Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи то ҳол беҷавоби Х.Асозода ба Узбакистон


Хайрулло Асозода, вазири нақлиёти Тоҷикистон
Хайрулло Асозода, вазири нақлиёти Тоҷикистон

Хайрулло Асозода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, гуфт, ҷониби Узбакистон ба номаи ӯ дар масъалаи азсаргирии парвозҳо миёни Тошканду Душанбе то ҳол ҷавоб надодааст.

Хайрулло Асозода -- вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, то ҳол ҷониби Узбакистон ба як номаи ӯ дар мавриди азсаргирии парвозҳо миёни Тошканду Душанбе посух надодааст. Ҷаноби Асозода, ки дар нишасти хабарии 26 январ дар Душанбе дар ин бора ҳарф мезад, таассуф хӯрд, ки номааш беҷавоб мондаву онҳо ба тавофуқ нарасидаанд.

Ӯ афзуд, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва шахсан худаш омодааст, ҳама корро барои беҳбуди равобити ду кишвар анҷом диҳад, ки якеаш азсаргирии парвозҳост.

Хайрулло Асозода илова кард, ин масъаларо базудӣ бо ҳамтои узбакаш дар нишасти Истанбул низ дар миён хоҳад гузошт. “Ба қарибӣ дар Истанбул ҳамаи вазирони нақлиёт ҷамъ меоянд ва яке аз вохӯриҳои ман бо вазири нақлиёти Узбакистон аст. Ҳатман ин масъаларо дар миён хоҳам гузошт”,-афзуд ӯ.

Душанбе мунтазири посухи Тошканд аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:06 0:00

Даҳ рӯз пеш расонаҳои интернетие, ки навгониҳои бозори парвозҳои ҳавоии дунёро пайгирӣ мекунанд, аз эҳтимоли оғози парвозҳо байни Тошканду Душанбе хабар дода буданд. Сомонаҳои airlineroute.net, jumpseatgossip.com, airlinenewswire.com ва routesonline.com ҳатто шумораи расмии ин парвозҳоро ҳам эълон кардаанд:

HY783 TAS0650 – 0755DYU 320 47

HY784 DYU0855 – 1000TAS 320 47

Гуфта мешавад, ширкати “Узбакистон ҳаво йӯлларӣ” (“Uzbekistan Airways”) аллакай рӯзи 29 март ба анҷоми парвозҳо дар масири Тошканд – Душанбе оғоз мекунад ва ин парвозҳо ҳафтае ду бор тавассути ҳавопаймоҳои “Airbus A320” анҷом хоҳанд шуд. Мақомоти расмии Узбакистон ҳанӯз ин хабарро тасдиқ ё такзиб накардаанд. Вале Рустам Холиқов – раиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гуфт, дар ин замина аз ҷониби Тошканд ҳе чпешниҳоде дастрас накардаанд. Ӯ афзуд, “мо ҷонибдори муносибати хубем. Агар чунин пешниҳод шавад, мо омодаем, дар тӯли се ҳафта тамоми аснодро дуруст намоем.”

Хабари омодагии "Узбакистон ҳаво йӯлларӣ" ба азсаргирии парвоз дар хатти Тошканд - Душанбе дар ҳоле нашр мешавад, ки Парвиз

Парвиз Давлатзода
Парвиз Давлатзода

Давлатзода, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 10 январи соли ҷорӣ дар мулоқоташ бо Шоҳқосим Шоисломов, сафири Ӯзбакистон дар Душанбе, аз номи Тоҷикистон пешниҳод кард, ки равуои сокинони ду кишвар ба қаламрави якдигар ба муддати то 30 рӯз бидуни виза сурат бигирад ва ҳам парвози ҳавопаймоҳо байни Душанбеву Тошканд барқарор карда шавад.

Парвозҳо байни шаҳрҳои Узбакистону Тоҷикистон, аз ҷумла дар масири Тошканд – Душанбе ҳанӯз соли 1992, дар пайи оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қатъ шуда буданд. Тошканд ҳамин тавр, дар соли 1999, дар пайи ҳамлаи ҷангиёни Ҳаракати Исломии Узбакистон ба раҳбарии Ҷумъаи Намангонӣ ба вилояти Сурхондарё марзҳояш бо Тоҷикистонро минакорӣ карда, бо ин ҳамсоякишвар низоми раводид ҷорӣ намуд.

Ислом Каримови 76-сола -- раиси ҷумҳури кунунии Узбакистон ва яке аз довталабони аслӣ дар интихоботи президентӣ дар моҳи март, рӯзи ҷумъаи 23 январ ҳангоми суханронияш дар Маҷлиси Олии ин кишвар аз муносибату ҳамкории муфид бо ҳамсояҳо ҳарф зад. Ӯ гуфт, “мақсади аввалиндараҷаи мо муносибати хуб доштан бо ҳамсояҳост”. Вале Каримов дар ин замина аз ҳеч кадом кишвари ҳамсояаш мушаххас ном нагирифт.

“Ҳадафи аввалиндараҷаи мо муносибати хуб ва ҳамкории муфид бо тамоми кишварҳо, қабл аз ҳама, бо ҳамсояҳоямон аст”,-таъкид дошт ӯ ва афзуд, “нуктаи муҳим ин аст, ки Узбакистон тарафдори сиёсати сулҳдӯстона буд ва мемонад. Пеш аз ҳама, Узбакистон ба ягон блоки низомӣ ҳамроҳ намешавад ва иҷоза ҳам намедиҳад, ягон пойгоҳи ҳарбии хориҷӣ дар ин ҷо мустақар шавад. Дар вазъи кунунии ҷаҳон ҳамин роҳ барои мо дуруст ва ояндадор аст.”

Дар ин суханронии худ оқои Каримов аз густариши терроризм дар ҷаҳон низ ҳушдор дода, аз сокинони кишвараш хост, дар баробари ҳама таҳдидҳои берунӣ ҳушёриро аз даст надиҳанд. Ин изҳороти Ислом Каримов дар ҳоле садо дод, ки расонаҳо аз қарордоди пинҳонии Олмону Узбакистон барои истифода аз пойгоҳи ҳарбӣ дар шаҳри Тирмиз хабар доданд. Нашрияи Tagesspiegel навишт, ин қарордоди махфӣ ҳанӯз 1 сентябри соли 2014 дар Тошканд имзо шуда, бо тақозои ҷониби Узбакистон, Олмон ҷузъиётионро ошкор намекунад.

Айни видео дар Ютуб:

XS
SM
MD
LG