Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни нафақа: ҷайби маъюбон тиҳитар мешавад


Тоҷикистон ба ислоҳоти қонуни нафақа пардохтааст, ки бар асоси он ҳаққи бознишастагии маъюбон бар асоси маоши ҳадди ақал таъйин хоҳад шуд.

Ин иқдомро маъюбон ва коршиносон хилофи Қонуни асосӣ медонанд, вале мақомот мегӯянд, ки ин амал ба манзури ҷилавгирӣ аз фасод рӯи даст гирифта шудааст.

Ширинмоҳ Шоҳимардова, сокини маъюби 55- солаи Душанбе аз хабари ислоҳоти қонунгузории бознишастагии маъюбон нигарон шудааст. Ӯ дар маркази Душанбе дар манзиле ба сар мебарад, ки ҳамчунон дар ҳолати садама қарор дорад. Ширинмоҳ мегӯяд, интизори афзоиши ҳаққи бознишастагӣ ва гирифтани кӯмаки як созмони хайрия буд, ки ба ӯ ваъдаи кӯмак барои бозсозии хонаашро кардааст.

Ширинмоҳ мегӯяд, интизори ин ваъда буд, аммо акнун аз сарнавишти ҳазорон ҳамтақдири худ нигарон шудааст. Вай гуфт, "нархи ҳама чиз боло рафтааст. Ҳамагӣ 118 сомонӣ мегирам. Ҳар рӯз барои пули газу андоз меоянд. Барои пули барқу об меоянд. 118 сомонӣ чӣ мешавад? Мушкил аст зиндагӣ."

Ширинмоҳ момодояи ҳирфаист. Бо вуҷуди маъюбии модарзодӣ ӯ 25 сол таҷрибаи корӣ дорад. Пас аз он ки дар 10 соли пеш бознишаста шуд, боз ҳам ба ниёзмандон кӯмак мекард ва бар ивази он музде дарёфт мекард ва зиндагии худро сомон медод. Аммо акнун мегӯяд, қуввати кориаш намондааст.

"БА ИҚТИСОДИ КИШВАР ГАРОНӢ МЕКУНАД..."

Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ин ҳафта ба Қонуни шароити бознишастагӣ ислоҳот ворид кард. Бар асоси ин ислоҳот акнун минбаъд ҳаҷми маоши бознишастагии афроди маълул ва бидуни саробон, вобаста ба ҳадди ақалли маоши муқарраршуда дар кишвар таъйин хоҳад шуд. Ҳадди ақали маош дар Тоҷикистон феълан 80 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки то кунун нафақаи маъюбон аз рӯи дарсадии музди коре, ки онҳо то замони бознишастагӣ дарёфт мекарданд, таъйин мешуд.

Масъулони ислоҳоти ин тарҳ мегӯянд, барои таъмини маоши афроди бознишаста наздики як миллиард сомонӣ зарур аст, ки барои иқтисоди кишвар гаронӣ мекунад. Ба гуфтаи ин масъулон, аз 585 ҳазор нафар бознишаста, 11 ҳазору 500 нафарашон аз 400 то 1000 сомонӣ маоши бознишастагӣ дарёфт мекунад.

НОРОҲАТӢ ВА НИГАРОНИИ МАЪЮБОН

Дар ҳоле, ки мақомот ин ислоҳотро ба манзури мутобиқ гардонидани қонунгузорӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ арзёбӣ мекунанд, маъюбон аз ин кор нороҳат ва нигаронанд ва коршиносон ҳам мегӯянд, чунин таҷрибае дар қонунгузории байналмилалӣ роиҷ нест. Аммо дастандаркорони ин тарҳ мегуянд, феълан бо ҳар роҳу восита, аз ҷумла бо роҳҳои сохтани асноди пизишкии тақаллубӣ, афрод худро маъюб ва бознишаста мекунанд ва ҳаққи бознишастагии ҳангуфт мегиранд, ки хориҷ аз тавони пардохти буҷа мебошад.

Бек Қурбонов
Бек Қурбонов
​Бек Қурбонов, вакили Маҷлиси Намояндагон ва яке аз масъулони ин тарҳ мегуяд, як ҳадафи дигари ин ислоҳот ҷилавгирӣ аз фасод аст.

Аммо коршиносон ва таҳлилгарон ба ин боваранд, ки ин ислоҳот ҳеҷ умумияте бо қонунҳои байналмилалӣ надорад ва хилофи арзишҳои иҷтимоиест, ки ҳуқуқи байналмилал умдатан бар асоси онҳо шакл гирифтааст. Онҳо мегӯянд, ин иқдом мухолиф ба меъёри Қонуни асосии Тоҷикистон ва арзиши умумии ин қонун аст, ки Тоҷикистонро давлати иҷтимоӣ эълон кардааст.

"МАЪЮБОНРО БА ҲУКУМАТ ДУШМАН КАРД"?

Давлатмурод Ҷумъаев, раиси Анҷумани ҳимоят аз соҳибкорӣ мегуяд, ин иқдом на танҳо ба қонугузории байналмилалӣ, балки ба қонунҳои худи Тоҷикитсон ҳам мухолиф аст. Ӯ мегӯяд, "ин корро кадом мушовире кардааст, душмани на танҳо маъюбон, балки душмани худи ҳукумат аст. Инҳо бештар аз 100 ҳазор нафарро, ки ҳар кадоми он боз чандин хешу табор дорад, ба ҳукумат муқобил карданд."

Аммо масъулин мегуянд, ҳисоби миёнаи нафақаи маъюбон дар Тоҷикистон имрӯз 210 сомониро ташкил медиҳад ва камобеш агар 110 ҳазор маъюб бошад, аз ҳудуди 200 миллион сомонии барои онҳо ихтисододашуда, бештар аз нисфи онро тақрибан 11 ҳазор маъюбоне мегиранд, ки ҳаққи бознишастагияшон аз рӯи маоши баланд таъйин шудааст. Ба забони содатар маъюбони асосӣ ва модарзод, ҳаққи камтаре дарёфт мекунад, аммо касоне, ки саломатанд, тавони кор доранд, вале дар асноди пизишкӣ маъюб нишон дода шудаанд, ҳаққи бештаре мегиранд ва боз ҷои дигаре ҳам кор мекунанд.

МУХОЛИФАТИ КОММУНИСТҲО

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва узви порлумони кишвар
Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва узви порлумони кишвар
Коммунистҳои порлумон мухолифи ин тарҳ раъй доданд. Аммо ду овози онҳо чизеро ҳал накард. Коммунистҳо мегӯянд, андоз ба бунёди ҳифзи иҷтимоӣ аз рӯи маош муқаррар мешавад ва агар андоз аз рӯи маош муқаррар мешавад, пас бояд ҳаққи бознишастагӣ низ аз рӯи маош таъйин шавад ё бояд андоз ба ҳифзи иҷтимоӣ низ аз ҳисоби ҳадди ақали маош пардохт шавад.

Ислоҳи қонуни бознишастагӣ дар кишварҳои пешрафта, аз ҷумла дар Аврупо, аз баҳсбарангезтарин қонунҳост. Иқдом ба ислоҳи ин қонун гоҳҳо боиси тағйири ҳукуматҳо шудааст. Баррасии ин қонун моҳҳо ва солҳо дар порлумонҳои Аврупо тӯл мекашад ва гоҳҳо бидуни ҳал боқӣ мемонад. Аммо вакилони маҷлиси Тоҷикистон ин қонунро ба осоние, ки як донишҷӯ ё бознишаста билети троллейбусро сурох мекунад, қабул карданд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, аз вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар хостаст, ки барои табобати ройгони шаҳрвандони аз 80- сола болои кишвар ба таври қонунӣ иқдом кунад. Ин дар ҳолест, ки синни миёна дар Тоҷикистон 24 солро ташкил медиҳад.

Ин баҳс ҳоло идома хоҳад кард, қонун ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст. Ширинмоҳ Шоҳимардова маъюби танҳои гурӯҳи дуввум, ки борҳо барои кӯмак ба мақомот барои бозсозии боми хонааш муроҷиат кардааст, вале кӯмаке надидааст, умедвор аст, ки раисиҷумҳур ин қонунро вето хоҳад кард, то асли иҷтимоии давлат таъмин шавад.
XS
SM
MD
LG