Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳарчанд дар Тоҷикистон қонуни таълими инклюзивӣ қабул шудааст, вале аксарияти кӯдакони имконияташон маҳдуд ба далели набуди шароити мусоид дар мактабҳо, аз таҳсил дур мондаанд.

Ҷамол Давлатов, роҳбари созмони ғайридавлатии «Некӣ» дар сӯҳбат ба РО гуфт, миқдори ниҳоят ками кӯдакони маълул ба таҳсил фаро гирифта шудаанд: «Бархе аз оилаҳое, ки кӯдакони имконияташон маҳдудро сарпарастӣ мекунанд, имконияти молии ба мактаб фиристодани кӯдакашонро надоранд. Инчунин чанд тан аз кӯдакони имконияти молиашон маҳдудро, ки мо сарпарастӣ мекардем, пас аз чанд вақт ба мактаб рафтан аз ҷониби ҳамсабақони солимашон хуб пазируфта нашуданд. Бинобар ин, онҳо дигар намехоҳанд ба мактаб раванд.»

Давлатов афзуд, ки кӯчаю роҳравҳои ҳатто шаҳри Душанбе барои гашту гузори Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

афроди имконияташон маҳдуд мувофиқ карда нашудааст. Инчунин мактабҳо низ бо пандус ва ҳоҷатхонаҳои махсус муҷаҳҳаз нашудаанд, ки кӯдакони имконияташон маҳдуд бароҳат машғули таҳсил шаванд.

Таҳмина Ҳайдаров, модари Хосият Турсуноваи 12-сола, ки ҷисман солим нест мегӯяд, фарзандаш пас аз қабули қонуни таълими инклюзивӣ дар мактаби ҳамагонии №35-и шаҳри Душанбе таҳсил мекунад: «Хосият худаш бисёр хоҳиши хондан дорад. Бинобар ин, мо ӯро ба мактаб бурдем. Зинапояҳои мактаб пандус ва барои аробачаи маъюбӣ роҳча надорад. Вале роҳбарияти мактаб барои хонандагони синфи 5-ум дар якум ошёна синфхона ҷудо карданд, то ки фарзанди ман таҳсил карда тавонад.»

Хонум Ҳайдарова ҳамчунин афзуд, ки вақте ҳар субҳ ӯ Хосиятро ба мактаб мебарад бо аробача ҳамсабақонаш ва ҳатто устодон барои убур кардани аробачаи вай аз зинапояҳо кӯмак мекунанд. Аммо Хосият яке аз ҳазорон кӯдаки имконияташ маҳдуд аст, ки дар мактаби маъмулӣ таҳсил мекунад.

Ҷамол Давлатов дар мавриди Рустами Нуралӣ-навраси дигар қисса кард, ки нуқси нутқ дорад ва роҳбарони бархе макотиби миёнаи пойтахт нахостанд ӯро ба мактабашон қабул кунанд. Танҳо пас аз дахолати додситонӣ, ӯ билохира имкони таҳсил дар мактаби маъмулиро пайдо кардааст: «Ягон мактаб ҳозир нашуд ин наврасро ба таълим фаро гирад. Раёсатҳои маорифи ноҳияҳои шаҳр низ кӯмак накарданд. Баъд модари Рустам ба прокуратура муроҷиат кард ва танҳо пас аз дахолати ин ниҳод, ӯ ба яке аз мактабҳо қабул шуд.»

Таҳсил дар мактаби кӯдакони имконияташон маҳдуд.

Таҳсил дар мактаби кӯдакони имконияташон маҳдуд.

Тибқи қонуни таълими инклюзивӣ, муаллимоне, ки дар синфашон кӯдакони имконияташон маҳдудро таълим медиҳанд маоши изофӣ бояд гиранд. Аммо Василий Чумак, устоди мактаби шумораи 21-и Душанбе, мегӯяд, ин имтиёз танҳо дар рӯи коғаз аст. Ин коғазбозии зиёд доштааст, ки барои масъулин як дарди сари зиёдатист ва барои ҳамин касе ба ҷалби чунин кӯдакон манфиатдор нест: «Аммо барои бо таълим фаро гирифтани чунин кӯдакон бояд мо усули таълимро дигар кунем. Барои онҳо дарсҳои махсус омода бояд кард. Инчунин меъёри таълим ба онҳо бояд таҳия ва қабул карда шавад. Чунки аз онҳо мисли кӯдакони солим намешавад дониш талаб кард.»

Тибқи иттилои Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, ҳоло дар ҷумҳурӣ 146 ҳазор нафар шахсони имконияташон маҳдуд ба сар мебаранд. Аз онҳо дувоздаҳуним ҳазор нафарашон кӯдакони то 16 солаанд, ки ниёз ба таълим дар мактабҳои миёна доранд. Вале аз ин шумор дар мактабҳои маъмулӣ ҳамагӣ 1798 кӯдак таҳсил мекунаду халос.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG