Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нобиноёни Кӯлоб симтӯр мебофанд


Намое аз шаҳри Кулоб
Намое аз шаҳри Кулоб

Дар маҳаллаи маъруф ба "Қориён”-и Кӯлоб омӯзиши симтурбофӣ ба нобиноён оғоз гардидааст.

Барои фаро гирифтан ба омӯзиш дар корхонаи таълимӣ-истеҳсолии ҷамъияти нобиноён, ки тоза бунёд шудааст, беш аз 50 нобино ҷалб гардидааст.

Комилҷон Юсупов, раиси «Корхонаи таълимӣ-истеҳсолии нобиноёни Кӯлоб» мегӯяд, ҳоло 11 нафар аъзоёни ҷамъият пас аз омӯзиш гирифтан аввалин симтурҳои бофтаи худро ба савдо гузоштаанд. Ба гуфтаи Комилов, ҳоло симтур аз серхаридортарин маҳсулотест, ки нобиноён ба хубӣ аз ӯҳдаи бофтани он мебароянд.

Ӯ мегӯяд, аллакай, барои харидории симтур аз ҷониби боғдорон дархост омадааст: “Ба қадри имкон корро сар кардаем. Боғбонҳо меоянд ва мепурсанд, ки мо арзонтар кори онҳоро тамом карда метавонем, ба мо фармоиш медиҳанд. Мо бояд дар корхона, инчунин ҷиҳози хобравӣ ҳам бидӯзем, аммо ҳоло барои мо ҳаминаш осонтар аст. Барои соҳилмустаҳкамкунӣ низ мехоҳем симтур бибофем.”

Корхонаи нобиноён дар Кӯлоб солҳои 70-уми асри гузашта бунёд шуда буд, аммо дар оғози солҳои 90-ум он комилан хароб гардид. Танҳо дар соли гузашта ба нобиноён имкон даст дод, ки сармоягузоронро ҷалб намуда, корхонаи худро дубора эҳё кунанд.

Нобиноёне, ки дар корхона ба омӯзиш ва фаъолият шурӯъ кардаанд, хеле хушҳоланд. Бароталӣ, яке аз он нобиноён аст, ки барои кор ва омӯзиш дар ин корхона номнавис шудааст. Ӯ мегӯяд, зиндагиаш хеле вазнин аст ва умед дорад, ки бо кор дар ин корхона, зиндагиаш беҳ хоҳад шуд.

Бароталӣ зиндагии худ ва дигар нобиноёнро, ки ҷои кор надоранд, мушкил арзёбӣ мекунад: “Бо фарзандонам, бо 232 сомонӣ нафақа зиндагӣ мекунем. Мушкил аст, лек илоҷ нест. Ҳамин нафақа мерасонд, лек дар сентябр ба писарам либос харидам ва қарздор шудам. Ҳоло қарзам ба 700 сомонӣ расидааст ва рӯз ба рӯз зиёд мешавад. Намедонам, аз куҷо онро бозпас медиҳам. Агар дар ҳамин корхона кор карда қарзро набарорам, дигар ҳеҷ роҳ нест.”

Санг Сафолов, раиси Ҷамъияти нобиноён мегӯяд, бо вуҷуде, ки аз ҷониби ҳукумат ба нобиноён имтиёз дода шудааст, аммо зиндагии онҳо мушкил аст. Ӯ мегӯяд, дар ҳоле ба нобиноён симтурбофиро омӯзиш медиҳанд, ки фарзандони онҳо дар ҳеҷ куҷое таълим намегиранд. Мактаби вижа барои нобиноён даҳ сол боз баста аст ва як насли нобино бидуни ҳифзи хати вижаи брайлӣ бузург мешаванд.

Ҷаноби Сафолов мегӯяд, ин ҳам як мушкили нобиноён аст, ки бояд ҳал шавад: “Мактаби шабона буд, онро бастанд. Ман руйхат кардам, ки беш аз 200 нобинои мактабхон ҳаст. Онҳо дар ҳеҷ ҷо намехонанд. Агар барои онҳо ягон мактаб ё интернат дар минтақаи Кӯлоб мекушоданд, хуб мешуд. Бисёр нохуб аст, ки насли мо бесавод мемонад ва ягон нафари онҳо ҳуруфоти брайлиро намедонад.”

Дар минтақаи Кӯлоб наздики 600 нобино ба сар мебарад. Ҳукумати шӯравӣ ба нобиноён дар Кӯлоб манзил сохта, барояшон ҷои кор муҳаё карда буд.

Аммо эҳёи дубораи корхонаи нобиноён дар ҳолест, ки аксари онҳо тариқи талбандагӣ рӯз мегузаронанд.
XS
SM
MD
LG