Пайвандҳои дастрасӣ

Г.Петров: Дар роҳи сохтани Роғун чанд "аммо" истодааст


Георгий Петров

Георгий Петров

Георгий Петров, мутахассиси варзидаи соҳаи энергетикаи Тоҷикистон дар як сӯҳбати ихтисосӣ дар бораи дурнамои нирӯгоҳи Роғун ва ҳам аз ин сӯҳбат кард, ки оё лимити барқ дар Тоҷикистон кай афсона мешавад?

Георгий Петров, муовини собиқи раиси ширкати “Барқи Тоҷик” ва аз мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи энергетика, ки солҳо дар Тоҷикистон кор кардааст, мегӯяд, ба кор андохтани аввалин чархаҳои нерӯгоҳи Роғун дар соли 2018 нияти хуб аст, аммо кафолати ин вуҷуд надорад. Чанде пеш аз ин Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон гуфт, ду агрегат ё чархаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун, соли 2018 ба кор андохта мешаванд.

Георгий Петров дар Пажӯҳишгоҳи масоили об ва энергетикаи Тоҷикистон кор мекунад, вале чанд сол боз дар Маскав ба сар мебарад.

Оқои Петров рӯзи 4 феврал дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар бораи дурнамои сохта шудан ё нашудани нирӯгоҳи Роғун ва ҳам аз ин сӯҳбат кард, ки оё мардуми Тоҷикистон кай аз бебарқиву торикӣ халос мешаванд?

Георгий Петров: “Ман худам дар соҳаи энергетика дар “Барқи Тоҷик” кор кардаам ва ин як нияти нек аст ва ман ҳам мехоҳам, ки ҳамин кор шавад. Вале гуфтану кардан, ду чизи гуногун аст. Худо кунад ва чашм нарасад, ки (то соли 2018) нерӯгоҳи Роғун ба кор сар кунад, вале ҳеҷ гуна кафолати он вуҷуд надорад. Мо агар бигӯему ором бишинем ва ҳеҷ кор накунем, дар ин сурат Роғун ба кор сар намекунад. Бояд қиммати нерӯи барқро боло барем, бояд тарҳҳои дигар ба мисли КАСА-1000-ро ба инобат бигирем, барои ин ҳам пул лозим дорем. Агар ҳама таваҷҷӯҳро ба Роғун сафарбар кунем, дар он сурат метавонем, нерӯгоҳро ба кор андозем. “

Радиои Озодӣ: Ташхиси байналмилалии тарҳи нерӯгоҳи Роғун нишон дод, ки иддаоҳои кишварҳои поёноб бахусус Узбакистон, ки Роғун сабаби фалокатҳои бузург дар Осиёи Марказӣ мешавад, беасос будааст. Акнун метавонем, бигӯем, ки мухолифат ба бунёди Роғун ҳам камтар мешавад?

Георгий Петров: “Ман ҳанӯз соли 2011 гуфтам, ки ташхис фақат талаф додани вақт аст. Маълум буд, ки натиҷаҳои ташхис чӣ мешавад, онҳо наметавонистанд бигӯянд, ки Роғунро набояд созед. Айни замон онҳо гуфтанд, ки метавонед Роғунро бисозед, аммо.... Дар ин “аммо”, ба қавли фаронсавиҳо, тамоми Парижро дохил карда мешавад. Вале мо бояд вуҷуди ҳамин “аммо” Роғунро бисозем. Барои Роғун як лоиҳаи нав лозим аст ва кашидани ҳамингуна тарҳро мо бояд фармоиш диҳем. Ҳар як лоиҳа қисматҳои алоҳидаи калон дорад ва дар замони шӯравӣ ҳам чунин буд, вақте лоиҳа омода мешуд, ташхис ҳам анҷом мешуд. Чаро мо ташхисро ба онҳо додем ва чаҳор соли худро талаф кардем. Ҳама гап сари ҳамин масъала аст.”

Радиои Озодӣ: Агар ба масъалаи Узбакистон баргардем, яъне ин кишвар дигар ба Роғун мухолифат намекунад?

Георгий Петров: “Узбакистон ҳамеша мухолифат хоҳад кард, хайр чӣ? Чаро мо бояд онро гӯш кунем, агар мо ба ягон ширкати мӯътабару ҷиддӣ тарҳи Роғунро фармоиш диҳем, тавре барои ширкати РусАл ба як ширкати фаронсавӣ фармоиш додем. Бигзор баъди ин Узбакистон бо ҳамон ширкат мубориза бурдан гирад. ”

Радиои Озодӣ: Манзури шумо аз лоиҳаи нав чӣ аст? Яъне ҳоло Роғун лоиҳаи иқтисодии мушаххас надорад?

Маҳалли сохтмони нирӯгоҳи Роғун

Маҳалли сохтмони нирӯгоҳи Роғун

Георгий Петров: “Бале, мо ҳоло ҳатто қимати худи нерӯгоҳи Роғунро муайян накардаем, ин лоиҳа бояд аз тарафи ҳукумат тасдиқ ва бо фармони ҳукумат қабул карда шавад. Яке аз мушкилоти Роғун ин аст, ки қимати аслии лоиҳаи он мушаххас нашудааст ва ҳар қадар, ки метавонед, онҷо пулро рехтан гиред. Ҳоло пули иҷрои корҳоро бар асоси муҳосибаи харҷу масраф мепардозанд ва аз ин рӯ ҳама чиз чанд маротиба гаронтар аст. Маълум аст, ки дар онҷо сӯистифода мешавад ва дигар корҳо вуҷуд дорад. Дар сурати лоиҳаи дақиқ ин гуна корҳоро карда наметавонанд. “

Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон дар ҳоле мехоҳанд, сохтмони нерӯгоҳи Роғунро такмил кунанд, ки вазъи соҳаи энергетика хуб нест, бахусус вазъи ширкати “Барқи Тоҷик”. Ба назари шумо чаро солҳост, ки дар ин соҳа бӯҳрон аст?

Георгий Петров: “Ин бӯҳрон нест, ин як вазъи мушкил аст. Ҳоло дар ҳамаҷо вазъ мушкил аст, ҳам дар Русия, сарфи назар аз Украина ва ин як вазъи маъмулӣ аст, ки аз он бояд дуруст берун шавем. Мехостам ду ҷанбаро зикр кунам, масалан шумо хабарнигор ҳастед ва ман муҳандис. Аввал ин ки ҳоло дар Тоҷикистон хабарнигорон назар ба мутахассисон ба соҳаи энергетика бештар таваҷҷӯҳ доранд, шумо зиёд менависед ва кори дуруст мекунед, вале мутахассисону иқтисоддонон барои ислоҳи вазъ кам кор мекунанд. Барои ҳамин бояд мутахассисону муҳандисон сари ин масъала дуруст кор кунанд. Дар замони шӯравӣ даҳҳо пажӯҳишгоҳ барои соҳаи энергетика кор мекарданд. Ман намехоҳам бигӯям, ки дар Тоҷикистон мутахассисони хуб каманд, агар бошанд ҳам, таҷриба надоранд. Ман дар гузашта вақте дарТоҷикистон кор мекардам, дар як сол даҳ бор ба форумҳои гуногун, пажӯҳишгоҳҳои гуногуни энергетикии кишварҳои дигар мерафтам. Ин таҷрибаро бояд барқарор кард ва барои ин пули зиёд лозим нест. “

Радиои Озодӣ: Аммо сабаби қарздории “Барқи Тоҷик” чӣ ҳаст?

Георгий Петров: “Воқеан нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон бисёр паст аст. Зиёд гап мезананд, ки зӯри мардум ба пардохтани пули барқ намерасад. Дар Русия дар зарфи 5-6 соли ахир қимати барқро 10 маротиба боло бурданд. Вақте ду маротиба боло бурданд, ҳаёҳу бардоштанд, ки мардум пули барқро дода наметавонад, мардум ба кӯчаҳо мебарояд, аммо ҳеҷ чиз нашуд. Пули барқе, ки мегиранд, аз тариқи истеҳсолот ва ҷойҳои нави корӣ ба мардум бармегардад. Мушкили асосӣ дар “Барқи Тоҷик” нархи пасти нерӯи барқ аст. Албатта, масъалаҳои дигар, ба мисли дахолати давлат аст, ки ҳукумат баъзе аз хароҷоти худро ба сари “Барқи Тоҷик” мезанад. Ин чиз буд ва мемонад, вале мушкили асосӣ қимати барқ аст, то замоне, ки ин масъаларо мо ҳал накунем, ба ҷое намерасем. Аз ин рӯ ба фикри ман, хоҳем ё нахоҳем, қиматҳоро бояд боло барем, баъдан назорат кунем, ки ин пулҳо ба куҷо мераванд, пеш аз ҳам қарзҳои “Барқи Тоҷик”-ро пардозем. Ба фикри ман, бояд қимати ҳар киловат соат нерӯи барқ бояд 5 сент бошад ва ман инро ба ҳайси як муҳандис мегӯям. Дар Русия ҳоло ҳар киловат-соат нерӯи барқ 10 сентро ташкил медиҳад. “

БАРОИ МАЪЛУМОТ: Нерӯгоҳи Роғун бо иқтидори 3600 мегаватт, метавонад солона 13,1 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид кунад ва давлати Тоҷикистон сохтмони ин нирӯгоҳро барои ҳалли бӯҳрони энергетикии кишвар, ки ҳар сол дар фасли сармо маҷбур аст, лимити шадиди нирӯи барқ ҷорӣ кунад, масъалаи “ҳаёту мамот” мехонад. Дар ҳоли ҳозир ширкати “Барқи Тоҷик” бузургтарин ширкати энергетикии Тоҷикистон мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG