Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Тоҷикистон барои таҷлил аз Рӯзи маълулон як қатор барномаҳо дар назар гирифта шудааст.

Аз ҷумла бо ибтикори ҷамъияти маъюбони мавсум ба “Имконият” ва созмонҳои кӯмакрасон, намоишгоҳи маснуоти истеҳсолкардаи маъюбон доир мегардад.

Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ дарки ҳарчӣ бештари ҷомеа аз баробарҳуқуқ ва ҷудонашаванда будани афроди маълул унвон шудааст.

Бар асоси омор, феълан шумори афроди маълул, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранд, ба 160 000 нафар баробар будааст, ки аксари онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд. Дар шаҳри Душанбе теъдоди афроди маълул ҳудуди 12 ҳазор тан будааст.

Афроди маълул вобаста ба дараҷаҳои маъюбиашон аз бархе имтиёзҳо бархӯрдоранд. Вале ин афрод ҳанӯз ба ғамхории ҳар чӣ бештари ҷомеа ниёз доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG