Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдакони маъюби никоҳҳои хешутаборӣ


Ҷавонон ва духтароне, ки бо ҳам хешу таборанду мехоҳанд, ҳамсари якдигар шаванд, акнун пеш аз тӯй бояд як бори дигар ин тасмими худро дар мизони андеша баркашанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон пас аз таҳқиқи думоҳа дар вилояти Суғд изҳор дошт, ки 80 дарсади кӯдакони маъюб дар чунин хонаводаҳо ба дунё меоянд. Ва 15 дарсади хурдсолоне, ки аз бемориҳои мухталиф ҷон медиҳанд, аз никоҳҳои хешутаборӣ зода мешаванд.

Шералӣ Раҳматуллоев, сардори раёсати беҳдошти модар ва кӯдак дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон раиси як гурӯҳи махсуси пажӯҳишии ин ниҳод аст, ки якҷо бо мутахассисони варзида дар чанд ноҳияи вилояти Суғд тадқиқоти муфассал анҷом дод.

Вай мегӯяд: «Ин санҷиш нишон дод, ки 80 дарсади кӯдакони маъюб аз хонаводаҳое мебошанд, ки робитаи хешутабории наздик доранд ва кӯдаконе ҳам, ки аз
Шералӣ Раҳматуллоев
Шералӣ Раҳматуллоев
бемории қалб мемиранд, 50 фоизи онҳо аз оилаҳое ҳастанд, ки никоҳи хешутабории наздик доранд. Бештар аз ҳама дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғаффоров, Ғончӣ , Исфара ва Истаравшан никоҳи хешутаборӣ аст».

Ба қавли ҷаноби Раҳматуллоев, солҳои охир никоҳи хешутаборӣ дар Тоҷикистон зиёд шудааст, ки ин ба афзоиши кӯдакони ноқис ва бемор дар кишвар сабаб гашт. Агар як даҳсола пеш дар навоҳии вилояти Хатлон ва минтақаҳои водии Рашту Ҳисор никоҳи хешутаборӣ нисбатан кам ба мушоҳида мерасид, ҳоло на танҳо дар ин ҷойҳо, балки дар саросари кишвар талоши падару модарон ин аст, ки фарзандашон бо шахси наздикашон хонадор шавад.

Як ҷавон, ки ба духтари амаки худ издивоҷ кардааст, ба шарти ошкор нашудани номаш мегӯяд, натавонистааст, ба раъйи падари худ мухолифат варзад. Вай ҳоло соҳиби фарзанд нашудааст, аммо ҳам ӯ ва ҳам завҷааш нигаронанд, ки “меваи умр”-и онҳо сиҳату саломат ба дунё ояд, зеро намунаҳои ногувореро дар давру бари худ дидаанд.

Руқияхола Шарифова аз деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара мегӯяд: «Ҳамсояи мо ҷияни худаша келин кардагӣ, як дасташ инкишоф ёфтааст, вале дасти дигараш аслан сабз намешавад, назди духтур рафтанд, ташхис кардаанд, ки аз рӯи хешутаборӣ аст. Ин хел таваллудҳо дар Исфара беҳад зиёд аст. Ба хотири пулу мол шуда хеш ба хеш қудо мешаванд.»


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:43 0:00
Линки мустақим


Намояндаи комиссияи Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ки никоҳи хешутаборӣ бештар дар хонаводаҳои доро ба мушоҳида мерасад. Онҳо барои ҳифзи дороии худ кӯшиш мекунанд, фарзанди худро ба истилоҳ “ҷои бегона” надиҳанд ва аз ин тариқ молашон бегона нашавад. Бархеи дигар барои ин, ки духтарашон дар дасти бегона азоб накашад, домоди худро аз хешовандон интихоб мекунанд, ки дар натиҷа никоҳи амакдухтару тағоибача ва ё холабачаву аммабача ба таваллуди фарзанди ноқис сабаб мешавад.

Бо вуҷуди он, ки ҳанӯз дар давраи шӯравӣ талқин мешуд, ки издивоҷи наздикон натиҷаи бад медиҳад, аксари аҳолӣ онро як суннати қадимии мардумӣ медонанд ва пайравӣ мекунанд. Ҳоло таблиғоти расмии зидди чунин издивоҷҳо қариб ба назар намерасад ва рӯҳониёни тоҷик низ бо назардошти он, ки ислом никоҳи хешутабориро рад намекунад, ба ин масъала таваҷҷӯҳ намекунанд.

Зубайдуллоҳи Розиқ
Зубайдуллоҳи Розиқ
Зубайдуллои Розиқ, раиси Академияи улуми ҲНИТ мегӯяд, ки ислом танҳо никоҳи ширхораҳоро манъ мекунад ва дар мавриди ақди хешу таборӣ назари манфӣ надорад: «Никоҳи холаписару холадухтар ва ё амакдухтару амакписар ва ё аммаписарро худованд иҷоза медиҳад, агар ширхора набошанд, лекин кӯдаконе, ки бо нуқс ба дунё меоянд аз хонаводаҳое ҳастанд, ки падар ё модар майзада ва ё мӯътоди маводи мухаддир аст. Ислом ин амалҳои ношоистро маҳкум мекунад.»

Вале сардори Раёсати беҳдошти модар ва кӯдак дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон, Шералӣ Раҳматуллоев мегӯяд, ноқис ба дунё омадани фарзанд далелҳои илмӣ дорад ва такрори яксони бофтаҳои генетикии инсон ё дуруст пайванду омезиш наёфтани онҳо на танҳо ба нуқси ҷисмонӣ, балки зеҳнӣ низ сабаб мегардад. Ва агар бетаваҷҷӯҳии ҷомеа ба масъала идома кунад, ин раванд паёмадҳои хатарзо хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG