Пайвандҳои дастрасӣ

Душанбе ба Тошканд: Визаро бардорем (ВИДЕО)


Яке аз гузаргоҳҳои марзӣ бо Узбакистон. Акс аз бойгонӣ

Яке аз гузаргоҳҳои марзӣ бо Узбакистон. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистон ба Узбакистон пешниҳод кардаанд, ки низоми раводид байни ду кишвари ҳамсоя ҳадди ақал барои сафарҳои то як моҳ бардошта шуда, парвозҳои ҳавоӣ байни Душанбею Тошканд аз сар гирифта шаванд.

Тоҷикистон ба ҳамсоякишвараш Узбекистон пешниҳод кардааст, ки равуои сокинони ду кишвар ба қаламрави якдигар ба муддати то 30 рӯз бидуни виза сурат бигирад ва ҳамчунин парвозҳои ҳавоӣ байни Душанбеву Тошканд барқарор карда шавад.

Ин пешниҳодро Парвиз Давлатзода, муовини вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 10 январ дар мулоқоташ бо Шоҳқосим Шоисломов, сафири Узбакистон дар Душанбе пешниҳод кардааст.

Абдулфайз Атоев, раиси департаменти иттилооти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 12-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мулоқот Давлатзода бо сафири Узбакистон рафти иҷрои масъалаҳоеро матраҳ карданд, ки зимни мулоқоти раисҷумҳурони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов дар моҳи сентябр дар ҳошияи нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҳосил шуда буд. Ҷаноби Атоев афзуд: “Зимни мулоқоти президентон Ислом Каримов ва Эмомалӣ Раҳмон, дар Душанбе масоили равоботи ду кишвар ба се зина раддабандӣ карда шуда буд: масъалаҳои навбати аввал, ки ҳаллашон ногузир асту кӯшиши зиёд намехоҳад. Масъалаҳои навбати ду ва масъалаҳое, ки ҳаллашон вақти зиёд мехоҳад.”

Атоев мегӯяд, содда кардани режими раводид ва барқарор қардани хатсайри ҳавоӣ байни ду кишвар аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар вохӯрии раисҷумҳурон дар мадди аввал гузошта шудаанд. Ба таъкиди вай, ҷониби Тоҷикистон ҳоло ин пешниҳодҳоро тариқи сафорат ба ҳукумати Узбакистон ирсол дошта, мунтазири назари Тошканданд.

Парвиз Давлатзода

Парвиз Давлатзода

Муносиботи Тоҷикистону Узбакистон пас аз касби истиқлоли онҳо дар соли 1991 ҳеҷ гоҳ тахту ҳамвор набуд, аммо пас аз азми Душанбе барои сохтани нерӯгоҳи Роғун дар чанд соли охир вориди як марҳалаи наздик ба “ҷанги сард” шудааст.

Тошканд дар соли 1999 ба таври якҷониба бо Тоҷикистон режими визаро ҷорӣ карда, парвози ҳавопаймоҳоро байни пойтахтҳои ду кишвар ҳанӯз аз соли 1992 қатъ кардааст. Баъдан Узбакистон равуои озоди қаторҳои роҳи оҳани Тоҷикистон маҳдуд карда, ду сол пеш қитъаи роҳи оҳанеро, ки ба ҷануби Тоҷикистон мерафт, комилан барчид. Узбакистон ҳамин тавр нархи гази табииро барои Тоҷикистон сол аз сол гарон карда, аз соли 2012 содироти онро ба ин кишвари ҳамсояаш пурра қатъ кард.

Соли 2012 ихтилофҳои Тоҷикистону Узбакистон ба авҷи худ расид ва Ислом Каримов зимни як сафараш ба шаҳри Алма-Атои Қазоқистон бо як лаҳни тунд дар робита бо моҷарои тақсими оби дарёҳои фаромарзӣ ва бунёди сарбанди нерӯгоҳҳо дар минтақа гуфт: “Ташаннуҷ метавонад то ҳадде расад, ки натанҳо боиси муқовимат, балки сабаби ҷанги байни давлатҳо шавад.”

Дар натиҷаи ин солиёни мухолифатҳо гардиши мол байни Тоҷикистону Узбакистон ба шиддат коҳиш ёфта, дар як соли охир ҳамагӣ 4, 6 миллион долларро ташкил кардааст, ки барои ду ҳамсоякишвар, албатта, хеле ночиз аст.

Аммо, ҳоло чӣ ангезае Тошкандро водор кардааст, ки муносиботашро бо ҳамсояи шарқиаш нармтар кунад?

Яке аз қитъаҳои марзи Тоҷикистону Узбакистон

Яке аз қитъаҳои марзи Тоҷикистону Узбакистон

Ба назари бархе аз таҳлилгарон дар Тоҷикистон, тезутундшавии авзои сиёсӣ дар арсаи байналмилалӣ, буҳрони иқтисодӣ дар Русия ва таъсири он ба минтақа ва инчунин хатароти амниятии ношӣ аз Афғонистон Тошкандро ба ин андеша водор кардааст, ки дар ин вазъияти ҳассос бо ҳамсояҳояш муносибати хубтар дошта бошад.

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стротегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт: “Таҳдидҳое, ки сари кишварҳои Осиёи Миёна ҳаст, ба ҳамдигар бисёр монанданд. Афғонистон ҳамсояи ҳам Тоҷикистон ва ҳам Узбакистон аст. Барои он ки аз таҳдидҳо эмин монем, мо бояд муттаҳид ва ба ҳам наздик бошем. Хусусан дар муқобили буҳрони иқтисодие, ки аз сӯи Русия ба мо меояд, агар моя якҷоя бошем, хеле осонтар онро паси сар мекунем.“

Тоҷикистон ҳанӯз соли 2000-ум ба Узбакистон масъалаи лағви раводидро пешниҳод карда буд. Ҳарчанд Тошканд он замон ба ин пешниҳод посухе надод, ин бор дар вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо умеди бештаре ба “ок”−и Тошканд менигаранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG