Пайвандҳои дастрасӣ

112 маъюби нобино дар шаҳри Қӯрғонтеппа шароити кору манбаи даромади молӣ пайдо кардаанд.

Сехи симтӯрбофию дӯзандагӣ ва бинои Маркази эҳёсозии иҷтимоии нобиноёни Қӯрғонтеппа, ки дар ду даҳсолаи ахир ҳоли хароб дошта, фанновариҳояш кӯҳнаву корношоям гардида, буд, ахиран бо кӯмаки моли сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон бозсозӣ шуд.
Маоши бознишастагии маълулони нобино ҳадди ақалл 80 ва ҳадди аксар 160 сомониро ташкил медиҳад...


Такуя Тамаи, корманди масъули намояндагии дипломатии Ҷопон дар Душанбе, ба радиои Озодӣ гуфт, ҳукумати кишвараш дар чаҳорчӯби кӯмакҳо ба бахши аъзами аҳолӣ барои бозсохти маркази нобиноёни Қӯрғонтеппа ва коргоҳҳои онон наздик ба 75 ҳазор доллари амрикоӣ кӯмаки билоиваз ироа кардааст.

КӮМАКИ ҶОПОН

Такуя Тамаи
Вай ҳамчунин гуфт: "Тавассути "лоиҳаи дастгирии шароити худтаъминкунӣ барои одамони дорои нуқсонҳои узви босира дар Қӯрғонтеппа" бинои маркази нобиноён таъмир шуд ва таҷҳизоти нави дӯзандагӣ, компутарҳо ва ҷиҳози корӣ таъмин гардид. Ҳамин тавр, даҳҳо нафари нобино бо ҷойи кор таъмин гардида, шароити беш аз 600 нафар маризони узви чашм ва аъзои хонаводаи онҳо беҳтар карда хоҳад шуд."

Ҷаноби Тамаи афзуд, қарор аст дар оянда ҳам ҳукумати Ҷопон барои беҳсозии шароити зиндагӣ ва кори табақаҳои ниёзманд ва маълулони Тоҷикистон кӯмакҳои молӣ ихтисос бидиҳад.

Умар Ёров, сарвари маркази эҳёсозии иҷтимоии ҷамъияти нобиноёни Қӯрғонтеппа, гуфт, дар ҳоле ки феълан даҳҳо ҳазор сокинони сиҳатманду қобили кор дар минтақа бекор ва бидуни даромади молӣ будаанд, доштани кори бомузд орзуи қариб тамоми афроди маълул мебошад.

ТАНҲО МАНБАИ ДАРОМАДИ НОБИНОЁН

Умар Ёров
Вай афзуд, дар гузашта муроҷиатҳои батакрори ҷамъияти нобиноён ба мақомоти расмӣ дар мавриди бозсохти сехи симтӯрбофии нобиноён ва таъмини шароити корӣ барои беморони узви босира бенатиҷа буданд.

Аммо ҳоло, ки ин коргоҳҳо бо сармояи хориҷӣ навсозӣ шуданд, барои даҳҳо афроди нобиёнои қобили кор манбаи хуби даромад хоҳанд шуд: "Агар маркази моро қабл аз бозсозиаш медидед, мефаҳмидед, ки мо дар чигуна шароити хеле ногувор кор мекардем. Сехи симтӯрбофӣ қариб тамоман аз кор бозмонда буд. Аксари дастгоҳҳои корхонаи мазкур кӯҳнаву фарсуда шуда буданд ва биноан, ҳаҷми кор ҳам каму шумори кормандонаш низ аз ҳисоби афроди нобино коҳиш ёфта буд. Аъзои ҷамъияти нобиноён дар ин ҷо танҳо барои ҷамъомаду сӯҳбатҳо ҷамъ омада метавонистанду халос. Ҳатто баъзе нобиноёни бехона дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекарданд. Ҳоло шароитамон хуб шудааст ва ҳама хеле шоданд. Мо дар сехи симтӯрбофӣ ба 18 нафар нобино ҷойи кор муҳайё кардем, ки маоши моҳонаашон то 500-600 сомониро ташкил хоҳад дод."

Ҷаноби Ёров афзуд, қарор аст ояндаи наздик ҳамчунин сехи пахтатозакунӣ, ки низ ҳоли хароб доштааст, дубора корандозӣ ва боз барои чандин маълули нобино ҷойи кор муҳайё бишавад. Аммо Бобишо Мирзоев, раҳбари сехи дӯзандагии маркази нобиноён, мегӯяд, дар ин корхонаи навбунёд ҳам 8 зани маризи узви босира ба кор ҷалб шудаанд. Вай гуфт, дар ин сех асосан сарулибоси корӣ барои кормандони идораҳои коммуналӣ ва мақомоти низомӣ таҳия мешавад.

НАФАҚАИ НОЧИЗ

Ҳоло дар ҷамъияти нобиноёни шаҳри Қӯрғонтеппа 213 маризи узви босира сабтином шудаанд. Аммо масъулони Маркази барқарорсозию эҳёкунии нобиноёни Қӯрғонтеппа мегӯянд, шумораи аслии нобиноён метавонад бамаротиб бештар аз арқоми расмӣ бошад.

Нобиноёни Қӯрғонтеппа
Ҷаноби Мирзоев афзуд, бо ин вуҷуд ки бахши аъзами маълулони нобино тавони кор кардан дар корхонаву муассисаҳоро доранд, на ҳамеша барои худ ҷойи кор пайдо мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, "азбаски дар паси маълумотномаи маълулони гурӯҳи 1 ё 2 менависанд, ки корношоям аст, муассисаҳо ба ҳар баҳона аз қабули онҳо ба кор худдорӣ мекунанд."

Ба иттилои Маркази нобиноёни Қӯрғонтеппа, ки аз соли 1957-ум ба ин сӯ ба беморони узви босира шароити омӯзиши ҳунарҳо ва ҷойи кори бомузд медиҳад, ҳоло дар водии Вахш наздик ба 950 маризи узви босира ба сар мебаранд ва танҳо камтар аз 10 дарсад аз ин шумора манобеи мавсимии даромади молӣ доштаанду халос.

Ин ҳам дар ҳолест, ки маоши бознишастагии маълулони нобино ҳадди ақалл 80 ва ҳадди аксар 160 сомониро ташкил медиҳад. Аммо, ба иддаои масъулони ҷамъияти нобиноёни Қӯрғонтеппа, барои таъмини иҷтимоӣ ва муолиҷаи афроди нобино ин маблағ бисёр ночиз будааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG