Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Тоҷикистон Конвенсияи ҳуқуқи маъюбонро имзо намекунад?


Бино бар омори расмӣ, теъдоди маъюбон дар Тоҷикистон ба 164 ҳазор нафар расидааст, ки 30 ҳазор нафари онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд.

Нигина Икромова, маъюби гурӯҳи якум аст. Ӯ бо аробачаи маъюбӣ ҳаракат мекунад ва бо он ки имкониятҳои ҷисмониаш маҳдуд аст, тавонист маълумоти олӣ гирад ва ҳам соҳиби чанд ҳунар гардад. Бо ин ҳам Нигина мегӯяд, ҳарчанд имрӯз қонунҳои амалкунанда баробарҳуқуқии шахсони маъюбро бо афроди солим таъмин мекунанд, боз ҳам пешорӯи онҳо монеаҳои сунъии зиёд эҷод мешаванд:

«Дар қонун омадааст, корхонае, ки аз 20 нафар зиёд коргар дорад, бояд 5 дарсади онро шахсони имкониятҳояшон маҳдуд ташкил намоянд. Лекин вақте ки ман борҳо барои кор ба маъмурияти корхонаҳо муроҷиат кардам, монеаҳои зиёд пеш оварданд. Баҳона меоварданд, ки маош кам аст, барои шумо басандагӣ намекунад. Чунки шумо бо «таксӣ» ҳаракат мекунед ва он маоши шумо намерасад барои чунин хароҷот».

Вале боз ҳам Нигина он қадар сарсахт буд, ки баъд аз чанд соли ҷустуҷӯй соҳиби кор ҳам шуд. Ӯ дар Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон мураббӣ шуд. Ҳоло ӯ ба бонувону духтарони маълул ва оилаи онҳо ҳунари дӯзандагӣ меомӯзонад. Нигина мегӯяд, қаблан барои аз як ҷо ба ҷойи дигар рафтан, зиёд азият мекашид,
Яке аз таълимгоҳҳо барои кӯдакони маълули тоҷик. Акс аз бойгонӣ.
Яке аз таълимгоҳҳо барои кӯдакони маълули тоҷик. Акс аз бойгонӣ.
еро нақлиёти шаҳр барои ӯ барин афрод пешбинӣ нашудааст. Ин аст, ки феълан барои интиқоли ӯву ҳамкоронаш мошини хизматӣ ҷудо шудааст. Вале ба гуфтаи Нигина, ӯ наметавонад, бевосита дар шаҳр сайругашт намояд, он роҳравҳое, ки солҳои охир махсус барои маъюбон сохта мешаванд, ба талабот ҷавобгӯ нестанд: «Барои он, ки агар ман хоҳам, ки дохили он бино гардам, мустақилона наметавонам ворид шавам. Зеро ҳамон пандус ё худ роҳраве, ки барои аробача сохта шудааст, хеле баланд аст.»

Дар ҳамин ҳол, Эсанбой Воҳидов, раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон дар суҳбат ба РО гуфт, ҳарчанд солҳои охир дар риояи ҳуқуқу манфиати маъюбон дар кишвар кори муайян, аз қабили таҳия ва қабули қонуни нав «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», тасдиқи Консепсияи миллии маълумоти инклюзивӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд, Қоидаҳои таъмини маъюбон бо муолиҷа дар шифогоҳҳо руйи даст гирифта шудааст, вале ҳоло ҳам мушкилоти зиёди ҳалношуда дар ин росто боқӣ мондааст.

Ӯ гуфт, ҳоло маъюбон бо вуҷуди нафақаи ночиз аз имтиёзҳои каме бархӯрдоранд: «Имтиёз фақат аз телефонии хонагӣ, 50 дарсад месупорем, аз сабабе ки ман худам 202 сомонӣ нафақа мегирам ва нафақаи ҳамсарам 140 сомонӣ аст, мо маблағи қувваи барқро 100 дарсад месупорем. Агар ба сари ҳар як аъзои оила 35 сомонӣ расад, вай камбизоат ҳисоб намешавад. Аз замини наздиҳавлигӣ андоз намесупорем, нақлиёт низ ройгон аст, вале афсус, ки баъзе вақт маъюбро дида, дар роҳ намеистанд.»

Рӯзи байналмилалии маълулон дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:15 0:00

Ахиран бо мақсади рафъи мушкили афроди имконияташон маҳдуд ва беҳтар намудани шароити зисти онҳо, дар Рӯзи байналмилалии маъюбон, ки 3-юми декабр аст, ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз ҳукумати кишвар даъват намуд, ки Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро ба имзо расонад. Марям Абор Югон, роҳбари минтақаии барномаи Тоҷикистон-Қирғизистони Ташкилоти фаронсавии «Ҳэндикап Интернейшнл», ки зери ин изҳорот имзо гузоштааст гуфт:

«Ин конвенсия ба маълулон имконият медиҳад, ки имтиёзҳои фаровонро барои табобат гирифтан, таҳсил, ҷойи кор, дастрасӣ ба иншооти кӯмакрасони маъюбон ва ҳоказо соҳиб гарданд. Хуллас он назари ҳукумат ва мардумро ба маъюбон тағйир хоҳад дод, зеро маъюбон низ узви комилҳуқуқи ҷомеа ҳастанд.»

Бузургмеҳри Равшан, ҳуқуқдони тоҷик
Бузургмеҳри Равшан, ҳуқуқдони тоҷик
Ин ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистон қариб тамоми маҷмӯи қарордодҳои байнулмилалии СММ-ро дар бахши ҳуқуқи башар ба имзо расонидааст ба ҷуз Конвенсияи ҳуқуқи маъюбон. Ин конвенсия феълан аз ҷониби 154 кишвари дунё ба имзо расида, миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил онро танҳо Тоҷикистону Белорус ба тасвиб нарасонидаанд.

Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқшиноси тоҷик дар робита гуфт: «Ҳукумат маблағи кофӣ надорад. Вақте ки вай ин конвенсияро ба тасвиб мерасонад, вай дар навбати худ дар назди ҷомеаи байналхалқӣ ӯҳдадорӣ мегирад. Ва дар ҳар як муддати муқарраршуда оид ба иҷро намудани бандҳои конвенсия ҳисоботи муайян медиҳад. Дар ҳоле ҳукумат дониста истодааст, ки вай умуман имконияте надорад, ки нафақагиронашро хӯронаду пӯшонад ва як маблағи муайян диҳад, пас бо ин талаботи конвенсияро иҷро карда наметавонад. Яъне он маблағҳои беандоза калонро талаб мекунад, ҳукумат, ки боварӣ ба баланд намудани сатҳи зиндагии нафақагиронро надорад, барои ҳамин қабул накарда истодааст ин конвенсияро.»

Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, Тоҷикистон ба ҷуз аз қабули ин конвенсия роҳи дигар надорад, зеро яке аз талабҳои аслии сармоягузорони хориҷӣ пазируфтани чунин санадҳои муҳими байналмилалист.
XS
SM
MD
LG