чин сар карда, ба ҳудуди Қирғизистон то Узбакистон меояд. Аз Урумчӣ сар шуда, ба воситаи Қазоқистон ба Русия меравад. Мушкил аслан то имрӯз дар он буд, ки ҳангоми фаъолият дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, барои мувофиқа кардани ҳуҷҷатҳо вақти зиёд сарф мешуд, ҳозир бояд ин тартиб соддатар шавад.”

Ба гуфтаи ҷаноби Ганҷалзода, феълан дар Тоҷикистон 25 ширкати нақлиётӣ барои ҳамлу нақли байналмилалӣ иҷоза доранд. Инчунин, дар ин самт ширкатҳои зиёди хориҷӣ фаъолият доранд, ки ба воридоту интиқоли бор аз Чину Эрону Туркия ва Русия ба Тоҷикистон машғуланд.

Мақомот мегӯянд, ин санад роҳи ширкатҳои боркашонии Тоҷикистонро дар самти Чин, яке аз кишварҳои аслии интиқолдиҳандаи молу коло бозу озод мекунад. То имрӯз ширкатҳои боркаши Тоҷикистон ҳақ доштанд то Қошғари Чин ворид шаванд ва дар ҳудуди ин кишвар аз хадамоти ширкатҳои боркашонии маҳаллӣ истифода кунанд. Санади мазкур ҳаракати онҳоро дар саросаи Чин фароҳам меорад.

Собир Вазиров, иқтисодшиноси тоҷик, мегӯяд, ҳамин мушкилот ва хароҷоти зиёд боис шуда буд, ки ширкатҳои нақлиётии Тоҷикистон рақобатпазирии худро аз даст доданд ва майдонро бештар дар ин самт дар ихтиёри ширкатҳои хориҷӣ гузоштанд: “Агар ин созишнома амалӣ шавад ва тоҷирон тавонанд то Урумчӣ рафта, борро рост ба минтақаи зарурӣ ба Тоҷикистон оранд, тассавур кунед, чӣ қадар кор осону маблағ сарфа мешавад. Ин сабаб мешавад, ширкатҳои интиқолдиҳандаи Тоҷикистон тавонманду рақобатпазир гарданд."

Тоҷикистон аввалин кишваре, аст, ки Созишнома барои фароҳам овардани шароити ҳамлу нақли байналмилалӣ дар ҳудуди кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхайро тасвиб кардааст ва мақомоти кишвар интизоранд, ин санад аз сӯи кишварҳои дигар низ ҳарчи зудтар тасвиб шавад ва мавриди иҷро қарор бигирад.

Раиса Павловна, намояндаи Анҷумани ширкатҳои боркашонии Тоҷикистон, мегӯяд, барои Тоҷикистон тасвиби ин санад аз ҷониби Узбакистон бисёр муҳим аст: “Маҳз ҳамин масир барои мо бисёр муҳим аст, чун ҳамлу нақли асосӣ ба Тоҷикистон аз тариқи Узбакистон сурат мегирад ва хеле умедворем, баъди тасвиб шудани ин санад аз сӯи Узбакистон ва амалӣ шудани он, истифода аз роҳҳои ин кишвар озоду бемонеа хоҳад шуд.”

Аммо ба андешаи Раиса Павловна, рафъи мушкилот дар ҳамлу нақл ва убуру мурур миёни кившарҳои узви CҲШ аз он вобастааст, ки ин санад дар кадом шакле амалӣ мешавад ва то куҷо кишварҳои узв ба он ҷиддӣ бархӯрд хоҳанд кард. Мавзӯи тасвиби созишнома миёни кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай барои беҳтар кардани шароити ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ даҳ сол боз дар миёни кишварҳои узв матраҳ буд ва тирамоҳи имсол, зимни нишасти навбатии сарони ин кишварҳо дар Тоҷикистон қабул шуд.

XS
SM
MD
LG