Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷавонони маълул, аммо ҳунарманд


Духтарони маълуле, ки ҳунари дӯзандагиро аз худ мекунанд

Духтарони маълуле, ки ҳунари дӯзандагиро аз худ мекунанд

Нигоҳе ба зиндагии духтарони маълул, ки бо вуҷуди нуқсҳои ҷисмонӣ ҳунарманданд ва зиндагияшонро таъмин мекунанд.

Зайтуна Розиқова, духтари 25-солаи тоҷик, ки бо асобағал роҳ мегардад, то имрӯз чун қаҳрамони варзиши навъи вазнбардорӣ маъруф буд.
Бар асоси омори расмӣ, дар Тоҷикистон беш аз 150 ҳазор афроди имконияташон маҳдуд ба сар мебаранд, ки беш аз 70 дарсади онҳо занону кӯдаконанд...


Ин духтари зебо ва аз нигоҳи аввал нозук, тавоноии боло бардоштани беш аз 100 кило вазнро дорад ва ғолибу иштирокчии чандин озмуну сабқатҳои байналмилалӣ аст.

Аммо барояш як шуғл кам буд, ки шаш моҳ қабл бо пеш омадани имконияти хубе, шуғли дӯзандагиро ҳам аз худ кард. Зайтуна, ки зоҳиран бо имконияти маҳдуди ҷисмониаш ниёзманди кӯмаки дигарон аст, аммо даҳҳо ҳамсолони солимашро ниёзманди ҳунари худ кардааст.

"НОНИ БЕМИННАТ"

Зайтуна Розиқова
Ӯ ҳоло муштариёни худро дорад ва бо ҳамин роҳ ба қавли худаш нонашро соҳиб шудааст: "Ҳоло метавонем мустақилона кор карда зиндагиамонро пеш барем. Пеш дар хона менишастем, ҳеҷ кас ба мо кӯмак намерасонид. Ҳоло мо худро таъмин мекунем ва бе миннат нонамонро меёбем."

Раъно Хоҷаеваи 21-сола, аз ҳамтақдирони дигари Зайтуна низ имрӯз метавонад барои худ ва дигарон куртаҳои зебои миллӣ таҳия кунад. Ӯ мегӯяд, вақте барои дӯхтани куртаҳояш ба хайётон муроҷиат мекард, бо ӯ бархӯрди муносибе надоштанд. Бо таваҷҷӯҳ ба асобағалу маълулиаш фикр мекардаанд, ки Раъно аз ӯҳдаи пардохти маблағи куртаи дӯхтаашон баромада наметавонад.

Аммо Раъно мегӯяд, ҳамеша талош кардааст, то дастнигари касе набошад, баръакс ба ҷомеа собит созад, ки надоштани пои равон барояш дар пайдо кардани мавқеъ дар ҷомеа миёни дигар ҳамсолонаш, ҳеҷ монеа намешавад.

"НОҚИС НАПИНДОРАМОН..."

"Дӯзандаҳо, ростӣ, бисёрашон беэтиборона ба ман назар мекарданд ва номус кардаму худам омӯхтам. Ман эҷодкор низ ҳастам ва дар ҳамин зимн як шеър навиштам, ки "Мо низ ай ҳамватан фардои миллатем, ноқис напиндорамон, мо ҳам қимматем." Яъне бисёриҳо фикр мекунанд, ки агар инсон аз ягон ҷиҳат нуқси ҷисмонӣ дошта бошад, ӯ ба ҷомеа чандон лозим нест. Вале мехоҳем ба дигарон нишон диҳем, ки мо низ аъзои лозимии ин ҷомеа ҳастем ва мо низ метавонем ба ҷомеаи худ, ба ватани худ хидмат кунем",-афзуд ӯ.

Бо Зайтуна ва Раъно, ин хайётони ҷавон ва дорои имконоти маҳдуди ҷисмонӣ дар Иттиҳодияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон сӯҳбат доштем. Бо ҳимояти ин марказ беш аз 30 духтари аз пой маҳруми тоҷик имкон ёфтанд, ки дар тӯли шаш моҳ касбҳои мухталиф, аз ҷумла дӯзандагӣ ва пазандагиро аз худ кунанд.

"ҲУНАРОМӮЗӢ АЗ КУНҶИ ХОНА БЕҲТАР АСТ"

Ниҳоко Мямото, раҳбари минтақавии Иттиҳодияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон мегӯяд, бо дар назардошти он ки дар Тоҷикистон миёни занон ин касбҳо маъруф ва фоидаовар аст, онҳо тасмим гирифтаанд дар доираи тарҳи вижае ин гурӯҳи духтаронро ба касбомӯзӣ фаро бигиранд ва бо ин роҳ дар беҳбудии вазъи зиндагии онҳо мусоидат кунанд.

Вай гуфт, "ҳадафи аслӣ беҳтар кардани шароити модии ин гурӯҳи занону духтарон буд. Мо мехостем тавассути ин лоиҳа занони маълулеро ҳам, ки дар кунҷи хона нишаста, ягон шуғле надоштанд, берун барорем, ба ҷаъмият ворид созем. Ҳоло бо дидани дастовардҳои духтарон хеле шод мешавем, чун акнун онҳо метавонанд, ба касе ниёзманд набошанд ва зиндагии худро тағйир диҳанду рангин созанд."

Бар асоси омори расмӣ, дар Тоҷикистон беш аз 150 ҳазор афроди имконияташон маҳдуд ба сар мебаранд, ки беш аз 70 дарсади онҳо занону кӯдаконанд.

АЗИЯТИ РАВОНӢ
Ҳоло Зайтуна тасмим дорад бо таъсиси як дӯкони дӯзандагӣ ҳамтоёни ҳунарманди худро ба кор ҷалб кунад. Ба қавли Зайтуна, барои аксари маълулон, ки аз сӯи афроди солим табъиз мешаванд, кор кардан дар муҳити ҳамтоёни худ роҳату осонтар аст...


Гуфта мешавад аксари наврасону ҷавонони ҷисман маълул, вале дорои ақли солим, орзуи дар қатори ҳамсолони дигари худ аз худ кардани касбу ҳунар ва соҳибмаълумот шуданро орзу доранд, аммо мушкилоти зиёде, аз ҷумла вазъи бади молии хонаводаҳо ва бетаваҷӯҳии волидон нисбат ба ояндаи онҳо, монеи амалишавии орзуи ҷавонони маълул мешавад.

Дар натиҷа онҳо дар миёни чаҳор девори хона, танҳо дур аз ҷомеа монда, зиндагиашонро якранг пушти сар мекунанд. Аммо Раъно Хоҷаева, маълули гурӯҳи аввал, аз таҷрибаи худ мегӯяд, ки дар танҳоӣ ҳамтақдирони ӯ аз ҷиҳати равонӣ бисёр азият мекашанд.

Онҳо худро ба қавле як бори барзиёд бар дӯши хонаводаи худ меҳисобанд. Раъно ба ҳамтақдиронаш машварат медиҳад, ки онҳо худ низ бояд мубориз бошанд ва барои роҳ ёфтан ба ҷомеаву тағйир додани чархи зиндагиашон талош кунанд.

Худи Раъно аз як ноҳияи дурдаст ба пойтахт омадааст. Пас аз хатми мактаби махсуси маълулон ӯ ба Донишгоҳи аграрӣ дохил мешавад ва ҳоло дар баробари дигар ҳамсолони солимаш ӯ соҳаи иқтисодро меомӯзад.

МУШКИЛИ ДИГАРИ МАЪЛУЛОН

Зайтуна Розиқова - духтари зебо, варзишгар ва ҳамакнун дӯзанда мегӯяд, дар рангин сохтани зиндагии духатрону ҷавонони маълул маҳз нақши волидони онҳо муҳим аст. Онҳо набояд фарзандони худро аз ҷомеа дур ва пинҳон нигоҳ доранд.

"Мехостам, модарон талош кунанд, ки фарзандонашон дар чунин давраҳои омӯзишӣ таҳсил кунанд, касб омӯзанд. Чун маълум аст, ки онҳо як умр бо фарзандони худ нестанд ва як умр онҳоро таъмину нигоҳубин карда наметавонанд",-мегӯяд Зайтуна.

Ҳоло Зайтуна тасмим дорад бо таъсиси як дӯкони дӯзандагӣ ҳамтоёни ҳунарманди худро ба кор ҷалб кунад. Ба қавли Зайтуна, барои аксари маълулон, ки аз сӯи афроди солим табъиз мешаванд, кор кардан дар муҳити ҳамтоёни худ роҳату осонтар аст.

Аммо ба гуфтаи ин мусоҳибонам баробари ворид шудан ба ҷомеа як мушкили дигар дар рӯ ба рӯи онҳо қарор мегирад. Ин ҳам мувофиқ набудани роҳраву сохтмон ва нақлиётҳои мусофирбари шаҳр, барои афроди маълул ва ё дорои имконоти маҳдуди ҷисмонӣ аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG