Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи башар аз баргузории маъракаи сабти дигарбораи афроди маъюб дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунанд.

Ин созмонҳо, ба шумули Бюрои ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният, Иттиҳоди миллии маъюбони Тоҷикистон, Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе – «Имконият», Лигаи занони маъюб – «Иштирок» зимни як номаи боз ба ҳукумати Тоҷикистон гуфтаанд, ки бо талаби номнависи такрорӣ, ҳуқуқи онҳо поймол мешавад.

Асадулло Зикрихудоев, сарвари Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе – «Имконият» ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи қонунгузории Тоҷикистон, сабти дигарбораи маъюбон танҳо дар заминаи аризаи онҳо имкон дорад, яъне танҳо дар ҳоле, ки агар маъюб беҳбуд ёфт, ё вазъаш бадтар шуд, ба зинаи дигари маъюбӣ гузаронда мешавад. Вай афзуд, аз чанд вақт ба ин сӯ, масъулони вазорати тандурустӣ дар навоҳии Рӯдакӣ ва Ҳисор маъракаи тафтиш ва сабти такрории маъюбонро ба роҳ мондаанд, ки барои ахириҳо дардисарҳои навро ба вуҷуд овардааст:

«Чӣ гуна тафтиш аст ва бар асоси кадом ҳуҷҷат бошад, ягон нафар ба мо намегӯяд? Фақат мешунавем, ки мегӯянд, супориши президент аст. Аммо ин кор бояд аз рӯи қоида гузарад. Агар вақти сабти дигарбораи маъюб ояд, агар сиҳат шуда бошад, ҷои баҳс нест, аммо ин тавр намешавад, ки як кӯдакӣ то соли 2013 ҳуҷҷат гирифтаро имрӯз гӯӣ, ки бирав ту, дигар маъюб нестӣ.»

Сайидалӣ, як маъюб аз ноҳияи Ҳисор мегӯяд, аз дасти ин маърака хеле сарсон шудааст. Вай афзуд, аввал, аз назорати духтур гузашта, сипас ба комиссияи махсус даъват шудаанд: «Пеши комиссия равон карданд, он ҷо фаҳмондем, ки мо аз давраи «союз», маъюби гурӯҳи дуюм, касали полиомелит. Гуфтем, ки карточкаҳоямон як китобча шуда буд, аммо ҳоло он ҳам нест. Умуман, як ғамдиҳӣ – да. Мо он қадар шароит надорем. Назди духтурон даромаду баромад, малоламон меояд. Баъзе хизматҳое ҳаст, ки маблағ надиҳӣ, намешавад.»

Дар ҳамин ҳол, мақомоти масъул нигарониҳои созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ ва маъюбонро беасос медонанд. Ба қавли онҳо, ин маъракаи вижаи солимгардонии ҷомиа аст, ки бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон пиёда мешавад. Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз ҷаласаҳо дар моҳи январи соли равон ба вазорати тандурустӣ дастур додааст, ки шароити кору зиндагии маъюбон беҳтар карда шавад.




Пироншоҳ Бодомаев, як масъули вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, шояд аз сӯи бархе аз ин маърака сӯистифодаҳо сурат гирад, аммо ин иқдом як гуна омӯзиши вазъи воқеии маъюбон ва пайдо кардани роҳи ҳалли мушкилоти онҳо аст: «Мо ҳолатҳои онҳоро мебинем, ки то чӣ андоза беморӣ доранд. Шояд вазъи бархе аз пешина бадтар шудааст, аммо ба духтур муроҷиат намекунад. Аз сари нав ҳуҷҷатҳо, ташхиси ӯро омода карда, ба хадамоти махсуси вазорати ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ пешниҳод мекунем. Ин ҳамаро мо тариқи марокизи саломатӣ дар ноҳияҳо ройгон анҷом медиҳем.»

Дар ҳамин ҳол, як нафар аз огаҳони ҳол, ки нахост номаш зикр шавад, роҳандозии ин маъракаро ба афзудани теъдоди маъюбон дар кишвар рабт медиҳад, ки бино ба омор, аз марзи 170 ҳазор нафар гузаштааст. Ба қавли ӯ, ин омор боиси нигаронии мақомот шудааст ва ҳам тахмин меравад, ки теъдоде аз маъюбон дар асл маъюб нестанд, аммо ба хотири нафақаи хуб худро маъюб сабт кардаанд.

Пироншоҳ Бодомаев гуфт, додани санади маъюбӣ на ба салоҳияти вазорати тандурустӣ, балки вазорати шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аст.

Ғарибшоҳ Сӯфишоев, сарвари раёсати масъули Хадамоти ташхиси тиббӣ – иҷтимоии ин вазорат иддаои мавҷудияти маъюбони қалбакиро рад кард. Вай афзуд, маъракаи солимгардонӣ бо нияти нек ва ба хотири беҳбуди вазъи маъюбон роҳандозӣ шудааст:

«Дар баъзе ҷойҳо гап шудааст, ки гӯё дар ин маърака маъюбияти касро боз медоштаанд. То ҳол ягон факт нест. Ин кор фақат барои ёрдами маъюбон аст. Ҳастанд онҳое, ки по надоранд, коляска додан даркор, чашм надоранд, протез кардан даркор, таёқ надоранд, таёқ додар даркор. Ба онҳо кӯмак мерасонанд. Масалан, ҳозир аз Ҳисор ҳашт нафарро ба беморхонаи чашм овардаанд, ки Худо хоҳад ҷарроҳӣ мешаванд.»

Баҳси созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ бо мақомот дар остонаи Рӯзи ҷаҳонии мубориза барои ҳуқуқҳои маъюбон сар зад, ки ҳамасола 5-уми май ҷашн гирифта мешавад.

Қаблан ин созмонҳо зимни нома ба ҳукумати Тоҷикистон даъват карда буданд, ки Эъломияи ҳуқуқи маъюбонро ба тасвиб расонад. Ҳоло 190 кишвари ҷаҳон ин Эъломияро ба тасвиб расондаанд. Аммо бо вуҷуди даъватҳои созмонҳои ҳуқуқи башар Тоҷикистон ҳанӯз иқдоме накардааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG