Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо асобағал ба "маршрутка". Чаро маълулон дар ҳошияи зиндагӣ мондаанд?


Зиёда аз 160 ҳазор маълул дар Тоҷикистон наметавонанд, аъзои комилҳуқуқи ҷомеа бошанд.

Созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, дигарбора ба зарурати пайвастани ин кишвар ба конвенсияи ҳуқуқи маълулон таъкид карданд. Масъулини ин созмонҳо, ки қабули эъломияро калиди ҳалли мушкилоти маълулони кишвар ва таъмини ҳуқуқи онҳо медонанд, ахиран дар ҳамоише сабабҳои асосии эътироф нашудани ин санад аз сӯйи Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Соли панҷум аст, ки ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон талош дорад, то ин кившар ба конвенсияи Созмони миллали муттаҳид дар робита ба ҳуқуқи маълулон бипайванданд, аммо бо вуҷуди дархосту, муроҷиат ва пахши баёнияҳо, онҳо натавонистаанд дар ин самт муваффақ шаванд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи Асадулло Зикрихудоев, раҳбари ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе, соли 2008 - ум, вақте нахустин бор ин ҳуҷҷат ба вазоратҳои кишвар пешниҳод шуд, ба ҷуз аз вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки эълон дошт, зидди эътирофи конвсенсия аст, дигар ниҳодҳои кишвар онро қобили қабул дониста буданд: «Ҷавоби расмӣ ҳам доштем, ки ҳама вазорату кумитаҳо дар қабули ин санад мушкиле намебинанд. Фақат вазорати корҳои хориҷӣ зид буд ва дар аксар нишастҳо ҳам масъулини ин ниҳод мегуфтанд, ки вазъи иқтисодӣ имконият намедиҳад. Дар ҳоле, ки ин ин масъала ба ниҳоди мазкур чандон рабте надорад ва тарс аз он, ки мо ин санадро имрӯз қабул карда, фардо амалӣ карда наметавонем, иштибоҳ аст. Тоҷикистон қариб ҳамаи дигар санадҳои созмони миллали муттаҳидро қабул кардааст.»

Аммо дар ҳамоиши ахир дар робита ба ин мавзӯъ, аксар намояндагони вазорату сохторҳои давлатӣ ва парлумони кишвар ҳам бо пеш овардани вазъи иқтисодии мамлакат, айни ҳол эътирофи конвенсияи ҳуқуқи маълулонро имконнопазир хонданд. Ба гуфтаи онҳо қонунҳои феълии Тоҷикистон ҳам аз ҳаққу ҳуқуқи маълулон ҳимоят мекунад ва иҷрои ин қавонин ҳам риояи уҳдадориҳои конвенсияи СММ хоҳад буд. Гулчеҳра Бозорова, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар, дар ин робита гуфт, барои қабули эъломия сармоя ва масъулияти зиёд лозим аст.

«Бубинед, ҳоло мо оддитарин нақлиёт барои маълулон надорем. Яъне дар навбати аввал мо бояд барои иҷрои ҳамин қонуни дохилӣ талош кунем. Ва дар асоси ин барои эътрофи эъломия оҳиста - оҳиста омодагӣ гирем. Таъсиси гурӯҳи корӣ ва қабули эъломияи Созмони миллали муттаҳид кори осон аст, вале дар айни замон пасфардо созмонҳои ҷаҳонӣ аз мо иҷрои онро талаб мекунанд ва ҳисобот мепурсанд, ки чаро мо иҷро накардем ин эъломияро.»

Тоҷикистон ягона кишваре дар Осиёи Марказист, ки то ба ҳол конвенсияи ҳуқуқи маълулонро эътироф накардааст. Намояндагони созмонҳои дорои имконоти маҳдудро, далели масъулини ҳукумат, яъне камбуди сармоя барои қабули ин санад қонеъ намесозад. Онҳо мегӯянд, бо қабули конвенсия баръакс воридшавии сармояҳои хориҷӣ ба ин кишвар меафзояд ва имтиёзҳо дода мешавад.

Зулфиқор Замонов, коршноси мустақил дар умури ҳуқуқ, мегӯяд, “ин қонунҳои мо пурра ба эъломия мувофиқат намекунанд. Қонунҳои мо бештар хусусияти тиббӣ ва хайриявӣ доранд. Маълулон имрӯз имконият ва шароит ниёз доранд, барои онҳо фақат имконият додан даркор онҳо худ кор мекунанд, зиндагиашонро пеш мебаранду оиладор мешаванд.»

Бино бар омори расмӣ имрӯз дар Тоҷикистон 160 ҳазор афроди дорои имконоти маҳдуд ба сар мебаранд. Ва дар пайи як санҷиш соли гузашта ҳудуди 20 ҳазори онҳо ба далели қалбакӣ будани маъюбиашон, аз ин феҳраст ихтисор гардиданд. Аксаран ин қишри аҳолӣ аз риоя нашудани ҳуқуқҳои худ, ки қонунҳои кишвар пешбинӣ кардаанд, шикоят мекунанд. Ба далели номусоид будани муҳит ва имконоти худ ин қишри ҷомеа наметавонанд дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ иштирок кунанд. Онҳо дар дарёфти ҷойи кор мушкил мекашанд ва ба таҳсил умумиву олӣ кам дастрасӣ доранд.

Санавбар Раупова, намояндаи созмони занони маъюб мавсум ба «Иштирок», мегӯяд ин ҳама боис шуда, ки имрӯз теъдоди бузурги маълулони тоҷик аз ҷомеа дур мондаанд. Худи Санавбар шояд аз камтарин занони дорои имконоти маҳдуде аст, ки бо асобағал ва маҳрумият аз як пой тавонистааст дар ҷомеа мавқеи худро пайдо кунаду аз ҷиҳати иқтисодӣ мустақил бошад.

Ӯ мегӯяд, «маълулон имрӯз аз кӯдакӣ ба боғча ва таҳсил фаро гирифта намешаванд. Фардо албатта, ки аз савод ва макотиби олӣ дур мемонанд ва билохира дар бозори меҳнат ҳам рақобатпазир нахоҳанд буд ва наметавонад соҳиби ҷои кор шаваду зиндагиашро пеш барад.»

Бинобарин маъсулини созмонҳои кор бо маълулон мегӯянд, аз нияти пешгирифтаашон дар робита ба ҳарчӣ зудтар шомил шудани Тоҷикистон ба конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид даст нахоҳанд кашид ва талош хоҳанд кард, то ин иқдом сурат гирифта, шароити беҳтаре барои маъюбон фароҳам шавад.

Оё дар Тоҷикистон маълулон шароити кору зиндагиро доранд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00
XS
SM
MD
LG