Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷамъияти нобиноёни Душанбе мегӯяд, беш аз 60 дарсади афроди маҳрум аз биноӣ дар кишвар бе хатту саводанд.

Ба гуфтаи Холмаҳмад Тенгниев, раиси ҷамъияти нобиноёни шаҳри Душанбе, дар ҳоли ҳозир дар созмони онҳо ҳудуди 10 ҳазор нобино сабт шудааст, ки аз ин теъдод танҳо 3,5 ҳазор нафар аз ҳуруфоти брайл бархӯрдор будаанд. Ба қавли Тенгниев, онҳо талоши тарҷумаи китобҳо бо забони брайлиро доранд, вале бе хатту саводии аксари афроди нобино мушкилро боз ҳам печидатар кардааст.

"Бештари онҳо бинобар хидмати хирсонаи волидайн дар хона нишаста аз илму маърифат канор мондаанд. Хеле хуб мешуд, агар омӯзиши ҳуруфоти мазкур ба ин афрод, ки бо сабаҳои мухталиф ва ё вазъи иқтисодӣ дар макотиб таълим нагирифтаанд, ба роҳ монд шаванд",-илова кард ӯ.

Ба таъкиди масъулони ҷамъияти нобиноёни шаҳри Душанбе тавре таҷриба нишон медиҳад, афроди нобинои бехатту савод, маъмулан дар кунҷи хона қарор мегиранд ва ё ба шумораи афроди талбанда дар кӯчаву хиёбонҳои кишвар мепайванданд. Аммо ҳамзамон ин масъулон меафзоянд, афроди таҳсилдида аз миёни нобиноён дар созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳам муасисаҳои давлатӣ кам нестанд, ки саҳми худро дар рушди кишвар мегузоранд.

Матлуба Раҳимова

Матлуба Раҳимова

Матлуба Раҳимова, овозхони нобинои тоҷик, ки таҳсилдидаи мактаб - парваришгоҳ аст, мегӯяд, ҳоло ҳамсабақони ӯ чун ҳуқуқшинос, омӯзгор, санъаткор ва ҳам дар дигар риштаҳо фаъолият мебаранд. Ӯ афзуд, "баъзе аз волидайн аз мавҷудияти чунин муассисаҳо огаҳ нестанд. Аммо дар шуури теъдоди дигари онҳо ҳамеша як фикр аст, ки фарзанди мо дардманд аст ва то рӯзе ҳастем, кӯшиш мекунем ӯро парасторӣ намоем. Ҳатто мегӯянд, маъюб чӣ мешавад? Вале имрӯз мо дар ҷомеа аз ҳисоби нобиноён ва маълулон нафаронеро дорем, ки ба ҷомеаи лозиманд."

Феълан дар Тоҷикистон барои нафарони сустбину нобино чаҳор мактаб - парваришгоҳ фаъол будааст, ки дар маҷмӯъ ҳудуди 400 нафарро ба омӯзиш фаро гирифтааст. Аммо гуфта мешавад, агарчӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон шумораи атфоле, ки ба мушкили биноӣ гирифторанд, хеле зиёданд, аммо аксари волидайн аз шарм ва таънаи ҳамсояҳо намехоҳанд фарзанди худро ба ин муассисаҳо бидиҳанд.

Аз бойгонии "Озодӣ":



Бар илова, Хислатхӯҷа Пӯлодов, омӯзгори мактаб - парваришгоҳи шаҳри Исфара, ки 83 тарбиятгиранда дорад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба фарқ аз даврони Шуравии пешин ҳоло вазъи муассисаҳои мазкур ҷавобгӯи талабот нест ва имкони фароҳам овардани шароити беҳтарро барои чунин кӯдакон надорад. Ба назари Пӯлодов, маҳз ҳамин омил боис мешавад, ки волидайн парастории фарзанди маълулу нобинои худ дар хонаро нисбат ба парваришгоҳҳо афзалтар медонанд.

"Мактабе, ки ман бевосита дар он дарс мегӯям, соли 1987 таъсис шудаву он фақат маълумоти асосиро медиҳад, имрӯз танҳо аз ҳисоби буҷаи шаҳрӣ амал мекунад. Маблағҳои андаке, ки мактаб дорад, пурра имконияти ба таълиму тарбияи мувофиқ фаро гирифтанро надорад",-афзуд Пӯлодов.

Ҷалолиддин Амиров

Ҷалолиддин Амиров

Аммо дар ин миён ба иддаои масъулони вазорати маориф, бо талоши ҳукумати кашвар ва мусоидати ҳамин ниҳод, тамоми шароити мусоид барои таҳсили афроди маҳрум аз нерӯи босира дар мактаб - парваришгоҳҳо муҳайёст ва ҳатто барои ҷалби ин кӯдакон ба чунин муассисаҳо дар байни волидайн чорабиниҳои таблиғотӣ низ сурат мегирад. Ҷалолиддин Амиров, як маъсули вазорати маориф, мегӯяд, "ҳамагӣ як соли пеш қарори ҳукумати Тоҷикистон дар бораи "Таҳсилои инклюзивӣ", яъне таълими фарогир ба тасвиб расид. Дар доири он бо ҳадафи сарфаи маблағи чунини оилаҳо кӯдакони маълул дар мактабҳои ҷойи зисташон ба таълим ҷалб карда мешаванд. Дар ин мактабҳо ин кӯдакон бо китобҳои лозимӣ ва ҳатто компютеру таҷҳизоти мусоир таъмин карда мешаванд."

Дар ҳамин ҳол, масъулони ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон мегӯянд, вазорати маорифи кишвар то имрӯз барои беҳбудии таълими нафарони нобинову сустбин кадом кори назаррасеро анҷом надода, ҳамаи ин қарорҳо танҳо рӯи коғаз мемонанд. Ҳатто ба гуфтаи ин масъулон феълан дар ин ниҳод ҳатто мутахассисе мавҷуд нест, ки бо ҳуруфи брайл ошно бошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG